Замони нав (сиёсатшиноси)

Дар замони нав на танҳо ташаккули консепсияҳои шаҳрвандӣ идома дода мешаванд, балки аввалин маротиба консепсияҳои иҷтимоии сиёсат ба вуҷуд меоянд. Дар ин марҳила ақидаҳои сиёсӣ дар доираи илмҳои давлатшиносӣ ва ҳуқуқшиносӣ ташаккул меёбанд. Дар ин давра муҳаққиқон аввалин маротиба ба сабабҳои пайдоиши ҷомеаи инсонӣ ва давлат таваҷҷуҳ зоҳир намудаанд. Инчунин, ташаккулёбии муносибатҳо дар миёни одамон, ҷомеа ва давлат диққати онҳоро ба худ ҷалб менамуд. Дар ин марҳилаи рушду инкишофи ақидаҳои сиёсӣ аввалин маротиба назарияҳои шартномаи ҷамъиятӣ, баробарии ҳуқуқҳои табиии одамон (баробарҳуқуқӣ), тақсими ҳокимият ба шохаҳо, идораи конститутсионии давлат ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ба вуҷуд оварда мешаванд. Намояндагони машҳури ин давра Томас Гоббс, Ҷон Локк ва Шарл Луи Монтеске мебошанд.

Яке аз намояндагони машҳури назарияи шартномаи ҷамъиятӣ мутафаккири англис Томас Гоббс (1588-1679) мебошад. Ӯ дар таълимоти худ сабабҳои пайдоиши давлатро асоснок намуда, ҳокимияти давлатиро барои танзими «ҳолати табиӣ»-и одамон зарур мешуморад. Ба андешаи ӯ, дар ҳолати табиӣ «ҷанги ҳама ба муқобили ҳама» ҳукмфармо мебошад. Давлат ташаккулдиҳандаи «ҳукмронӣ ва тобеият» буда, бо мақсади таъмини сулҳи ҳамагон ба вуҷуд оварда мешавад. Андешаҳои фалсафию сиёсии Т.Гоббс дар асари аввалини ӯ «Асосҳои ҳуқуқ» баён гардидаанд. Ӯ дар ин асар ҳам ба масъалаи инсон ва ҳам ба масъалаҳои сиёсӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуда, афзалияти ҳокимияти мутлақро ҷонибдорӣ намудааст. Дар мулоҳизарониҳои худ меъёрҳои асосии ҳуқуқи табиӣ ва дар заминаи шартномаи ҷамъиятӣ пайдо гардидани давлатро дар мадди аввал мегузорад. Каме дертар китоби навбатии ӯ бо номи «Левиафан» ба табъ мерасад. Левиафан аз рӯйи сохтор ва мундариҷаи худ ба чор қисм тақсим карда шудааст: таълимот дар бораи инсон, назарияи моҳият ва пайдоиши давлат, танқиди ҳокимиятхоҳии ибодатхонаҳо ва мустақилияти давлат.

Т.Гоббс ҷонибдори монархияи мутлақ буд ва боварии комил дошт, ки ин навъи идоранамоӣ қодир аст дар ҷомеа тартиботро ҷорӣ намуда, ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандонро таъмин созад ва барои одамон бехатарии рафтореро, ки қонунҳо иҷозат додааст, кафолат диҳад. Ӯ дар таълимоти худ истиқлолияти мутлақи давлатро асоснок намуда, қайд менамояд, ки пеш аз пайдоиши давлат дар ҷомеа «ҷанги ҳама ба муқобили ҳама» ҳукмфармо буд. Бинобар ин, одамон бо мақсади таъмини амнияти худ ва ба даст овардани сулҳи шаҳрвандӣ ихтиёран ҳуқуқ ва озодиҳои худро маҳдуд намуда, қисме аз онҳоро дар ихтиёри сарвари давлат мегузоранд. Сарвари давлат дар шартнома иштирок намекунад ва ҳеҷ гуна уҳдадориро бар дӯш надорад. Зеро дар мисоли назарияи Т.Гоббс шартнома дар миёни худи шаҳрвандон баста шудааст ва уҳдадорӣ бар дӯши онҳост. Ҳамин тариқ, ба андешаи Т.Гоббс давлат натиҷаи ризоияти ихтиёрии шаҳрвандон буда, дар шароити мавҷудияти он одамон то як андоза аз ҳуқуқ ва озодиҳои худ маҳрум мегарданд.

