Графикаи компютерӣ. Тобишҳои рангӣ

Технологияи  коркарди  иттилооти графикӣ. Графикаи  компютери. Тобишхои  ранги.


Графиксозии компютерӣ яке аз самтҳои замонавии татбиқи технологияи иттилоотӣ ба ҳисоб рафта, аз он на танҳо рассомон ё дизайнерони касбӣ, балки ҳар нафари хоҳишманд низ метавонад бо ёрии компютери фардӣ ба таври васеъ истифода барад.

 ЭЗОҲ: Дизайн (англ. design) – сабк ё санъати оройишдиҳӣ. Дизайн (лот. designare) – ченкунӣ. Дизайнер – муҳандис-тарҳкаш, оройишгар, зебоисоз.

Дарвоқеъ, имрӯз ягон соҳаи иқтисодиёт, илм, маориф, тандурустӣ, кишоварзӣ, хизматрасонӣ ё корхона, идора, муассиса, ташкилот ва созмони алоҳидаеро номбар кардан мушкил аст, ки аз ин ё он имконият ё дастоварди графиксозии компютерӣ баҳравар нагашта бошад. Татбиқи одитарини технологияи графики компютериро дар маводди нашрии рӯзномаҳо, маҷаллаҳо, варақаҳо, буклетҳо ва ғайра дидан мумкин аст. Агар ширкатҳои бузург дар бисёр мавридҳо ҳалли масъалаҳои оройишӣ ва графикии худро бар дӯши хадамотҳои махсуси дизайнерӣ вогузор намоянд, пас ширкатҳои нисбатан хурдтар ҳалли чунин масъалаҳоро асосан бо ёрии нармафзорҳо ба роҳ мемонанд.

Дар замони муосир қариб 90%-и вақти барномарезони касбиеро, ки ба эҷоди барномаҳои татбиқии истифодаи умум машғуланд, маҳз графиксозии компютерӣ банд менамояд. Масалан, бе истифодаи графикаи компютерӣ ягон барномаи чандрасонаӣ кор карда наметавонад. Яъне графикаи компютерӣ ба ҷузъи таркибии барномаҳои чандрасонаӣ табдил ёфтааст. Корхонаҳои рекламавӣ, матбааҳо ва нашриётҳо низ фаъолияти эҷодии худро дар заминаи барномаҳои графикӣ ба роҳ мондаанд.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Зарурияти истифодаи васеи воситаҳои барномавӣ-графикии муосир аз бисёр ҷиҳат ба рушди бемайлони Интернет алоқамандӣ дорад. Дар ин раванд махсусан саҳми торнигори ҷаҳонӣ (WWW), ки дар шабакаи саросарӣ даҳҳо миллион Web-сафҳаро бо дизайнҳои дилкаш ва нотакрор пайваст намудааст, хеле назаррас мебошад.

Ҳоло барои татбиқи графики компютерӣ теъдоди зиёди нармафзорҳо рӯйи кор омадаанд. Ин барномаҳо метавонанд тавассути ягон системаи амалиётии мушаххас мавриди истифода қарор дода шаванд. Принсипи графиксозӣ (расмкашӣ, оройиш ва ғайра) низ дар ин барномаҳо метавонанд аз ҳамдигар фарқ дошта бошад. Инъикоси тасвирҳои бо ёрии онҳо сохташуда дар экрани монитор ва чопи онҳо дар коғаз ҳам метавонанд моҳиятан аз ҳамдигар ба куллӣ фарқ кунанд.


Хусусиятхои форматхои графики

Хусусиятҳои форматҳои графикӣ. Тавре медонем, дар санадҳо иттилооти дилхоҳ дар шакли пайдарпайии байтҳо нигоҳ дошта мешавад. Ҳар як байт метавонад қиматеро аз фосилаи 0 то 255 қабул кунад. Тарзи тасвири иттилоотро бо ёрии пайдарпайии байтҳо формати парванда меноманд. Пас формати графикӣ – ин тарзи тасвири иттилооти графикӣ мебошад. Тарзҳои ифода кардани тасвирҳои графикӣ ба имкониятҳои амалиётии виройишгар, чопгар ва ҳаҷми хотираи компютер таъсир мерасонанд. Дар ҳолати умумӣ аз се навъи рамзбандии иттилооти графикӣ истифода мебаранд: растрӣ, векторӣ ва фракталӣ

