Таърихи динҳо – Диншиносӣ

Таърихи динҳо. Ғолиб Ғоибов, Душанбе 2009. Таърихи динхо. Голиб Гоибов.


Сарсухан.

Дин дар таърихи инсоният нақши калон бозида, имрӯз низ дар асри XXI, бо вуҷуди пешрафтҳои азими илмию техникӣ мавқеи он дар ҳаёти мардуми олам коста нагардидааст. Сабаби устувории ақидаҳои динӣ дар он аст, ки дин таърихи ниҳоят қадимӣ дошта, инсон аз ҳамон рӯзҳои аввалини пайдо шудан ҳамчун инсон худро шинохтанаш дин бо ӯ ҳамроҳ будааст. Дар тӯли асрҳо ақидаҳои динии одамон шакл гирифта, ба меъёрҳои муайяни рафтор, расму русум ва урфу одатҳо табдил меёфтанд. Ин ақида, маросимҳо ва урфу одатҳои динӣ бо мурури замон ба тамоми паҳлӯҳои ҳаёти инсон-ҷанбаҳои маишат, муносибатҳои ҳуқуқӣ ва ҳатто сиёсату иқтисод низ роҳ меёбанд. Яъне дин дар тӯли тамоми таърихи дуру дарози мавҷудияти худ бо ҳамаи ҷиҳатҳои ҳаёти ҷамъиятии инсон аз психологияи ҷамъиятӣ сар карда то ба ҳаёти иқтисодию сиёсии он алоқаҳои ногусастанӣ дошт.

Яке аз ҷиҳатҳои муҳиму мусбии дин дар таърихи инсоният дар он зоҳир мегардад, ки инсон ҳангоми дучор шудан ба ягон бадбахтӣ ё фалокати сангин ба воситаи аҳкоми динӣ худро таскину тасалло медиҳад ва дар дин такягоҳи худро меёбад. Худи факти эътирофи идеяи вуҷуд доштани қувваҳои фавқуттабиии мададгор-Худо, пайғамбар, фариштаҳо, ки дар мушкилоти зиндагӣ ба инсони солеҳ ёрӣ хоҳанд расонид, ба одам қувваю рӯҳи тоза ва ба ояндаи нек боварӣ мебахшид. Дар айни замон идеяи мавҷудияти  қувваҳои фавқуттабиии  мазкур дар дили одамони гунаҳкор тарсу ваҳмро ҷой медоданд ва онҳоро маҷбур месохтанд ба идеяҳои динӣ пайравӣ намоянд.

Дин аз як тараф гурӯҳҳою қабилаҳо ва халқу халқиятҳоро муттаҳид мекарда бошад, аз тарафи дигар таърихи инсоният ҷангҳои хунини зиёди динию мазҳабиро низ дар ёд дорад. Ғайр аз ин  дар ҳолатҳои осоиштагӣ низ кушторҳои зиёди шахсони алоҳида, ки ба бединию кофарӣ гунаҳкор дониста шуда буданд, ҷой доштанд.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Дин дар тӯли таърихи мавҷудияти худ бо адабиёту санъат, ахлоқу ҳуқуқ ва илму дониш алоқаҳои ногусастанӣ доштааст.

Ҳанӯз ҳангоме ки инсон дар давраи палеолити боло дар ғорҳо зиндагӣ мекард, дар ғорҳою кӯҳҳо расмҳои мавҷудоти хаёливу динии худро дар қатори саҳнаҳои ҳаёти воқеӣ (гавазнҳою шикорчиҳо) сабт мекард, ки он расмҳо то ба замони мо омада расидаанд. Мазмунҳои динӣ баъдтар ба рассомон  илҳом мебахшиданд ва онҳо муҷассамаҳою расмҳои дорои санъати волоро меофариданд. Намунаҳои ин санъати волои динии (офаридаҳои Рафаэль Тициан, Микеланҷело ва дигарон) замони Эҳё (Таҷаддуд) ба инсоният маълуманд.

