Мавқеи илми мантиқ дар методологияи маърифати илмӣ

Мавкеи илми мантик дар методологияи маърифати илми. Мавқеи илми мантиқ дар методологияи маърифати илмӣ.


Илми мантиқ ҳангоми маърифати илмӣ вазифаҳои гуногунро иҷро мекунад. Яке аз вазифаҳои асосии илми мантиқ ҷиҳати методологии он аст. Пеш аз баёни функсияи методологии мантиқ зарур аст, ки ба маҳуми методология шинос шавем

Калимаи «методология» (услубшиносӣ) аз ду калима «метод» ва «логия» таркиб ёфтааст. Маънои калимаи «логия» – таълимот мебошад. Пас,  методология – таълимот дар бораи метод (усул) аст. Мо дар ин ҷо мафҳуми методро пешакӣ аниқ накарда, таърифи методологияро меорем. 1) Методология низоми воситаҳои идеалии маърифат ва дигаргунсозии воқеият мебошад;[1] 2) Методология таълимот дар бораи воситаҳои идеалии маърифат ва дигаргунсозии воқеият аст.

Аз ин таърифҳо маълум мешавад, ки мафҳуми методология ду хел баён шудааст. Чунин баён шудани мафҳумҳои илмӣ зуҳуроти муқарра-рист, ки онро дар таърифи илми мантиқ ҳам мушоҳида кардан мумкин  мебошад. Масалан, агар илми мантиқ аз як ҷиҳат қонуниятҳои махсуси робитаву инкишофи фикрро омӯзад, аз тарафи дигар, вай илм дар бораи қонуниятҳои робитаву инкишофи фикр аст.

Муҳимтарин воситаи идеалии маърифат ва дигаргунсозии воқеият (васоити методологӣ)-ро принсипҳо ва усулу қоидаҳо ташкил медиҳанд. Байни принсипҳои методологӣ ва мафкуравӣ тавофут вуҷуд дорад. Ба-рои ошкор намудани фарқи байни онҳо зарур аст, ду ҷиҳати илмҳоро таъкид намоем: 1) ҷиҳати дескриптивӣ (тасвирӣ); 2) ҷиҳати прескрип- тивӣ.

Ҷаҳонбинӣ ё мафкура ҷиҳати дескриптивии илм буда, методология ҷиҳати прескриптивии он мебошад. Ҷаҳонбинӣ (дар маънои васеъ) – ни-зоми ақидаҳо нисбат ба олам (табиат, ҷамъият ва маърифат) мебошад, ки дар ҷараёни фаъолияти амалии одамон ташаккул меёбад. Асоси ҷа-ҳонбиниро ҷаҳонбинии фалсафӣ ташкил медиҳад, ки онро ҷаҳонбинии аслӣ низ номидан мумкин аст.

Ҷаҳонбинӣ ё мафкура аз принсипҳо ва қонунҳо иборат аст. Агар принсипҳои ҷаҳонбиниро донишҳо оид ба робитаву хосиятҳои умуми-

тарини ҳақиқати обьективӣ ва маърифат ташкил диҳанд, пас қонунҳои онро донишҳо оид ба робитаи махсуси ҳақиқати обективӣ ва маърифат ташкил медиҳанд, ки онҳо нисбат ба принсипҳо ҷузъиянд. Принсипҳои умумитарине, ки дар ҳудуди мавзӯи илми мушаххас амал мекунанд, принсипҳои ҳамин илмро ташкил медиҳанд. Принсипҳои фалсафӣ бошанд, нисбат ба принсипҳои илми мушаххас умумитаранд. Қонунҳои ҷаҳонбинӣ, дар ҳудуди мавзӯи ин ё он илми мушаххас амал мекунанд. Принсипҳои мафкуравӣ назар ба принсипҳои маърифатӣ фаъо-лияти амалии инсон (яъне принсипҳои методологӣ) умумитаранд. Принсипҳои маърифат ва фаъолияти амалии инсон, дорои чунин нишонаҳоеанд, ки мувофиқи онҳо ҷараёни маърифат ва фаъолияти амалӣ сурат мегирад.

Принсипҳои методологиро аксаран дар ҷараёни маърифату амалия дар асоси принсипҳои мафкуравӣ ва қонунҳо эҷод менамоянд. Масалан, дар фалсафа зимни принсипи мафкуравие, ки мувофиқи он чизҳои моддӣ якумин ва чизҳои идеалӣ дуюмин мебошанд, принсипи методологии бо таври обективӣ назар кардан – офарида шудааст. Мувофиқи ин принсип ҳангоми маърифати иҷтимоӣ, диққати кас набояд аз зуҳуроти дуюмин-дараҷа ба сабаби онҳо, балки баръакс, аз сабабҳо ё зуҳуроти асосӣ ба на-тиҷа ё зуҳуроти болосохт (надстройкавӣ) равона шавад.

