Фактҳои ҷолиб дар бораи Радио

Якчанд фактхои чолибу ачиб дар ин матлаб вобаста ба радио >>

Соли 1940 дар Англия байни ду даста мусобиқа баргузор мегашт, вале туман чунон қавӣ буд, ки ба шореҳи радиоӣ ҳатто канорҳои майдон намоён набуд. Бо вуҷуди ин, англисҳо медонистанд, ки радиоро олмониҳо гӯш доранд ва агар маълумот дар бораи туман пахш мешуд, пас ба Англия зарбаи авиатсионӣ фурӯ мерехт. Аз ин рӯ, шореҳ тамоми мусобиқаро дар асоси фарёдҳои мухлисон «бофта баромад».


Агар радио намебуд, мо манораи Эйфелро намедидем. Вай махсус барои Намоиши ҷаҳонии соли 1889 сохта шуда, пас аз 20 сол онро бояд таҷзия мекарданд. Вале бо пайдоиши радио бурҷи Эйфелро барои насби радио – антеннаҳо истифода бурданд, ки аз нестшавӣ наҷоташ дод. Алҳол радиои бепул тавассути интернет зиёд аст, бо вуҷуди ин ҳам манора дар ҷойи худ боқӣ мондааст.


Ба пайдоиши калимаи «хакер» мо аз радио миннатдорем. «Хакерҳо» – одамоне буданд, ки рамзҳоро (парол) дар радио – истгоҳҳои махфӣ мешикастанд.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Дар ИМА (гумон дорам дар Тоҷикистон ҳам) 73 дарсади одамон радиоро дар автомобил ва 46 дарсад онро дар ошхона гӯш мекунанд. 23 дарсади сокинони ИМА радиоро дар ҳаммом насб кардаанд.


Аҷиб аст, ки факс 20 сол пеш аз телефони аввалин, дар соли 1843 ихтироъ шудааст. Имрӯзҳо, албатта, ҳеҷ кас инро тахмин ҳам намекунад.


Дар тафовут аз эфир, радио-реклама дар таҷҳизоти профессионалӣ сабт мешавад. Аз ин лиҳоз, сифати садо дар вақти радио – реклама нисбатан хуб аст.

Фактҳои ҷолиб оиди Ҷанги Бузурги Ватанӣ

ҚаблӣАфанди точики (аз суҳбати дугонаҳо ва ҷӯраҳо)
БаъдӣГулназар Келдӣ дар бораи Суруди миллӣ

Назари худро нависед

Лутфан шарҳи худро нависед!
Лутфан номи худро нависед