Раванди умумии педагогӣ

Нақша:

  1. Раванди педагогӣ ҳамчун система
  2. Яклухтии раванди педагогӣ
  3. Қонунияти раванди педагогӣ
  4. Марҳалаҳои раванди педагогӣ

шеър барои муаллим


1.Раванди педагогӣ ҳамчун система

Калимаи «раванд» маънои равишро дошта, муродифи «ҷараён» – ҷунбиш, ҳаракат мебошад. «Раванди педагогӣ» – ҷараёни яклухти пешбарандагии маҷмӯи корҳои таълимӣ, тарбиявии дохилу хориҷи мактабро гуянд, ки тибқи нақшаи ягонаи инкишофдиҳандаи бо ҳам алоқадори иттиҳоди омӯзгорон ва та­лабагон бардавом сурат мегирад. Ин ҷараён баҳри адои мақсад ва вазифаҳои ба миён гузошташудаи дархости ҷомеа равона карда мешавад. Ба таври дигар гуем, раванди умумии педагогӣ – ин ҷараёнест, ки шахсиятро бо таҷрибаҳои иҷтимоии сифатан нав мусаллаҳ мекунад. Дар адабиёти педагогии солҳои пешин мафҳуми «раванди таълиму тарбия» истифода бурда мешуд. Тадқиҳотҳои олимони намоёни ин соҳа нишон доданд, ки ин мафҳум маҳдуд ва нопурра, ҳамаи мураккаботи равандро ифода намекунанд, хусусан, пеш аз ҳама, хусусияти асосии он – яклухтӣ ва умумиятро. Таъмини ягонагии омӯзиш, тарбия ва ин­кишоф дар асоси яклухтӣ ва умумият моҳияти маънои асосии раванди педагогиро дода метавонад. Дар дигар истилоҳоти «раванди таълиму тарбия» ва «раванди педагогӣ» ва дигар мафҳумҳои ба онҳо алоқадор ба ҳамин шабоҳат доранд.

Муфассал оиди ин мавзӯъ >>>

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

2.Яклухтии раванди педагогӣ

Раванди педагогӣ – алоқамандии дохили маҷмӯи равандҳои зиёд, ки моҳиятан аз таҷрибаи иҷтимоӣ ба сифати воситаи ташаккулдиҳандаи одам табдил меёбад. Раванди яклухт дар худ пайвасткунии равандҳои тарбия, омӯзиш, инкишофро на ба таври механики, балки ҳамчун сифатҳои нави омӯзиш, ки ба қонунияти махсуси худ итоат доранд, алоқаманд мекунад. Яклухтӣ, умумият, ягонагӣ – тавсифи асосии раванди педагогӣ, таъкидкунандаи тобеияти ҳамаи ягонагии равандҳои таркибии он ба як мақсад аст. Чунин бувад диалектикаи мураккаби муносибати дохилии раванди педагогӣ:

1) Дар ягонагӣ ва мустақилият будани равандҳои бавуҷудоварии он;

2) Дар яклухтӣ ва баробар тобеъшавии он системаҳои воридшудаи мустақил;

3) Дар мавҷудияти умумӣ ҳам нигохдории хусусиятҳои ба худ хоси қисматҳо.

Муфассал оиди ин мавзӯъ >>>


З. Қонунияти раванди педагогӣ

Дар қонуният ёдовар мешавем, ки алоқамандии объективӣ, зарурат, воқеият, такрорёбӣ инъикос меёбад. Ҳатто бидуни тадқиқоти махсус гуфтан мумкин, ки бо ҳамин мураккабӣ систе­маи калон ва динамикиаш раванди педагогӣ алоқамандии гуно­гуни зиёд ва вобастагӣ зоҳир мекунад. Монанди ин системаҳо дар дарсҳо қонунияти дигар тасвир карда намешавад.

Маълум, ки барои омӯхтани алоқаи намуди муайян система ҷудо мегардад. Тадқиқоти ҳамаи алоқаҳо барпо намудани системаи зиёдро талаб мекунад. Тасаввуроти умумӣ дар бо­раи алоқаҳои муҳими раванди педагогӣ система медиҳад. Ра­ванд дар сатҳи қисмати калон ва алоқаи байни онҳо таҳлил кар­да мешавад.

Муфассал оиди ин мавзӯъ >>>


4.Марҳалаҳои раванди педагогӣ

Раванди педагогӣ хусусияти силсилавӣ дорад. Дар инки­шофи тамоми раванди педагогӣ зуҳур кардани марҳалаҳои бо ҳам монандро дучор омадан, мумкин аст. Марҳала ин на қисми таркибӣ, балки пайдарҳамии инкишофи раванд аст. Марҳалаҳои асосӣ инҳоро номидан мумкин аст: тайёрӣ, асосӣ, хотимавӣ.

Дар марҳалаи тайёрии раванди педагогӣ шароити қулай барпо карда мешавад, то ки барои ҷорӣ кардани раванд ба матлаби муайян ва мувофиқи суръати нишондодашуда майл карда шавад. Дар марҳалаи мазкур вазифаҳои муҳими зайл ҳал карда мешаванд: максаднокӣ, шароитҳои ташхисӣ, пешгуӣ кардани комёбиҳо, тарҳрезӣ ва банақшагирии инкишофи раванд.

Муфассал оиди ин мавзӯъ >>>

Раванди педагогӣ ҳамчун система


Раванди умумии педагоги, Раванди педагоги хамчун система, Яклухтии раванди педагоги, Конунияти раванди педагоги, Мархалахои раванди педагоги

ҚаблӣЛатифа ва афанди аз «Рисолаи Дилкушо»
БаъдӣРаванди педагогӣ ҳамчун система