Як шабе маҷнун намозашро шикаст … (шеъри ҷолиб)

ЯК ШАБЕ МАҶНУН НАМОЗАШРО ШИКАСТ

Як шабе Маҷнун намозашро шикаст,
Бевузӯ дар кӯчаи Лайло нишаст.

Ишқи он шаб масти масташ карда буд,
Фориғ аз ҷоми аласташ карда буд.

Саҷдае зад бар лаби даргоҳи Ӯ,
Пур зи Лайло шуд дили пур оҳи ӯ.

Гуфт: «Ё Раб, аз чӣ хорам кардаӣ,
Бар салиби ишқ дорам кардаӣ?!

Ҷоми Лайлоро ба дастам додаӣ,
В-андар ин бозӣ шикастам додаӣ.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Нештари ишқаш ба ҷонам мезанӣ,
Дардам аз Лайлост онам мезанӣ.

Хастаам з-ин ишқ, дилхунам макун,
Ман, ки Маҷнунам ту маҷнунам макун.

Марди ин бозича дигар нестам,
Ин туву Лайлои ту… ман нестам.»

Гуфт: «Ай девона Лайлоят манам,
Дар раги пинҳону пайдоят манам.

Солҳо бо ҷаври Лайло сохтӣ,
Ман канорат будаму нашнохтӣ.

Ишқи Лайло дар дилат андохтам,
Сад қумори ишқ якҷо бохтам.

Кардамат овораи саҳро нашуд,
Гуфтам, оқил мешавӣ, аммо нашуд.

Сӯхтам дар ҳасрати як “Ё Рабат”
Ғайри Лайло барнаёмад аз лабат.

Рӯзу шаб ӯро садо кардӣ, вале,
Дидам имшаб бо манӣ, гуфтам: “Бале”.

Мутмаин будам ба ман сар мезанӣ,
Дар ҳарими хонаам дар мезанӣ.

Ҳоли ин Лайло, ки хорат карда буд,
Дарси ишқаш беқарорат карда буд.

Марди роҳам бош то шоҳат кунам,
Сад чу Лайло кушта дар роҳат кунам.»

Муртазо Абдуллоҳӣ


Ғазалҳо аз Ахмади Дониш

ҚаблӣРомани «Шодӣ»-и Ҷалол Икромӣ (иншо)
БаъдӣХоб будам хоб дидаам мурдаам (шеъри пурра)