Калимаи «усул» (метод) дар адабиёти илмӣ ба ду маъно истифода мегардад. Якум, усул ҳамчун тамоми низоми васоити идеалии маърифат ва дигаргунсозии воқеият аст. Дар ин ҳолат байни усулу методология фарқ нест. Вақте, ки сухан дар бораи усусли диалектикӣ, усули физикаи назарӣ, усули Бэкон ва ғайра меравад, калимаи «усул» дар маънои якум кор фармуда мешавад. Дуюм, усул (дар ин ҷо метод дар маънои унсури методология истифода шудааст) гуфта, тарзи маърифат ё ки фаъолияти амалиро меноманд. Дар маънои мазкур калимаи «усул» пайдарҳамии амалҳои маърифат ё марҳилаҳои фаъолияти инсонро ифода мекунад. Амалҳои маърифат имконият медиҳанд, ки инсон барои ба даст овар-дани натиҷаҳои матлуб ноил гардад. Усулҳои умумитарин, пеш аз ҳама усулҳои фалсафӣ, самти умумии маърифатро муайян намуда, дар нати-ҷаи пайдарҳам татбиқ шудани усулҳои нисбатан ҷузъӣ, мушаххас мегар-данд. Татбиқи усулҳои нисбатан ҷузъӣ – алгоритмҳо имконият медиҳанд, ки натиҷаи матлуб ба даст оварда шавад. Усулҳои мазкур нишондодҳои амиқ буда, ҷараёни фаъолияти назарӣ ва амалии одамонро муайян мекунанд.

Усулҳо ва қоидаҳо низ қисми таркибии методология мебошанд. Онҳо роҳҳои оддитарини фаъолияти амалию маърифатии инсонро муай-ян намуда, барои амалӣ гардидани мақсади муайян хизмат менамоянд.

Дар ҷараёни маърифат байни принсипҳо, ва усулу қоидаҳо фарқи куллие нест. Масалан принсипҳои нисбатан соддаро ҳамчун усулҳои фаъолияти амалию маърифатӣ ва баръакс, усулҳоро чун принсипҳои маърифату  фаъолияти амалӣ кор фармудан мумкин аст. Ба методологияи мантиқ воситаҳои методологии мантиқи шаклӣ ва мантиқи диалектикӣ дохил мешаванд.

Принсипҳо, усулҳо ва қоидаҳои мантиқи диалектикӣ назар ба принсипҳою усулҳои мантиқи шаклӣ умумитаранд. Одатан, маърифати илмӣ бо истифодаи принсипҳо ва усулҳои мантиқи диалектикӣ оғоз меёбад, ки онҳо самти умумии таҳқиқро муайян мекунанд. Дар методо-логияи маърифати илмӣ ба шаклҳои инкишофи дониш диққати махсус дода мешавад, зеро онҳо мавзӯи таҳқиқи мантиқи диалектикиро ташкил медиҳанд. Шаклҳои мазкур чун васоит татбиқи мунтазами принсипҳо ва усулҳои маърифатро мураттаб месозанд. Ба шаклҳои диалектикию ман-тиқии инкишофи дониш проблема, фарзия ва назария мисол шуда мета-вонанд.

Васоити методологии мантиқи шаклӣ аз васоити методологии ман-тиқи диалектикӣ фарқ дорад, зеро мавқеъ ва мақоми онҳо дар сохти ме-тодологияи маърифати илмӣ гуногун аст. Гарчанде, ки принсип ва усул-ҳои мантиқи шаклӣ характери куллӣ надоранд, лекин дар ҷараёни маъ-рифат пурра амал мекунанд. Онҳо ҳамчун методология барои татбиқи васоити  дигари методологии умумӣ низ мусоидат менамоянд.

Баъзан ақидае пешниҳод мегардад, ки мувофиқи он ба принсипҳои мантиқи шаклӣ на ҳамеша такя кардан лозим аст, зеро истифодаи принсипҳои мазкур дар баъзе мавридҳо боиси натиҷаҳои манфӣ мешавад. Бешубҳа, чунин ақида нодуруст аст, чунки он ба дониши рӯякии мантиқи шаклӣ ва диалектикӣ асос ёфтааст.

Баъзе усулҳои мантиқи шаклӣ, алалхусус усулҳои мантиқи рамзиро ҳангоми маърифати иҷтимоӣ васеъ истифода бурдан мумкин аст. Маса-лан, усулҳои алгебраи мантиқро барои муайян кардани баёни дурусти қарорҳое, ки ҳангоми идоракунии ҷомеа қабул мешаванд, татбиқ мена- моянд.

[1] Чизи идеалї худ ба худ ба воќеият таъсир расонида наметавонад, вайро инсон дар фаъолияти худ њамчун дастурамал истифода мебарад. Дар ин љо ифодаи «воситањои идеалии дигаргунсозии воќеият» мањз дар њамин маъно кор фармуда шудааст.

ҚаблӣПринсипҳои методологии мантиқи шаклӣ
БаъдӣТаърихи мантиқ (таърихи мантик)