Ҳангоми истифодаи формати растрии графиксозӣ андозаи тасвири дар экран инъикосшаванда ҳам аз рӯйи самти уфуқӣ (width – аз чап ба рост) ва ҳам амудӣ (height – аз боло ба поён) ба

росткунҷачаҳои хеле хурди пиксел (pixel/picture element – элемент изображения), яъне ҷузъи расм, номидашаванда тақсим карда мешавад. Ҳар қадар миқдори пикселҳои тасвир зиёд бошад, мувофиқан ҳамон қадар андозаи онҳо хурдтар мегардад ва дар экран тасвир ҳамон қадар дақиқтар инъикос меёбад. Масалан, имконияти ѓунҷойиши монитори 15-дюйма ба 1024 x 768 пиксел баробар аст. Ҳар як пиксели тасвир дар парвандаи графикии мувофиқ рамзбандӣ карда мешавад ва маълумот оид ба ранги ҳар кадоми онҳо ба қайд гирифта мешавад. Ва ҳамин тариқ, тасвири додашуда ва андозаи он дар парвандаи графики растрӣ дар шакли маҷмӯи пикселҳои ба таври уфуқӣ ва амудӣ тақсимшуда нигоҳ дошта мешавад.

Дар формати вектории графиксозӣ бошад, тасвир бо ёрии фигураҳои одии геометрӣ – нуқта, хатти рост, хатти каҷ, доира, росткунҷа ва ғайра бо истифода аз формулаҳои математикӣ сохта мешавад. Дар ин гуна мавридҳо зарур аст, ки навъ ва координатҳои пойгоҳии ҳар як фигураи дар тасвир истифодашаванда – масалан, координатҳои охирҳои порча ё координатҳои марказ ва диаметри доира ва ғайра пешакӣ маълум бошад. Ин тарзи рамзбандӣ бештар дар офаридани расмҳое мавриди истифода қарор дода мешавад, ки онҳо ба осонӣ дар шакли комбинатсияи фигураҳои одии геометрӣ тасвир меёбанд. Масалан, дар нақшакашиҳои техникӣ ва ғайра.

Формати фракталии графиксозӣ низ ба мисли формати графики векторӣ ҳисобшаванда мебошад, вале дар хотираи компютер барои он рамзбандии иттилоот истифода намешавад. Тасвир ба воситаи муодила ё системаи муодилаҳо сохта мешавад. Аз ин рӯ, ҳангоми истифодаи формати графики фракталӣ дар хотираи компютер ба ғайр аз формула дигар ҳеҷ чизро нигоҳ доштан зарур нест. Қимати коэффитсиентҳои муодилавиро тағйир дода, шакли тасвирро ба куллӣ дигаргун сохтан мумкин аст. Имкониятҳои графиксозии фракталиро бо истифода аз ҳисоббарориҳо бештар дар тарҳрезии намои табиати зинда ва ҳангоми ба таври худкор офаридани расмҳои ғайриодӣ мавриди истифода қарор медиҳанд.

Дар самти графиксозии компютерӣ мафҳуми имконияти ҳалкунандагӣ (resolution – разрешающая способность, разрешение) яке аз мафҳумҳои марказӣ ба ҳисоб меравад ва хеле зиёд истифода мешавад. Аз ин мафҳум бештар ҳангоми корбурди хосиятҳои объектҳои гуногун истифода мебаранд. Аз ин рӯ, донистани фарқи байни имконияти ҳалкунандагии монитор, чопгар ё худи тасвир хеле зарур аст.

Имконияти ҳалкунандагии экран  яке аз хосиятҳои системаи компютерӣ ба ҳисоб рафта, ба монитор, видеокорт ва тарзи танзими системаи амалиётӣ (масалан, Windows) вобастагӣ дорад. Имконияти ҳалкунандагии экран бо пикселҳо андоза карда мешавад. Он андозаи тасвирро, ки бояд бо пуррагӣ дар экран ҷойгир карда шавад, ифода менамояд.

Имконияти ҳалкунандагии чопгар хосиятҳои асосии чопгарро дарбар гирифта, миқдори нуқтаҳои алоҳидаеро, ки дар ягон қисми воҳиди дарозӣ ба чоп бароварда мешаванд, ифода менамояд. Вай бо ёрии воҳиди ченаки dpi (dots per inch – число точек на дюйм – миқдори нуқтаҳо дар як дюйм) чен карда мешавад. Имконияти ҳалкунандагии чопгар андозаи тасвирро ҳангоми чопи он аз рӯйи талаботи сифати додашуда ё, баръакс, сифати чопи тасвирро тибқи андозаи додашуда муайян месозад.

