РӮНАМОСОЗӢ (Презентация)

Гарчанде тавассути экрани компютер қариб тамоми амалиёти заруриро анҷом додан мумкин бошад ҳам, вале ҳангоми хондани лексия, пешниҳод кардани маводи таълимӣ, маърӯзаи илмӣ, методӣ, лоиҳаҳои фармоишӣ ё рӯнамоҳои таблиғотӣ имкониятҳои экрани компютер алл акай нокифоя аст. Дар чунин мавридҳо одатан ба компютер проектори электронӣ насб мекунанд, ки бо ёрии он тасвири экрании компютерро якчанд маротиба калонтар намудан мумкин аст.

Имрӯз қариб тамоми синфхонаҳои таълимии компютерӣ, толорҳои лексионӣ, кабинетҳои фаннӣ, маҷлисгоҳу толорҳои семинарӣ, конфронсӣ ва ғайра пешакӣ бо тахта, экран ва проекторҳои электронӣ муҷҷаҳаз гардонида шудаанд. Аммо барои дар шакли дастрас, оммафаҳм ва шавқовар пешниҳод намудани муҳтавои маърӯзаҳо ё матни лексияҳо онҳоро бо ёрии барномаҳои махсус тайёр ва рӯнамоӣ кардан лозим аст. Синфи ин гуна барномаҳоро виросторони рӯнамосоз меноманд.

Барномаҳое, ки барои сохтан, таҳрир кардан ва пешниҳод намудани рӯнамоҳои таълимӣ, илмӣ, лоиҳавӣ, таблиғотӣ ва ғайра пешбинӣ шудаанд, виросторони рӯнамосоз номида мешаванд.

Рӯнамо (presentation – презентация) – маҷмӯи слайдҳо, воситаҳои намоиш, маводи тақсимшаванда, нақша ва матни баромад, ки ба мавзӯи муайян бахшида шуда, дар парвандаи махсус нигоҳ дошта мешавад.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Слайд (slide) – ҷузъи алоҳидаи рӯнамо буда, метавонад иттилооти шаклу хосиятҳои гуногундоштаро дарбар гирад: сарлавҳа, матн, график, диаграмма, ҷадвал, расм, объектҳои тасвирӣ ва чандрасонаӣ.

MS PowerPoint – барномаи рӯнамосоз аз MS Office.

OОImpress – барномаи рӯнамосоз аз OpenOffice, ки ҳам дар муҳити СА MS Windows ва ҳам СА Linux якхела кор карда метавонад.

Рӯнамосозӣ яке аз воситаҳои тавоно ва асосии маркетинг ва рекламаи ҷаҳони муосир ба шумор рафта, дар заминаи он фаъолияти корхонаҳои нав ба кор оғозкунанда, сифати маҳсулоти онҳо, навъҳои хизматрасонии ширкатҳои сайёҳӣ, тарзи ташкили таҳсил дар муассисаҳои таълимӣ ва ғайра барои назарандозӣ ва хулосабардорӣ пешкаши умум гардонида мешавад.

Барномаҳои рӯнамосоз дорои имкониятҳои таҳия, таҳрир ва намоиш додани санадҳои махсус мебошанд. Бо ёрии онҳо, ҳамчунин, санадҳои тавассути дигар барномаҳо эҷодгардидаро, аз қабили: иттилооти матнӣ, графикӣ, формулавӣ, расмӣ, ҷадвалӣ, суруду мусиқӣ ва ғайраро барои мураттабсозии рӯнамо муттаҳид сохтан ва пешкаши истифодабарандагон ё тамошобинон гардонидан мумкин аст.

Барои худкор сохтан ва ба роҳ мондани раванди рӯнамосозӣ дар барномаҳои рӯнамосоз қолабҳои тайёри намунавӣ ва мавзӯъҳои стандартии пешакӣ сохташуда пешбинӣ шудаанд. Дар раванди рӯнамосозӣ ба слайдҳои он ҳамеша имконияти илова намудани ҷаззобиятҳои овозӣ ва аниматсионӣ вуҷуд дорад.

Вазифаҳои барномаҳои рӯнамосоз:

  • идора намудани раванди намоиш;
  • муайян ва идора намудани пайдарпайии намоиши слайдҳо ва гузариши байни онҳо;
  • интихоби шакли зоҳирии слайдҳо;
  • корбарӣ бо матнҳо, ҷадвалҳо, тасвирҳои графикӣ, сабтҳои овозӣ ва видеоӣ;
  • истифодаи объектҳои протсессорҳои матнӣ, ҷадвалҳои электронӣ, Internet ва ғайра.

Имкониятҳо ва хосиятҳои рӯнамо:

  • аз маҷмӯи слайдҳо иборат будан;
  • бо ёрии моҳири рӯнамосоз тайёр намудани слайдҳои худкор;
  • тавассути параметрҳои соҳаи корӣ муайян намудани андоза ва тамоюли слайдҳо;
  • ба слайдҳо вобаста кардани хусусиятҳои хосаи рӯнамоӣ;
  • бо истифода аз намунаҳои оройишӣ тағйир додани хосиятҳо ва сохтори рангӣ, заминавӣ, ҳуруфӣ ва ғайраи слайдҳо;
  • муайян намудани тарзи ҷойгиркунии иттилоот дар слайд: сарлавҳа, матн, расмҳо, ҷадвалҳо, навиштаҷот ва ғайра;
  • илова намудани таассуротҳои (тақвият, эффект) аниматсионӣ, садоӣ, намудоршавӣ, хомӯшшавӣ, фосилавӣ ва ғайра ба слайдҳои рӯнамо.

Рунамо чист? Слайд чист? Вазифахои барномахои рунамосоз, Имкониятхо ва хосиятхои рунамо, презентатсия чист? презентация точики

ҚаблӣОсудагию саломатиро чӣ гуна метавон ёфт?
БаъдӣФАРҚИ АДАБИЁТИ ШИФОҲӢ АЗ КИТОБӢ