Намояндаи дигари замони нав Гуго Гротсий (1583-1645) мебошад. Ӯ дар таълимоти худ давлатро иттиҳоди ихтиёрии одамони озод муаррифӣ намуда, ҳифзи моликияти хусусӣ ва ҳимояи фоидаи умумро сабабҳои асосии пайдоиши он медонад. Ӯ аввалин шуда ба таҳқиқи ҷанбаҳои ҳуқуқии ҳаёти байналхалқӣ машғул мегардад ва аз ин рӯ, ӯро баъзан «асосгузори ҳуқуқи байналхалқӣ» меноманд. Ӯ дар самти баррасии масъалаҳои ҷангу сулҳ саҳми арзанда гузоштааст. Г.Гротсий ҷангро раванди муқаррарии ҳуқуқи табиӣ муаррифӣ намуда, онро ба ду навъи асосӣ ҷудо менамояд: боадолат ва беадолат. Ба андешаи ӯ, ташаббускорони ҷангҳои ғасбгароёна нисбат ба оқибати амалҳои ҳарбии худ дар назди ҷомеаи байналхалқӣ ҷавобгариро бояд эҳсос намоянд ва муносибатҳои байналхалқӣ бошанд, бояд дар асоси меъёри баробарӣ ва ҳамкорӣ ташкил карда шаванд. Чунин ҳолат танҳо дар шароити барқарор намудани ҳуқуқи байналхалқӣ имконпазир мебошад.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Рушди минбаъдаи афкори сиёсӣ дар таълимоти сиёсии мутафаккири англис Ҷон Локк (1632-1704) мушоҳида мегардад. Ҷ.Локк низ як қатор масъалаҳои сиёсиро аз мавқеи шартномаи ҷамъиятӣ баррасӣ намудааст. Ба андешаи ӯ, то пайдоиши давлат одамон дар «ҳолати табиӣ» ва баробарҳуқуқӣ умр ба сар мебурданд. Баъди вайрон гардидани баробарҳуқуқии одамон онҳо маҷбур мегарданд, ки барои ҳалли баҳсу муноқишаҳои баамалоянда дастгоҳи махсуси идоранамоиро ба вуҷуд оваранд. Бинобар ин, одамон маҳз ба хотири ҳимояи баробарҳуқуқӣ, озодӣ ва ҳуқуқҳои шахсии худ барои ба вуҷуд овардани давлат бо як гурӯҳ одамон, ки намояндагони ҳокимияти олӣ шинохта мешаванд, шартнома мебанданд. Дар назарияи шартномаи ҷамъиятии Ҷ.Локк шартнома на дар миёни худи шаҳрвандон, балки миёни онҳо ва ҳокимон баста мешавад, ки дар чунин шароит ҳарду ҷониб уҳдадориҳои муайянро бояд иҷро намоянд.

Ҷон Локк бо мақсади суиистифода нагардидани ҳокимият тақсими ҳокимияти давлатиро ба се шоха зарур мешуморад. Ӯ шаклҳои мухталифи давлатро аз ҳам фарқ намудааст, аммо ба ҳеҷ яке аз онҳо афзалияти бештар надодааст. Ба андешаи ӯ, меъёри асосӣ барои ҳар як давлат риояи қонунҳо мебошад. Ӯ қайд менамояд, ки «дар ҷое, ки қонун нест, дар он ҷо озодӣ низ вуҷуд дошта наметавонад».