Имконияти ҳалкунандагии тасвир аз хосиятҳои худи тасвир иборат аст. Тасвирҳое, ки ба воситаи виройишгарҳои графикӣ сохта мешаванд ва ё бо истифода аз сканер аксбардорӣ карда мешаванд, бо ёрии миқдори нуқтаҳо дар як дюйм (dpi) чен карда мешаванд. Масалан, барои он ки тасвир дар экран инъикос ёбад, бояд имконияти ҳалкунандагии он ба 72 dpi баробар бошад. Аммо барои тавассути чопгар ба чоп баровардани он имконияти ҳалкунандагии тасвир бояд на кам аз 300 dpi-ро ташкил дињад. Қимати имконияти ҳалкунандагии тасвир дар парвандаи он нигоҳ дошта мешавад.

Аксар вақт ҳангоми тасвири ягон ашёро сохтан, тарҳи объектеро кашидан ё акси мавҷудаеро таҳрир кардан, ҳатман масъалаи интихоби воситаи расидан ба ин ё он мақсади гузошташуда ба миён меояд. Дар чунин мавридҳо кӯшиш ба харҷ додан лозим аст, ки пеш аз ҳама аз имкониятҳои дарихтиёрдошта дуруст ва пурра истифода шавад. Барои ин дар таркиби бастаи барномаҳои стандартии системаҳои амалиётии муосир ҳатман ягон виройишгари графикӣ низ ҳамроҳ карда мешавад. Вале барои бо сифати баланд иҷро кардани баъзе амалҳои графикӣ ва рушд додани малакаи тасвирсозии худ корбари компютер бояд аз барномаҳои бастаҳои офисии гуногун ва касбии графикӣ низ истифода бурда тавонад.

Ҳамин тариқ, барои бо графикаи компютерӣ кор карда тавонистан на танҳо самаранок идора карда тавонистани барномаи муайяни графиксоз зарур аст, балки илова бар ин дар соҳаи тасвирсозӣ ва нигаҳдории иттилооти графикӣ доштани дониши мукаммал ва мушаххаси корбарӣ низ муњим аст.

Тобишҳои рангӣ. Одатан ҳангоми тасвирсозӣ дар компютер ба ғайр аз донистани андозаи тасвир боз дастрас намудани маълумот оид ба миқдори рангҳое, ки дар парванда рамзбандӣ карда шудаанд, хеле муҳим аст. Ранги ҳар як пиксел бо ёрии миқдори муайяни битҳо рамзбандӣ карда мешавад. Яъне компютер дар мавриди корбарӣ бо рангҳо низ бо воҳидҳои хурдтарини иттилоот сару кор дорад.

Тавре маълум аст, ҳар як бит метавонад яке аз ду қимат – 1 ё 0-ро қабул кунад. Вобаста ба он ки барои ифодаи ранги як пиксел чандто бит ҷудо карда мешавад, тарзҳои гуногун ва мувофиқи рамзбандии рангҳо рӯйи кор меоянд. Масалан, бе душворӣ дарк кардан мумкин аст, ки агар барои рамзбандӣ як бит иттилоот истифода шавад, он гоҳ дар ҳар як пиксел танҳо ё ранги сафед (қимати 1) ва ё ранги сиёҳ (қимати 0)-ро ҷойгир намудан имконпазир асту халос. Рамзбандии рангиеро, ки дар он барои тасвири як нуқта танҳо як бит иттилоот истифода мешавад, рамзбандии монохромӣ меноманд. 

Миқдори иттилоотеро, ки барои рамзбандии ранги нуқтаи тасвир истифода  мешавад, амиқии ранг меноманд.  

Амиқии ранги тасвирҳои ранга бо ёрии 4, 8, 16 ё 24 бит иттилоот чен карда мешавад. Масалан, агар дар рамзбандии нуқтаи тасвир чор бит иттилоот истифода шавад, он гоҳ бо ёрии комбинатсияи рақамҳои дуии 0000, 0001,…, 1111 шонздаҳ (24=16) ранги гуногунро рамзбандӣ кардан имконпазир мегардад. Ва агар барои амиқии ранг 8 бит истифода шавад, он гоҳ 28=256 (аз 00000000 то 11111111) ранги гуногунро рамзбандӣ кардан имконпазир мегардад.

