Ифодаҳои ададӣ (дар математика)

Агар ададҳо ба воситаи аломати амалҳо ва шояд қавс (қавсҳо) алоқаманд бошанд, чунин шакли алоқаи ададҳоро ифодаҳои ададӣ меноманд.

Масъала. Сайёҳ рӯзи аввал 30 км ва рӯзи дуюм 5 км камтар масофаро тай кард. Ӯ дар ду рӯз чанд км роҳ рафт? Сайёҳ рӯзи дуюм 30–5 км, бинобар ҳамин дар ду рӯз 30+(30–5) км масофаро тай кард.

Барои ҳал кардани масъала мо ифодаи ададии 30+(30–5)ро ҳосил кардем. Агар амалҳои дар он нишондодашударо иҷро намоем, адади 55-ро соҳиб мешавем, ки он қимати ифодаи ададӣ номида мешавад. Қимати ифода ба суоли дар масъала гузошташуда ҷавоб медиҳанд: 55 км.

Ду ифодаи ададӣ метавонанд қиматҳои баробар дошта бошанд.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Масалан, 56+23–48=31 ва 72–36–5=31. Дар чунин маврид менависанд: 56+23–48=72–36–5.

Ифодаҳои ададӣ метавонанд, инчунин, қиматҳои нобаробарро соҳиб бошанд. Масалан, 84+46–65=65, вале 26+49–32–12=31

Азбаски 65 > 31 аст, пас навишта метавонем:

84+46–65 > 26+49–32–12 ё ки 26+49–32–12 < 84+46–65.

Мисолҳо оиди Ҷамъу тарҳи ададҳои натуралӣ


Ифодахои адади (дар математика), кимати ифодаи адади

ҚаблӣМисолҳо оиди Ҷамъу тарҳи ададҳои натуралӣ
БаъдӣМаълумот дар бораи Обу ҳаво (Погода Душанбе)