Яке аз намояндагони машҳури ин давра мутафаккири фаронсавӣ Шарл Луи Монтеске (1689-1755) мебошад. Ӯ дар таълимоти сиёсии худ, пеш аз ҳама, ба омилҳои ҷуғрофии давлатдорӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир намуда, қайд менамояд, ки моҳияти давлат на танҳо аз шакли идоракунӣ, балки аз як қатор омилҳои ҷуғрофӣ низ вобаста мебошад. Аз ҷумла, замин, иқлим, релеф, ҳудуд ва монанди инҳоро ӯ ба омилҳои ҷуғрофӣ дохил намудааст. Ӯ аз анъанаҳои Арасту пайравӣ намуда, шаклҳои идоранамоиро аз рӯйи шумораи ҳукмронон ба се навъи асосӣ ҷудо намудааст: республика, монархия ва деспотия. Монтеске деспотияро ҳамчун шакли бадтарини идоракунӣ эътироф намуда, мавриди танқиди шадид қарор медод. Ӯ ғояи озодии сиёсиро ташаккул дода, таъмини бехатарии шаҳрвандонро вазифаи асосии давлат мешуморид ва амалӣ гардидани чунин андешаҳои худро дар давлати ҳуқуқӣ имконпазир медонист. Бинобар ин, Монтеске ғояи тақсими ҳокимият ба шохаҳои қонунгузор, иҷроия ва федеративиро пешниҳод намуда, мустаҳкам намудани мавқеи онҳоро дар конститутсия зарур мешуморид. Ба ақидаи ӯ, ҳокимияти федеративӣ на танҳо вазифаи адолати судиро иҷро менамояд, балки ҳалли масъалаҳои муносибатҳои байналхалқиро низ ба дӯши худ мегирад. Ғайр аз ин, Монтеске бо мақсади маҳдуд намудани ҳокимияти монарх барои ташкили намояндагии мардумӣ даъват ба амал меорад. Бояд гуфт, ки ҳамаи андешаҳои сиёсии Монтеске дар Эъломияи ҳуқуқи инсон ва шаҳрванд, ки соли 1789 қабул гардида буд, ҷой дода шуда буданд ва дар солҳои минбаъда асоси конститутсияҳои Фаронса, ИМА ва як қатор давлатҳои дигарро ташкил намудаанд.

Яке аз намояндагони машҳури ин давра мутафаккири дигари фаронсавӣ Волтер (Франсуа Мари Аруэ) мебошад. Ӯ дар таълимоти сиёсии худ бештар ба масъалаҳои баробарӣ, озодӣ ва моликияти хусусӣ таваҷҷуҳ зоҳир намудааст. Аммо арзишҳои мазкур дар таълимоти ӯ ба таври нобаробар шарҳу тавзеҳ меёбанд. Баробариро ӯ танҳо дар соҳаи моликияти хусусӣ дидан мехост ва маҳдуд намудани ҳуқуқҳои сиёсии камбизоатонро ҷонибдорӣ менамуд. Аз шаклҳои алоҳидаи озодӣ бошад, озодии сухан, виҷдон ва нашриётро ҷонибдорӣ намуда, дар соҳаи сиёсат бошад ба таври ҳатмӣ эътироф намудани тартиботи мавҷударо зарур мешуморид.

Волтер яке аз намояндагони фаъоли гузаронидани ислоҳот ба шумор рафта, зарурияти ба созиш омадан бо шакли идоракунии монархиро ҳатмӣ мешуморид. Ӯ дар таълимоти худ бештар ба масъалаи рушди ҷамъиятӣ таваҷҷуҳ намудааст. Бо ин мақсад ӯ қайд менамояд, ки одамони камсавод ва каммаърифат дар самти таъмини рушди ҷамъиятӣ монеаи ҷиддӣ мебошанд. Бинобар ин, монархияи маърифатӣ бо сарварии подшоҳи оқил барои Волтер давлати идеалӣ маҳсуб меёбад. Ҳаёти одамон дар чунин давлат бояд ба воситаи конститутсия танзим карда шавад. Ӯ сохтори феодалӣ, имтиёзҳои табақавӣ, деспотизми давлатӣ, фишори калисои католикӣ, ахлоқи шахшудаи феодализм, худсарии додгоҳӣ барин масъалаҳои ҳаёти ҷамъиятиро ба таври шадид танқид намуда, бо озодбаёнӣ ва суханҳои тезутунди худ машҳур мегардад.

