Мавзӯи 7. Низоъҳои иҷтимоӣ: пайдоиш ва тарзи ҳалли онҳо

Низоъхои ичтимои: пайдоиш ва тарзи халли онхо.


Низоъ – шакли муносибатҳои байни субъектҳои воқеӣ ва эҳтимолии амали иҷтимоист, ки сурат гирифтани он аз арзишҳою меъёрҳо ва манфиатҳою талаботҳои ба ҳам муқобил вобаста мебошад. Яъне, ба сабаби ихтилоф дар арзишҳою меъёрҳо ва манфиату талаботҳо дар байни субъектҳо низоъҳо ба вуҷуд меоянд. Сотсиологияи низоъ бар он андеша асос меёбад, ки низоъ як ҳодисаи муқаррарӣ дар ҳаёти башарӣ ба ҳисоб меравад. Ошкор намудану ҳал намудани низоъ амали муфид ва зарурӣ ба ҳисоб меравад. Ҷомеа дар рушди хеш дар он ҳолат ба натиҷаҳои дастрас ноил мегардад, ки агар ба низоъҳо чашм напӯшида, баръакс тибқи қоидаҳои муайян барои ҳал намудани низоъ талош намояд. Моҳияти ин қоидаҳоро ба таври зер изҳор намудан мумкин аст:

  • Ба зулм ҳамчун тарзи роҳи ҳалли низоъ бояд роҳ дода нашавад;
  • Дар он ҳолате ки зӯроварӣ истифода бурда шуду он воситаи тезутунд гардидани низоъ гардид, бояд воситаи баромад аз вазъияти сарбаста дарёфта шавад;
  • Ба он бояд ноил гардид, ки байни тарафҳои ба ҳам муқобил ҳамдигарфаҳмӣ сурат гирад.

Қобили зикр аст, ки нақши низоъҳо ва ба танзим даровардани онҳо дар ҷомеаи муосир чунон муассир аст, ки дар нимаи дуввуми асри XX соҳаи махсуси илм низоъшиносӣ (конфликтология) ташаккул ёфт. Низоъҳо метавонанд ниҳон ё ошкор бошанд, лекин асоси онҳоро ҳамеша набудани ризоият ташкил менамояд. Яке аз проблемаҳои муҳимтарини низоъшиносӣ муайян сохтани табиат ва иштирокчиёни асосии низоъи иҷтимоӣ ба ҳисоб меравад. Доир ба ин масъала дар сотсиология мавқеъҳои гуногун ба мушоҳида мерасад. Таълимоти марксистии низоъ ба таълимот дар бораи зиддияти ҷамъиятӣ ҳамчун нерӯи асосии ҳаракатдиҳандаи тағйиротҳои иҷтимоӣ , ки дар шароити форматсияҳои синфии антагонистӣ дар соҳаҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва сиёсӣ дар шакли муборизаи синфӣ сурат мегирад, такя менамояд. Чун нишонаи асосии ташаккули синфҳо муносибати моликият ба ҳисоб меравад, бинобар ин асоси низоъҳои иҷтимоиро тибқи марксизм мубориза барои моликият ташкил менамояд. Дар адабиётҳои марксистӣ ду навъи муборизаро, ки дар асоси зиддияти манфиатҳои иқтисодӣ пайдо мешаванд, фарқ менамоянд. Навъи якуми муборизаи иҷтимоӣ барои тағйир додани принсипи тақсими неъматҳои моддӣ сурат мегирад. Навъи дуввуми он барои тағйир додани меъёрҳои тақсимоти он дар доираи низоми мавҷудаи ҷамъиятӣ рух медиҳад. Мубориза барои иваз намудани принсипҳо дигаргун намудани асосҳои тартиботи иҷтимоиро тақозо менамояд ва он метавонад танҳо дар натиҷаи инқилобҳои иҷтимоӣ ҳал гардад. Тағйир додани меъёрҳои тақсимот – ин роҳи ислоҳотии ҳалли низоъҳои иҷтимоист.