Агар ҳангоми ченкунии амиқии ранги тасвири ранга аз 16 бит иттилоот истифода шавад, он гоҳ имконияти рамзбандии 216=65536 ранги гуногун муҳайё мегардад. Дар ин маврид чунин рамзбандиро рамзбандии рангҳои баланд (high colors) ном мебаранд. Ва ҳамин тариқ, агар дар рамзбандӣ аз 24 бит истифода баранд, он гоҳ тасвирро бо ёрии 224=16777216 ранг, тобиш ва сояҳои рангии имконпазир тавсиф додан мумкин аст. Чунин иқтидори рангӣ барои таъмин кардани олитарин фаъолияти касбии дилхоҳ рассоми моҳир басанда аст. Ин тарзи рамзбандиро (24 битро) рамзбандии рангҳои асил (true colors) меноманд.

Қайд кардан бамаврид аст, ки агар дар парванда барои рамзбандии ҳар як пиксел 24 бит иттилоот ҷудо карда шуда бошад, ҳоло ин маънои онро надорад, ки ҳамаи рангҳои имконпазир ба пуррагӣ дар маҷмааи рангӣ (палитра) ҷойгир карда шудаанд. Чунки барои амалӣ гардонидани ин мақсад имкониятҳои техникии ҷории мониторҳо низ даст намедиҳанд.

Тарзи тақсим кардани рангҳоро ба компонентҳои асосӣ амсилаи рангӣ меноманд. Дар графиксозии компютерӣ се амсилаи рангӣ – RGB, CMYK ва HSB истифода мешавад.


Амсилаи рангии RGB

Амсилаи рангии RGB. Усули маъмултарини рамзбандии рангҳо амсилаи RGB мебошад. Дар ин амсила ранги дилхоҳ бо ёрии комбинатсияи тобишҳо ва ҷилои се ранги асосӣ – сурх (red), сабз (green) ва кабуд (blue) сохта мешавад. Яъне рангҳои сурх, сабз ва кабуд дар амсилаи RGB рангҳои таркибиро ташкил медиҳанд.

Қимати тобиши ҳар яке аз ин се ранг як байт (ададе аз фосилаи 0 то 255) ғунҷойиш дошта, ба воситаи ду рақами системаи 16-ӣ (аз 00 то FF) тасвир карда мешавад ва бо ҳамин роҳ ҳар як ранг ба воситаи се ҷуфт рақами 16-ӣ (ба мисли санадҳои HTML) ифода карда мешавад. Аз амсилаи RGB бештар дар рангсозии экрани мониторҳо ва телевизорҳои хонагӣ истифода мебаранд.

МИСОЛ: Дар забони HTML рамзи ранги сиёҳ – 000000, сафед – FFFFFF, зард – FFFF00 ва ғайра қабул шудааст. Барои ҳосил кардани ранги зарди тира (торик), баландии тобиши рангҳои сурх ва сабз бояд якхела кам карда шаванд, яъне A7A700.

Ҳар қадар қимати рамзии ранги таркибӣ калон бошад, худи ранг низ ҳамон қадар дар экран равшантар (пурҷилотар) тасвир карда мешавад. Ҳангоми омехтакунии ду ранги таркибии пурҷило ранги ҳосилшуда низ пурҷило тавлид меёбад.


Амсилаи рангии CMYK

Амсилаи рангии CMYK. Тарзи корбарӣ бо амсилаи рангии CMYK ба мисли расмкашии муқаррарӣ аст, яъне бо истифода аз маҷмааи рангҳо ва варақи коғаз. Аз ин амсила бештар вақте истифода мебаранд, ки агар тасвирро дар коғаз чоп кардан зарур бошад.

Рангҳои таркибии (асосии) амсилаи CMYK рангҳои осмонӣ (cyan), гулобӣ (magenta), зард (yellow) ва сиёҳ (black) ба ҳисоб мераванд. Ин рангҳо дар натиҷаи аз ранги сафед кам кардани тобиши рангҳои таркибии амсилаи RGB ҳосил мешаванд. Дар амсилаи CMYK, баръакси натиҷаҳои амсилаи RGB, тақвият бахшидан ба тобиши рангҳои таркибӣ – ба паст гардонидани равшании ранги ҳосилшуда оварда мерасонад. Аз амсилаи CMYK бештар ҳангоми рангсозиҳои типографӣ истифода мебаранд.