Мазмунҳои динӣ нафақат илҳоми рассомону шоирону ҳайкалтарошонро  бедор мекард, балки таъсири онҳоро дар эҷодиёти мусиқишиносони бузурги ҷаҳон  низ ҳис кардан мумкин аст. Чунончи, Бах-мусиқии калисоӣ ва Мотсарт «Реквием»-ро навиштанд.

Дар кишварҳои исломии осиёимиёнагӣ мазмунҳои динӣ боиси пайдоиши ҳазорон асарҳои динию тасаввуфӣ гардиданд. Дар мусиқӣ бошад «наътхонӣ»-хондани сурудҳои динӣ бахшида ба ислому ҳаёти пайғамбари ислом расм гардид.

Нақши дин хусусан дар ҷорӣ кардану таҳкими ахлоқи ҳамида  дар ҷомеа калон аст. Ва ин нақш масалан дар ислом то ба дараҷаест, ки баъзеҳо ҳатто динро «адабу ахлоқ» донистаанд. Ғайр аз ин бояд дар назар дошт, ки агар шахсе дар ахлоқ чизе гӯяд, қадри сухани ӯ ночиз аст ва аммо вақте аз ҷониби Худо ё пайғамбар гуфта шуда бошад, ҳукму қадри он баланд ва иҷрои он зарурӣ  аст. Масъалаҳои ахлоқӣ дар ҷамъиятҳои инсонӣ аз замонҳои қадимтарин пайдо шуда, бо мурури замон суфта ва қабул  гардидаанд. Чунончи, яке  аз намунаҳои  низомҳои ахлоқии қадимаи общинаи ибтидоӣ «табу» (манъ намудани ин ё он амал) аз ҷониби сардорон ё худоҳои қабилавӣ бар гардани аъзоёни қабила бор карда шуда буд.

Ҳамзамон бо ахлоқ дар ҷамъиятҳои халқҳои мухталиф масъалаҳои зарурии  ҳуқуқӣ низ пайдо гардида, онҳо сипас ба воситаи аҳкоми динӣ қонунӣ гардонида мешуданд (масалан қонунҳои Ману дар Ҳинд). Ногуфта намонад, ки ҳуқуқи динӣ бештар ҳуқуқу манфиатҳои сарватмандон, яъне синфи ҳукмронро ҳимоя мекард. Бояд қайд кард, ки сарчашмаҳои ахлоқ ва ҳуқуқ дар аввал ҳаёти воқеии одамон буда, онҳо баъдтар ба воситаи аҳкоми динӣ қонунӣ гардонида мешуданд. Аммо  набояд дар ҳама гуна аҳкоми ахлоқию ҳуқуқӣ муносибатҳои синфиро дид. Зеро ахлоқу ҳуқуқ муносибатҳои шахсӣ, оилавӣ, маишӣ ва ғайраро низ танзим менамоянд.

Дин бо илм низ алоқаҳое дорад. Албатта дар ҳаёти воқеӣ дин бо илм бо ҳам намесозанд. Хулосаҳои илмии  илмҳои табиатшиносӣ, таърих, биология, физика, астрономия ва илмҳои дигар бо аҳкоми динӣ дар хусуси пайдоиши одаму олам ва  мавҷудоти дигар бо ҳам рост намеоянд. Вале инҷо дар зери мафҳуми алоқаи дин бо илм чизи дигар дар назар аст. Агар мо ба таърихи пайдоиши дину илм зеҳн монем мебинем, ки дар ибтидо дин ҳаёти инсонро аз ҳама ҷониб фаро гирифта, донишҳои илмии одамон дар сатҳи паст қарор доштанд. Вале маҳз дин ва китобҳои муқаддаси динӣ боиси пешрафти илмҳои гуногун гардиданд. Мо инро дар мисоли дини ҷавонтарини ҷаҳонӣ-ислом мушоҳида менамоем. Вақте ки ислом дар асри VII дар нимҷазираи Арабистон пайдо гардид,  миқдори ниҳоят ками сокинон хатту савод доштанд. Ғайр аз ин хатти арабӣ дар он айём дар шакли кӯҳнаи ақибмонда боқӣ монда, нуқтаҳои болову поини ҳарфҳо вуҷуд надоштанд. Маҳз зарурати омӯзиши Қуръону аҳкоми исломӣ боиси инкишофи хатти арабӣ ва баланд рафтани сатҳи саводнокӣ дар кишварҳои исломӣ гашт. Чун мардум дар Хилофати араб ба хотири омӯхтани Қуръон хатту савод бароварданд, онҳо дар баробари Қуръон ба омӯзиши илмҳои мухталиф низ пардохтанд. Ана ҳамин тавр, дин ба тарзи ғайримустақим боиси пешрафти улум гардид.

