Мавзӯъ. Пешгирӣ кардани бемориҳои дилу рагҳо

Пешгири кардани беморихои дилу рагхо. Сабабхои беморихои системаи дилу рагхо. Ёрии аввалин хангоми хунрави. Хунравии дохили


Сабабҳои бемориҳои системаи дилу рагҳо

Сабабҳои асосии бемории дил ба паст шудани фаъолияти ҷисмонӣ, пурхӯрӣ, тамокукашӣ, истеъмоли аз меъёр зиёди шароб, асабонишавӣ вобаста аст.

Хусусан, шароб ва заҳри тамоку (никотин) ба системаи дилу рагҳо таъсири манфӣ мерасонанд. Масалан, аз меъёр зиёд истеъмол кардани шароб дилро заҳролуд ва таркиби онро иллатнок месозад. Дар натиҷа кашишхӯрии мушакҳои дил суст шуда, норасоии қалбӣ ва кӯтоҳнафасӣ ба амал меояд.

Инчунин, шароб девори рагҳои хунгард, пеш аз ҳама, рагҳои худи дилро тағйир медиҳад. Дар натиҷа мушакҳои дил ба миқдори кам оксиген ва моддаҳои ғизоӣ гирифта, оҳиста-оҳиста суст шуда, ба бофтаҳои пайвандӣ мубаддал мегарданд. Вайроншавии кори дил боиси таъмини ками хун дар организм гашта, ба камқувватӣ оварда мерасонад.

Рагҳои хунгарди одамони сигоркаш баъд аз кашидани ҳар як дона сигор то 30 дақиқа танг мешаванд. Аз ин сабаб, рагҳои хунгарди одамони сигоркаши ашаддӣ доимо танг буда, кори хунравонкунии дилро бад мекунанд. Дар натиҷа кори дил тез, мушакҳои он суст мешавад ва ин ба бемории сактаи дил оварда мерасонад.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

 Пешгирӣ ва муолиҷаи бемориҳои дилу рагҳо на танҳо вазифаи коркунони тиб, инчунин вазифаи аҳли ҷомеа мебошад.

Барои бартараф ва пешгирӣ кардани бемории системаи дилу рагҳо машқҳои ҷисмонӣ, кори сабук, зиндагии ором ва фаъолона даркор аст. Ҳангоми кори ҷисмонӣ миқдори хуни аз мушакҳои дил гузаранда зиёд шуда, хун аз оксиген ва моддаҳои ғизоӣ бештар таъмин мегардад ва ин боиси мустаҳкам гардидану ташаккул ёфтани мушакҳои дил мешавад.

Аз кам шудани кори ҷисмонӣ мушакҳои дил суст мешаванд. Масалан, дар сурати 70 шабонарӯз тамоман беҳаракат будани одам, ҳаҷми дилаш 13-18 фоиз хурд мешавад. Машқҳои ҷисмонӣ ва бозиҳои варзишӣ бо афзудани синну сол мураккабтар шуда, мушакҳои баданро варзиш медиҳанд. Дар баробари ин, мушакҳои дил хуб инкишоф меёбанд ва машқ мекунанд, вале шабакаи рагҳои хунгарди бачагон аз рӯйи сабзиш аз дил қафо мемонад. Сабабаш ин аст, ки дили наврасон барои аз сӯрохиҳои танги рагҳо тела додани хун қувваи иловагӣ сарф мекунад. Дар ин давра кори ҷисмонӣ ба ҳадди имконияти ҳар як кас зарур аст.


Ёрии аввалин ҳангоми хунравӣ

Дар рагҳои хунгарди одам қариб 5 литр хун давр мезанад. Ҳангоми кам шудани миқдори хун фишори он паст шуда, мағзи сар, дил ва дигар узвҳо аз оксиген таъмин намешавад. Тахминан 2-2,5 литр талаф ёфтани хун барои одам марговар аст.

Хунравии мӯйрагӣ ҳатто аз андак ҷароҳат ба вуҷуд меояд. Аз сабаби он ки хун дар мӯйрагҳо суст ҳаракат мекунад, чунин хунравиро нигоҳ доштан осон аст. Ҳангоми ёрӣ расонидан ҷароҳатро бо маҳлули йод безарар карда, пас бо докаи тоза бастан лозим аст. Ин дохилшавии микробҳоро ба организм нигоҳ медорад ва боиси лахта бастани хун мегардад.

Хунравии варидӣ аз зарар дидани рагҳои варидие ба вуҷуд меояд, ки дар онҳо суръати ҷараёни хун нисбат ба мӯйрагҳо тезтар аст ва бинобар ин, лахтаҳои дар ҷойи захм ба вуҷудомадаро шуста мебарад. Аз ин ҷост, ки одам дар муддати кӯтоҳ хуни бисёр талаф дода метавонад. Барои нигоҳ доштани хунравӣ аз рагҳои варид болои захмро бандпеч кардан кифоя аст. Ин деворҳои захмро зер карда, хунро боз медорад.