Омилҳои иқтисодии низоъҳои иҷтимоиро асосӣ ва аввалиндараҷа ҳисобида, сотсиологияи марксистӣ омилҳои сиёсиро натиҷа ва зуҳуроти он арзёбӣ менамояд. Аммо яке аз тавлидгарони низоъшиносии муосир сотсиологи олмонӣ Р.Дарендорф маҳз омилҳои сиёсӣ (мубориза барои ҳокимият, мақом, нуфуз)-ро асоси низоъҳои иҷтимоӣ меҳисобад. Низоъ, ба андешаи Р. Дарендорф, метавонад дар ҳама гуна ҷамоа, гурӯҳи иҷтимоӣ, дар он ҷое, ки ҳокимону тобеон вуҷуд доранд, пайдо шавад. Сабаби низоъ, тибқи назари Р. Дарендорф ва пайравони ӯ кӯшишу талош барои бартарият пайдо намудан аст. Нуқтаи назари мазкур одатан ба таври зер шарҳ дода мешавад: насли башарӣ табиатан майл дорад, ки иерархия (зина)-и бартарияти иҷтимоиро ташаккул диҳад ва барои мавқеъ дар гурӯҳ, умумият ва ғайра мубориза барад. Иерархияи бартарияти иҷтимоӣ, ки аз ноил шудан ба дараҷаи муайяни бартарияти иҷтимоӣ иборат аст, дар мавриди мавҷудияти заминаҳои муайян метавонад ба низоъ оварад. Ба сифати сабабҳои бевоситаи пайдоиши низоъҳо норасоии захираҳо, фарқиятҳои идеологӣ ва ғайра метавонанд баромад намоянд.

Аммо майлу талош барои бартарият, умуман талаботҳои иҷтимоии одамонро ҳамчун сифатҳои табиию абадии онҳо шарҳ додан нашояд. Онҳо дар асоси муқоиса намудани ҳолати баъзеҳо бо ҳолати дигарон ташаккул меёбанд. Аз ин нуқтаи назар, низоъи иҷтимоӣ ҳамеша маҳсули нобаробарии иҷтимоист. Нобаробарии мақомҳои иҷтимоӣ маънои онро дорад, ки фардҳо, гурӯҳҳои иҷтимоию ҷамоаҳои одамон ба захираҳо дастрасии нобаробар доранд. Бинобар ин, дар таълимоти Р. Дарендорф ва пайравони ӯ доир ба низоъҳо ба проблемаи моликият, ба даст овардану тақсими захираҳо мақоми муҳим дода мешавад. Аммо масъалаи асосии низоъ:- кӣ ва чӣ тавр соҳиби захираҳо мешавад?- масъалаи мубрам хоҳад монд.Ҷавоб ба масъалаи мазкур иловатан ба масъалаи ҳокимият, ки тибқи назари Р. Дарендорф, аз маҷмӯи мақомҳои иҷтимоӣ иборат аст, ки ба як гурӯҳ барои соҳиб шудан ба натиҷаи фаъолияти гурӯҳи дигар имкон медиҳад, ҷалб месозад.

П.А.Сорокин ба робитаи низоъ бо қонеъ сохтани талаботҳои одамон ишора намудааст. Ба ақидаи ӯ, сарчашмаи низоъ дар фишор овардан ба талаботҳои аввалиндараҷаи одамон, ки бе қонеъ сохтани онҳо вуҷуд дошта наметавонад, пеш аз ҳама талабот ба хӯрок, либос, ҷои зист, худмуҳофизаткунӣ, имконияти фаъолият, эҷодиёт, озодӣ ва ғайра нуҳуфта аст. Ҳамзамон ӯ қайд намудааст, ки танҳо талаботҳо худ ба худ муҳим нестанд, балки инчунин воситаҳои қонеъ сохтани онҳою дастрасӣ ба навъҳои мувофиқи фаъолият, ки шакли мавҷудияти ташкилоти иҷтимоии ҷомеа мебошад, муҳим мебошанд. Маҳз дар робита ба ин, на танҳо масъалаи баробарию нобаробарӣ дар сатҳи накӯаҳволӣ, балки инчунин муқоисаи имкониятҳои ҳаётии гурӯҳҳои мухталифи иҷтимоӣ мубрам хоҳад буд.

Л.Козер дар асари классикии худ «Вазифаҳои низоъҳои иҷтимоӣ» қайд намудааст, ки низоъ на танҳо вазифаи деструктивӣ (вайронсозанда)-ро иҷро менамояд, балки он ҷанбаи калони мусбӣ низ дорад. Ӯ вазифаҳои асосии низоъро, ки тибқи назари ӯ ба ҳолати воқеии ҷомеа таъсири мусбат расонида, ба рушди он мусоидат менамояд, зикр намудааст: а)ташаккулёбии гурӯҳҳо, муқаррар сохтану нигоҳ доштани ҳудудҳои меъёрию ҷисмонии гурӯҳҳо; б)муқаррар сохтану нигоҳ доштани сохтори нисбатан устувори муносибатҳои дохилигурӯҳию байнигурӯҳӣ;в) иҷтимоисозию мутобиқсозии ҳам фардҳо ва ҳам гурӯҳҳои иҷтимоӣ; г)ба вуҷуд овардану нигоҳ доштани мувозанаи нерӯҳо, аз ҷумла ҳокимият;д)ба даст овардани ахбор дар бораи муҳит (дар бораи мавҷудияти ин ё он проблемаю норасоиҳо огоҳӣ менамояд); е)тавлиди майлу хоҳиш барои нигоҳдошти меъёру назорати иҷтимоӣ; ж)мусоидат барои ба вуҷуд овардани ниҳодҳои иҷтимоии нав.


