Фонетика – овошиноси ва вазифаҳои он

Фонетика чист ва чиро мефахмонад? Имло чист? Вазифахои фонетика – овошиноси ва дигар маълумотхо дар ин саҳифа >>

Мо ҳангоми чизеро ба касе фаҳмондан андешаю фикрамонро ба воситаи ҷумла ифода менамоем. Ҷумлаҳо аз калимаҳо, калимаҳо аз ҳиҷоҳо ва ҳиҷоҳо аз овозҳо иборатанд. Масалан, ҷумлаи «Падарам омад» аз ду калимаи бо ҳам алоқаманд (падарам, омад) ташкил шудааст. Ин калимаҳо ба ҳиҷоҳои па-да-рам о-мад ҷудо шуда,  овозҳои п, а, д, а, р, а, м   о, м, а, д  -ро дар бар мегиранд.

Фонетика чист? Фонетика як соҳаи илми забоншиносӣ буда, ҷиҳати овозии онро меомӯзад. Ҷиҳати овозии забонро овозҳои нутқ, ҳиҷо, зада ва оҳанг ташкил медиҳанд. Фонетика аз калимаи юнонии фоне – овоз гирифта шудааст.

Имло чист? Имло қоидаҳои дуруст навиштани калимаҳоро меомӯзад.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Матн чист? Маълумот дар бораи матн

ҚаблӣМир Алишери Навоӣ
БаъдӣДастгоҳи гуфтор ва вазифаҳои он. Ҳосилшавии овозҳои нутқ