Шир ва маҳсулоти ширӣ

Шир ва махсулоти шири.

шир ва маҳсулоти ширӣ


Илм доир ба шир аз омӯхтани таркиби биологии шир ва маҳсулоти ширӣ сар шудааст. Физиологи рус Иван Петрович Павлов гуфтааст: «Шир хӯроки тайёрест, ки табиат офаридааст». Шир аз дигар хӯрокҳо дида сабуктар ва зудҳазм мебошад. Кадом хӯрокеро пазем, аз таркиби биологии шир зиёд хӯрок пухта наметавонем.

Олим, файласуф ва шифокори бузурги тоҷик Абӯалӣ ибни Сино гуфтааст, ки ширро бояд бачаҳо, калонсолон, беморон ҳар рӯз, ақаллан, як ё ду пиёла ва зиёдтар нӯшанд. Шир барои организм шифо мебошад. Он кори узвҳои босира, сомеа, зоиқа, эҳсос, нафаскашӣ, дил, асаб ва фишори хунро муътадил мегардонад, барои сабзиши устухон мадад мерасонад, аз касалии пӯст ва касалиҳои гузаранда эмин нигоҳ медорад ва ғайра.

Шир яке аз қиматбаҳотарин маҳсулоти хӯрокворӣ мебошад. Дар табиат мисли шир маҳсулотеро пайдо кардан душвор аст, ки қариб сад хел моддаи қиматбаҳо ва барои организми инсон зарурӣ дошта бошад. Дар таркиби шир аз моддаҳои шифобахш, сафеда, равған, фермент, қанд, витаминҳои дар обу дар равған ҳалшаванда, намакҳои минералӣ, об ва ғайра мавҷуданд.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Аз сабаби он ки дар таркиби шир моддаҳои барои организм муфид зиёданд, онро барои хӯроки парҳезӣ ва хӯроки бачагон бештар истифода мебаранд, зеро ғизонокии он бо ҳеҷ чиз иваз карда намешавад.

Дар комбинатҳои шир коргарони дорои чунин ихтисосҳо кор мекунанд: тайёркунандаи маска, панир, устои шир, қаймоқ, творог, ҳама намуди ҷурғот, яхмос ва ғайра. Ҳамчунин барои фурӯш шири хушк тайёр мекунанд. Ҳамаи ин амалҳо автоматӣ иҷро карда мешаванд.

Дар вақти пастеризатсияи шир (80-850с) ҳамаи моддаҳои фоиданок боқӣ мемонанд. Шири дар шиша ва қоғазхалтачаҳои махсус баровардаи комбинатро наҷӯшонида истеъмол кардан мумкин, аммо шири  аз бозор харидаро ҳатман бояд ҷӯшонд, то ин ки  микробҳои зарарнок нобуд шаванд.

Ҷадвали 1

Массаи баъзе масолеҳ (бо грамм)

Масолеҳ Истакон, 250г Кошуқҳо Дона
қошуқ   қошуқча
1. Каймоқ, майонез 250 25 10
2. Об, шир 250 15 5
3. Маска 240 20 5
4. Равғани рустанӣ 225 16 – 18 4 – 5
5. Кашк 200 25 10
6. Шакар 200 25 10
7. Сирко 15 5
8. Тухм
9. Намак 325 30

Дар истеҳсолот ва шароити хона аз шир навъҳои зиёди маҳсулоти шириро ҳосил мекунанд. Дар шароити хона аз шири турш, вақте ки ба ҷӯшидан сар кард, творог ҳосил мешавад, онро зиёд ҷӯшонидан мумкин нест, чунки ба ҷойи творог обаш зиёд мешавад. Ба шири чӯшида гармиашро паст карда, сафедӣ (ба 1 л як қошуқча), як миқдор ҷурғот, ё як бурида нон меандозанд. Баъд онро омехта карда, 4-6 соат зиёдтар дам медиҳанд ва ҷурғот ҳосил мешавад. Баъди хунук шудан онро ба халтаи матоӣ андохта меовезанд, обаш мечакад ва чакка ҳосил мешавад.

Сифати маҳсулоти шириро аз рӯйи намуди зоҳирӣ: ранг, бӯй ва мазааш баосонӣ муайян кардан мумкин аст. Маҳсулоти ширии вайроншуда бӯйи хоси ғализ дорад, рангаш дигар, мазааш турш ё талх мешавад. Шир ва маҳсулоти шириро дар яхдон нигоҳ медоранд. Қоида ва талаботи вақти нигаҳдории онҳоро риоя кунед.

Ҷадвали 2

Вақти нигаҳдории шир ва маҳсулоти ширӣ

Маҳсулот Вақти нигаҳдорӣ дар ҳарорати аз +4 то +80С
1. Шири хом 20 соат
2. Маҳсулоти ширии турш 24 соат
3. Творог 36 соат
4. Қаймоқ 72 соат
5. Панир Аз 5 то 15 шабонарӯз
6. Маска 5 шабонарӯз
7. Равғани зард 15 шабонарӯз

Ширро дар зарфи саркушода, дар назди оташ ё маҳсулоти дигар – моҳӣ, пиёз ва ғайра, ки бӯйи тунд доранд, нигоҳ доштан мумкин нест, чунки шир бӯйро тез ба худаш мегирад.

Шир ва маҳсулоти аз он ҳосилшавандаро боэҳтиёт истифода баред. Ба қадри меҳнати коркунони хоҷагии қишлоқ – чӯпонон, говҷӯшон, механизаторон, коркунони комбинати шир, нақлиёт, фурӯшандагон ва дигарон расед. Агар шир турш шавад, аз он творог, оладий, чалпак пазед ё онро ба хамир андозед, аммо ҳеҷ гоҳ исроф накунед.


Саволҳо доир ба такрори мавзӯи «Шир ва таомҳои ширӣ»

  1. Барои чӣ ширро ҳар рӯз нӯшидан лозим аст?
  2. Кадом намуди таомҳоро аз шир ва маҳсулоти ширӣтайёр мекунанд?
  3. Кадом хели таомҳои миллиро дар маҳалҳои шумо аз шир ва маҳсулоти ширӣ тайёр мекунанд?

Маҳсулоти аз шир ҳосилшаванда >>

ҚаблӣРиояи маданияти хӯрокхӯрӣ ва қоидаҳои нишастан дар сари дастархон
БаъдӣМаҳсулоти аз шир ҳосилшаванда / Махсулоти шири