Ҳиссача (дастури забон), хисача чист? Маълумот дар бораи хисача, Хиссача чист?
Ҳиссача – ҳиссаи номустақили нутқ буда, монанди дигар калимаҳои ёридиҳанда маънои моддӣ надорад, ба ҷумла ва аъзои алоҳидаи он маъно ё тобишҳои маъноӣ – ҳам маънои мантиқӣ ва ҳам эҳсосӣ зам мекунад. Ҳиссачаҳо аз рӯйи маъно ва вазифа ба чунин хелҳо ҷудо мешаванд:
- Ҳиссачаҳои шаклсоз;
- Ҳиссачаҳои ишоратӣ;
- Ҳиссачаҳои маҳдудӣ;
- Ҳиссачаҳои таъкидӣ;
- Ҳиссачаҳои саволӣ;
- Ҳиссачаҳои тасдиқӣ;
- Ҳиссачаҳои инкорӣ.
- Ҳиссачаҳои қиёсӣ.
- Ҳиссачаҳои эҳсосӣ.