Зермавзӯъҳо:


Саволҳо барои андеша ва худсанҷӣ

  1. Моҳияти низоъро шарҳ диҳед.
  2. Сарчашмаи асосии низоъ чӣ ба ҳисоб меравад? Онро асоснок намоед.
  3. Барои чӣ сотсиологияи низоъ низоъро як ҳодисаи муқаррарӣ дар ҳаёти ҷамъиятӣ ба қалам медиҳад?
  4. Барои танзиму ҳалли низоъ риояи кадом қоидаҳо дар назар дошта шудааст?
  5. Моҳият ва сарчашмаи низоъро аз нигоҳи таълимоти марксистӣ шарҳ диҳед.
  6. Тибқи назари Р. Дарендорф сабаби низоъро чӣ ташкил менамояд?
  7. Ҷанбаҳои мусбии низоъ аз нигоҳи Л.Козер аз чӣ иборат аст?
  8. Марҳилаҳои асосии низоъро шарҳ диҳед.
  9. Моҳияти давраи «ниҳон»-и низоъро фаҳмонед.
  10. Дар зери мафҳуми «нерӯ»-и иштирокчиёни низоъ чӣ фаҳмида мешавад?
  11. Илми низоъшиносӣ барои зудтар ҳал шудани низоъ чӣ тавсияҳо пешниҳод менамояд?
  12. Дар таълимоти марксистӣ роҳи ҳалли низоъ тавассути инқилоби иҷтимоӣ чӣ тавр шарҳ дода мешавад?
  13. Навъҳои низоъро шарҳ диҳед.
  14. Навъи низоъи байнишахсӣ боз ба кадом зернавъҳо тақсим мешавад?

Мавзӯъҳо барои рефератҳо

1.Низоъшиносӣ ҳамчун илм: предмет ва объект.

2.Назарияҳои сотсиологӣ доир ба моҳият ва сабабҳои низоъ.

3.Проблемаи инсон дар сотсиология.

4.Талаботу манфиатҳои инсон ҳамчун омили низоъ

5.Низоъи меҳнатӣ ва моҳияти он.

6.Роҳу усулҳои пешгирӣ, танзим ва ҳалли низоъҳои иҷтимоӣ.


Адабиётҳои асосӣ

  1. Идиев Х.И. Сотсиология. Душанбе, 2006.
  2. Идиев Х.У.,Маслова О.М., Самиев Б.Ҷ., Гиёев Қ.Ҳ. Сотсиологияи амалӣ.-Душанбе.,2008.
  3. Мирошниченко И.В. Сотсиология (иҷтимоиёт). Конспекти лексияҳо. Таҳия ва тарҷумаи Одинаев Ё. аз забони русӣ. –Душанбе,
  4. Решетников А.В. Социология медицины.М.,2007.
  5. Фролов С.С.Общая социология: Учебник – Москва: Проспект,
  6. Социология.Основы общей теории: Учебник для вузов / Отв. ред. академик РАН Г.В.Осипов, действительный член РАЕН Л.Н.Москвичев.-Москва:Норма, 2005.

Адабиётҳои иловагӣ

  1. Идиев Х.И. Фалсафаи иҷтимоӣ. Душанбе, 2013.
  2. Общая социология: Учебное пособие / Под общ.ред.проф. А.Г.Эфендиева.-М.: Инфра, 2000.
  3. Волков Ю.Г., Мостовая И.В. Социология: Учебник для вузов /Под ред.проф.В.И.Добренкова.-М.:Гардерика,2000.
  4. Тощенко Ж.Т. Социология: Обий курс. -2-е изд.доп. и перераб.-М.: Юнайт-Издат,20003.
  5. Гидденс Э. Социология.-М.,1999.
ҚаблӣЗудҳаракатии иҷтимоӣ дар ҷомеаи муосири тоҷик
БаъдӣРавиш (динамика)-и низоъҳои иҷтимоӣ