Эй парчами умед, то парфишон туйӣ,
Дар осмони бахт рангинамон туйӣ.
Сурхии ту, яқин сурхии рӯ бувад,
Рӯ сурхии абад з-ин обрӯ бувад.
Ранги сафеди ту бахти сафеди мост,
Роҳи сафеди мо, рамзи умеди мост.
Мо бо ту меравем то қуллаи мурод,
Моро чу раҳнамо ҳафт ахтари ту бод!
Эй парчами умед, эй сабз чун чаман,
Аз ранги сабзи туст сарсабзи Ватан.
Аз файзи сояат сарсабзтар шавем,
Чун боғҳои мулк пур аз самар шавем.
Эй парчами умед, эй ном, эй нишон,
Дар осмони бахт кардат кӣ парфишон?!
Бигзор номи ӯ монад дар ин ҷаҳон,
Мисли ту раҳнамо, мисли ту ҷовидон!
Давоми матн пас аз блоки реклама
Низом Қосим
Парчами Точикистон (шеъри Низом Косим), шеър дар васфи Парчами Точикистон, флаг таджикистана, стих, на таджикском языке, парчами давлатии Чумхурии Точикистон.
Зурр