Шахси зарардидаро пас аз ёрии аввалин зуд ба бемористон ё дармонгоҳ бояд фиристонд (расми 56).

Хунравии шарёнӣ барои ҳаёт хатарнок аст. Хунравии сахти шарёнӣ аз рӯйи ранги сурху фишори баланди хуне, ки аз ҷароҳат фаввора зада мебарояд, шинохта мешавад. Дар чунин ҳолат бандпечи сахт хунро нигоҳ дошта метавонад. Бинобар ин, ҳангоми хунравии шарёнӣ ҳар чӣ зудтар рагҳои зарардидаро болотар аз захм бо ангуштон сахт зер карда, бо тофтаи резинӣ ё матоъ сахт бастан лозим аст. Барои зарар надидани пӯст ба ҷойи тофтабандӣ як порча латта ё докаи покиза мемонанд. Баъд гирдогирди онро бо матоъпорае мепечонанд. Байни тофтаю даст ё пой чӯбчаи бақувват гузошта, онро то лаҳзае метобанд, ки тофта таранг шуда, аз захм хун набарояд. Чӯбчаро бо латта ба тофта баста, захмро докапеч мекунанд.

Пас аз расонидани ёрии аввалин ҷабрдидаро фавран ба беморхона фиристодан даркор аст. Ба тофта хатчае часпонда, дар он вақти тофта гузоштанро аниқ ишора мекунанд. Агар ба беморхона бурдани ҷабрдида дер давом кунад, барои маҳв нашудани бофтаҳо тофтаро як муддати кӯтоҳ суст мекунанд. Вақте ки гардиши хун дар даст ё пой аз нав барқарор шуд, тофтаро боз таранг мекашанд.

Агар тофта набошад, хунравиро дар натиҷаи қаткунии ниҳоии даст ё пой боздоштан мумкин аст. Барои ин зери пойи қатшуда лӯлачаи докаӣ ё пахтагин мегузоранд ва даст ё пойро ба зӯрӣ қат карда, онро дар ҳамин ҳолат нигоҳ медоранд (расми 56).

Боздоштани хунравии варидӣ (дар боло) ва шарёнӣ (дар қисмҳои болоӣ, мобайнӣ ва поёнии бадан)
Расми 56. Боздоштани хунравии варидӣ (дар боло) ва шарёнӣ (дар қисмҳои болоӣ, мобайнӣ ва поёнии бадан)

Хунравии дохилӣ

Хунравии дохилӣ (хунравии ковокии шикам, ковокии қафаси сина ва косахонаи сар) махсусан хатарнок аст. Хунравии дохилиро аз намуди зоҳирии одам муайян кардан мумкин аст. Дар ин ҳол рангу рӯйи бемор сафед гашта, арақи хунук мебарорад, рӯякӣ нафас мекашад, набзаш тезтез зада, худаш аз хоб бедор мешавад.

Дар ин ҳолат мошини ёрии таъҷилиро фавран ҷеғ зада, то омадани духтур беморро хобондан ё дар ҳолати такя ва оромӣ гузоштан даркор аст. Ба ҷойи эҳтимоли хунравӣ (шикам, сари сина, сар) халтачаи полиэтилении ях ё барфдор, ё ки шишаи пур аз оби хунукро бояд гузошт.


Дониши худро санҷед:
  1. Сабабҳои асосии бемории дилро номбар кунед.
  2. Чаро машқҳои ҷисмонӣ инкишофи мушакҳои дилро тезонида, онро мустаҳкам месозанд?
  3. Хусусиятҳои инкишофи системаи дилу рагҳои наврасон кадомҳоянд?
  4. Шароб ва никотин ба дилу рагҳо чӣ хел таъсир мерасонанд?
  5. Хунравии мӯйрагиро чӣ тавр боз медоранд?
  6. Тадбирҳои ёрии аввалин ҳангоми хунравии варидӣ кадомҳоянд?
  7. Чаро хунравии шарёнӣ хатарнок аст? Ҳангоми хунравии шарёнӣ барои расонидани ёрии аввалин чӣ тадбирҳо меандешанд?
  8. Чаро дар вақти хунравии шарёнӣ тофтаро болотар аз ҷойи захми даст ё пой мебанданд?
  9. Чаро барои наврасон кори аз ҳад зиёди ҷисмонӣ зарарнок аст?
ҚаблӣГардиши лимфа
БаъдӣСабабҳои бемориҳои системаи дилу рагҳо