Дар миёни маорифпарварони Фаронса мутафаккири дигари ин давра Жан-Жак Руссо (1712-1778) бо андешаҳои пешқадамонаи худ мавқеи махсусро ишғол менамояд. Ж.Руссо дар асарҳои худ «Мулоҳизаронӣ дар бораи пайдоиши нобаробарӣ дар миёни одамон» ва «Дар бораи шартномаи ҷамъиятӣ» андешаҳои сиёсии худро баён намудааст. Ӯ низ анъанаҳои мутафаккирони ин давраро ташаккул дода, дар навбати аввал, ба масъалаи пайдоиши давлат таваҷҷуҳ зоҳир менамояд. Бо ин мақсад ӯ ба таҳқиқи «ҳолати табиӣ»-и одамон машғул гардида, онро давраи хушбахтии одамон муаррифӣ намудааст. Зеро ба андешаи ӯ, дар он давра дар миёни одамон нобаробарии иҷтимоӣ дида намешуд ва озодии мутлақ ҳукмрон буд. Ба ақидаи ӯ, шартномаи ҷамъиятӣ боиси пайдоиши давлат гардида, дар миёни одамон нобаробариеро ба вуҷуд овардааст, ки он ба фоидаи сарватмандон мебошад. Руссо хеле хуб мефаҳмид, ки баргашт ба қафо номумкин аст ва аз ин рӯ, ӯ пешниҳод менамояд, ки барои барқарор намудани озодӣ ва баробарӣ шартномаи нав бастан лозим аст. Мувофиқи шартномаи ҷадид давлат иттиҳоди шаҳрвандони озод ба шумор рафта, ҳокимият ба халқ бояд тааллуқ дошта бошад. Дар заминаи андешаҳои мазкур Руссо консепсияи суверенитети халқиро ташаккул додааст. Ба ақидаи ӯ, ҳеҷ як парлумон наметавонад манфиатҳои халқро ифода намояд, бинобар ин ҳар як қонун бояд аз ҷониби халқ қабул гардад, аммо онҳоеро, ки халқ интихоб менамояд, танҳо ба иҷроиши қонунҳо бояд машғул гарданд. Дар назди қонунҳои қабулшуда ҳама бояд баробар бошанд.

Руссо масъалаи нобаробариро таҳлил намуда, нобаробарии табиӣ ва иҷтимоиро аз ҳам фарқ намудааст. Ба андешаи ӯ, нобаробарии табиӣ аз одамон вобаста набуда, фарқиятҳои табиӣ, ақлӣ ва ҷисмонии одамонро ифода менамоянд. Аммо нобаробариҳои иҷтимоиро худи одамон ба вуҷуд меоваранд. Руссо таъкид менамояд, ки нобаробариҳои иҷтимоӣ доимӣ набуда, онҳоро то андозае аз байн бурдан мумкин аст. Ба андешаи ӯ, маҳдуд намудани ҳуқуқ ба моликияти хусусӣ яке аз роҳҳои асосии ҳимояи манфиатҳои гурӯҳҳои мухталифи иҷтимоӣ мебошад. Ҳамзамон, ӯ таъкид менамояд, ки моликияти хусусии хурд, ки аз меҳнати фардӣ бармеояд, асоси мавҷудияти ҷомеа мебошад.

Руссо меъёри тақсими ҳокимият ба шохаҳои алоҳидаро инкор намуда, қайд менамояд, ки ҳокимияти олӣ тақсимнопазир мебошад ва қонунҳое, ки аз ҷониби он қабул мегарданд, барои ҳама ҳатмӣ мебошанд. Ба андешаи ӯ, аристократияи интихобӣ шакли беҳтарини идоранамоӣ мебошад. Аммо шаклҳои идоранамоиро Руссо аз муҳити ҷомеа, зичии аҳолӣ ва ҳудуди мамлакат вобаста медонад. Бинобар ин, монархия барои давлатҳои бузург, аристократия барои давлатҳои дорои ҳудуди миёна ва демократия барои давлатҳои хурд тавсия карда мешавад. Танқиди нобаробарии иҷтимоӣ ва идеяи ҳокимияти халқ дар ташаккулёбии шуури инқилобии Фаронса таъсири амиқ расонидааст.

ҚаблӣДавраи Эҳё
БаъдӣАфкори сиёсии сотсиалистони утопиявӣ