Амсилаи рангии HSB

Амсилаи рангии HSB. Тавре маълум гашт, системаҳои рангии RGB ва CMYK бо маҳдудиятҳои сахтафзорҳо (монитори компютер – барои ҳолати RGB ва рангсозии типографӣ – барои ҳолати CMYK) мувофиқ гардонида шудаанд. Яъне ин амсилаҳо асосан тамоюли техникӣ доранд. Аммо  амсилаи рангии HSB хеле сода офарида шуда, асосан тамоюли зеҳнӣ дорад. Яъне он маҳз барои рушди истеъдоди инсон равона гардидааст.

Амсилаи рангии HSB дорои се компоненти зерин мебошад:

  • тобиш (hue – тон) – шакли мушаххаси зуҳури ранг;
  • пуррагӣ (saturation – насыщенность) – шиддати серии тобиши ранг;
  • дурахши ранг (brightness of the colour – яркость цвета) – дараҷаи баландии ҷилои ранг.

hsb

Ин амсилаи рангӣ дар он виройишгарони графикие татбиқ карда мешавад, ки онҳо на барои коркарди тасвирҳои тайёр ё нимтайёр, балки барои ба таври дастӣ сохтани тасвирҳои нав пешбинӣ шудаанд. Ин гуна барномаҳо чунон муҳити эҷодии рассомро тақлид мекунанд, ки он воқеан ба муҳити аслии кории моҳир хеле шабоҳат дорад. Дар онҳо тамоми афзорҳои касбии рассом (қалам, мӯқалам, фломастер, хатпоккунак ва ғайра), маводди рангӣ (акварел, гуаш, равған, туш, пастел ва ғайра) ва воситаҳои тасвирсозӣ (матоъи заминавии тасвир, картон, коғази шолӣ ва ғайра) пешбинӣ шудаанд.

Дар амсилаи рангии HSB қимати ранг ҳамчун векторе, ки аз маркази доира ибтидо мегирад, интихоб карда мешавад. Нуқтаи марказии доира ранги сафед ва нуқтаҳои сарҳадии он рангҳои шаффоф доранд. Равиши вектор тобишҳои рангиро муайян сохта, бо дараҷаҳои кунҷӣ ифода карда мешавад. Дарозии вектор пуррагии рангро ифода мекунад. Дурахши ранг бо ёрии тири алоҳида тасвир карда мешавад.

Рассом асари бадеии худро аввал бо ёрии амсилаи HSB эҷод мекунад. Баъд, вобаста ба он ки ин асарро бо ёрии экран ба намойиш гузоштан мехоҳад ва ё дар коғаз (матоъ) чоп намуда, фотонамойиш ташкил кардан мехоҳад, тавассути яке аз амсилаҳои RGB ва ё CMYK онро коркард менамояд.


Саволҳо: 

  1. Имконияти ҳалкунандагии экран чист? Аз чопгар чӣ?
  2. Чанд навъи графиксозиро медонед? Хусусиятҳои асосии форматҳои графикӣ кадомҳоянд?
  3. Дар формати растрии графиксозӣ тасвир чӣ гуна сохта мешавад? Дар формати векторӣ чӣ?
  4. Барои чӣ дар графики формати фракталӣ рамзбандии иттилоот истифода намешавад?
  5. Иттилооти графикиро дар компютер чӣ тавр рамзбандӣ мекунанд ва нигоҳ медоранд?
  6. Оё формати тасвир ба сифат ва андозаи он таъсир расонида метавонад?
  7. Рамзбандии монохромӣ чист? Он аз рамзбандии ранга чӣ фарқ дорад?
  8. Амиқии ранг чист? Агар амиқии ранги тасвир 4 битро ташкил диҳад, пас ба воситаи он чанд ранги гуногунро рамзбандӣ кардан мумкин аст? Бо ёрии 8 бит, 16 бит, 24 бит чӣ?
  9. Амсилаи рангӣ чист? Чанд навъи амсилаҳои рангиро медонед?
  10. Дар кадом мавридҳо аз амсилаи рангии RGB истифода бурдан беҳтар аст? Аз амсилаи рангии CMYK чӣ?
  11. Агар шумо рассом мебудед, аз кадом амсилаи рангӣ бештар истифода мебурдед?
ҚаблӣТести санҷишӣ аз фанни информатика – технологияи иттилоотӣ (синфи 7)
БаъдӣХусусиятхои форматхои графики (растри, вектори ва фрактали)

Назари худро нависед

Лутфан шарҳи худро нависед!
Лутфан номи худро нависед