Ҳамзамон, ногуфта намонад, ки дар ибтидои пайдоиши худ дини ислом сабабгори муттаҳидии қабоили араб ва пайдоиши давлати нави арабҳо-Хилофат низ гардид. Ҳарчанд дин аз тарафи классикҳои марксизм-ленинизм на ҳамчун як ҳодисаи воқеӣ, балки чун инъикоси фантастикии ҳаёти реалии одамон дониста шудааст, новобаста ба ин бояд дар назар дошт, ки нақши дин дар таърихи инкишофи инсоният, ҳамчун яке аз шаклҳои қадимтарини идеология, яке аз шаклҳои шуури ҷамъиятӣ мебояд хеле муассиру муҳим ва мусбӣ арзёбӣ гардад. Зеро дин аз худи ибтидо рӯҳу ҷанбаҳои гуногуни ҳаёти ҳар як фарди ҷамъиятро фаро гирифта, доимо бо ӯ то дами маргаш ҳамроҳ буд.

Пас суоле пайдо мешавад, ки дин чист? Агар ба ин савол ҷавоби мушаххас доданӣ шавем, лозим меояд дар ин масъала як китоби алоҳидае бинависем. Зеро аз замонҳои то мелод то ба имрӯз мутафаккирони зиёди олам ба ин савол ҷавобҳои аҷибу гуногун додаанд. Дин як падидаи иҷтимоӣ-маҷмӯи унсурҳои маросимӣ, асотирӣ, эътиқодӣ ва иҷтимоӣ мебошад. Дар ин бора васеътар дар фасли оянда истода мегузарем. Дар ин ҷо фақат ҳамин нуқтаро қайд карданӣ ҳастем, ки ҳар як дин маҳз худро дини ягонаю ҳақ мешуморад. Аз таърих маълум аст, ки ҳанӯз Маздак дар асри VI намояндагони дини худро «тарафдорони дини ҳаққ» меномид. Дар дини масеҳӣ бошад ин дин ҳамчун «посухи инсон ба нидои худовандӣ» ба қалам дода шудааст. Ислом бошад «дин» гуфта маҳз худи исломро дар назар дорад, чунончи дар сӯраи 3 Оли Имрон ояти  19 Қуръони маҷид омадааст: «Инна-д-дина инда-л-Лоҳи-л-ислому» (Ҳар ойина дин дар назди Худо дини ислом аст).

Олимони диншинос динҳоро ба гурӯҳҳо ҷудо намудаанд: шаклҳои ибтидоии дин, динҳои маҳаллию миллӣ, динҳои ҷаҳонӣ (буддоия, масеҳият, ислом). Ин се дини ахирро барои он ҷаҳонӣ меноманд, ки онҳо аз доираи як халқу давлат берун баромада дар байни халқу миллатҳо ва кишварҳои мухталиф паҳн гаштаанд.


Аз мудирият:

Китоби мазкур бо номи “Таърихи динҳо” бо муаллифии Ғолиб Ғоибов дар сомонаи Донишҷӯ мавзӯъ-мавзӯъ нашр шудааст. Метавонед дар бахши Таърихи динҳо – Диншиносӣ мавзӯҳои ин китобро дарёб кунед.

ҚаблӣРоғун – иншо дар бораи НБО Рогун
БаъдӣДин ҳамчун зуҳуроти иҷтимоӣ. Пайдоиш ва моҳияти дин

Назари худро нависед

Лутфан шарҳи худро нависед!
Лутфан номи худро нависед