Назарияҳои сотсиологии низоъ

Назарияхои сотсиологии низоъ.


Файласуфи англис Г.Спенсер (1820-1903) низоъро «ҳодисаи ногузир дар таърихи ҷомеаи инсонӣ ва омили рушди иҷтимоӣ» меҳисобид.

Низоъ дар бисёр ҳолатҳо бо таҷовуз, таҳдид, баҳс, душманӣ айният дода мешавад. Дар натиҷа андешае тавлид меёбад, ки низоъ ҳодисаи ҳамеша нохуш асту аз он ба қадри имкон бояд канораҷӯӣ намуд ва чун низоъ пайдо гардид, онро ҳатман бояд ҳал намуд. Таълимоти иҷтимоӣсинфии низоъи К. Маркс зиддияти байни сатҳи қувваҳои истеҳсолкунанда ва характери муносибатҳои истеҳсолиро сарчашмаи низоъҳои иҷтимоӣ меҳисобад. Ба ҳам мувофиқ наомадани онҳо дар марҳилаи муайян муносибатҳои истеҳсолиро ба фишанги боздорандаи рушди қувваҳои истеҳсолкунанда оварда мерасонад, ки ин ҳолат сабабаи пайдоиши низоъ мегардад. Ҳалли низои иҷтимоӣ дар таълимоти К. Маркс оид ба инқилоби иҷтимоӣ нишон дода шудааст: «Дар марҳилаи муайяни инкишофи худ қувваҳои моддии истеҳсолкунандаи ҷомеа бо муносибатҳои истеҳсолии мавҷуда, ки дар доираи он то ҳол инкишоф меёфтанд, ба зиддият дучор мегардад. Яъне, ин муносибатҳо аз шакли рушди қувваҳои истеҳсолкунанда ба занҷири боздошти онҳо мубаддал мегарданд. Он гоҳ марҳилаи инқилоби иҷтимоӣ фаро мерасад. Бо тағйирёбии асосҳои иқтисодӣ ба зудӣ гардиш дар тамоми рӯбинои бузург рух медиҳад». Ба назар мерасад, ки таълимоти диалектикии низоъи Ралф Дарендорф дар равиши таълимоти марксистӣ қарор дорад, аммо моҳиятан аз он фарқ менамояд. Тибқи назари Р. Дарендорф иштирок кардан ва ё накардани одамон дар татбиқи ҳокимият асоси тақсимоти онҳо ба синфҳо ба ҳисоб меравад. Ба андешаи ӯ танҳо ҳокимияти корчаллонҳоро аз болои коргарон асоси низоъ набояд шумурд. Низоъ дар ҳама гуна ташкилот (дар беморхона, донишгоҳ ва ғ.), яъне дар он ҷое, ки идоракунандаҳо ва тобеъон вуҷуд доранд, метавонад, пайдо шавад. Барои ифода намудани ин ташкилотҳо Р. Дарендорф мафҳуми веберии иттиҳоди ҳамоҳангсохтаи императивӣ (ИҲИ)-ро, ки аз системаи нағз муташаккили нақшҳо иборат аст, истифода мебарад. Ҳалли низоъ дар ИҲА ба аз навтақсимнамоии нуфузу ҳокимият дар он равона шудааст. Низоъҳо гуногуншакл шуда истодаанд. Ба ҷои ҷомеае, ки шомили қутби муайян буд, ҷомеаи плюралистӣ бо манофеи пурихтилофи худ, яъне бо низоъҳои мухталиф пайдо шуда истодааст. Тибқи ақидаи Р. Дарендорф барои муваффақона ба танзим даровардани низоъ се ҳолат муҳим мебошад:

1) эътироф намудани нуқтаи назарҳои гуногун;

2) муташаккилии баланди ҷонибҳои низоъкунанда;

 3) мавҷудияти қоидаи бозӣ.

Яке аз асосгузорони мактаби Чикаго Р. Парк низоъро дар қатори мусобиқа, мутобиқшавӣ ва ҳамсоншавӣ (ассисилятсия) ба ҷумлаи чор навъи асосии ҳамкории иҷтимоӣ дохил намудааст. Тибқи назари ӯ мусобиқа, ки шакли иҷтимоии мубориза барои мавҷудият аст, дарк карда шуда ба низоъ мубаддал мегардад. Низоъ ба шарофати ҳамсоншавӣ бояд ба робитаҳои устувори дутарафа, ба ҳамкорӣ оварда, барои беҳтар мутобиқшавӣ мусоидат намояд.

Низоъи иҷтимоӣ инчунин қодир аст, ки воситаи муътадилсозии муносибатҳои дохилигурӯҳӣ гардад. Низоъ шомили вазифаҳои зерин мебошад:

  • Паст намудани шиддати вазъият;
  • Робитавӣ-ахборотӣ, яъне одамон дар натиҷаи бархӯрд ҳамдигарро месанҷанд, дар бораи муҳити хеш маълумоти нав гирифта, бо таносуби нерӯҳо шинос мешаванд;
  • Созандагӣ, яъне муборизаи байниҳамдигарӣ ба гурӯҳ на барои харобшавӣ дар ҳолати душворӣ, балки барои бо ҳам зич пайвастан кӯмак менамояд;
  • Ба ҳам пайвастани сохтори иҷтимоӣ, яъне низоъ ҳолати томро хароб насохта, балки онро дастгирӣ менамояд;

Меъёрсозӣ, яъне низоъ барои ба вуҷуд овардани шаклҳои нави инчунин ниҳодҳои иҷтимоӣ мусоидат менамояд.


Мавзӯи пурра » Мавзӯи 7. Низоъҳои иҷтимоӣ: пайдоиш ва тарзи ҳалли онҳо  

ҚаблӣРавиш (динамика)-и низоъҳои иҷтимоӣ
БаъдӣСохтори низоъи иҷтимоӣ