Методхои кори мустакилонаи талабагон оиди фахмидагири ва азхудкунии маводи нав.
Бидуни корҳои мустақилонаи таълимӣ дониш пойдор нахоҳад шуд. Барои ин аз методи кор бо китоби дарсӣ, корҳои лабораторӣ истифода бурда мешавад.
Кор бо китоби дарсӣ
Дар мустақилона донишандӯзии толибилмон ҳам китоби дарсӣ ва дигар адабиётҳои мададрасон нақши муҳим мебозанд. Афроде, ки дил ба худомӯзӣ мебандад, кӯллаҳои баланди муроди хеш фатҳ менамояд. Низомии Ганҷавии бузург фармудаанд:
Ҳар ки зи – омӯхтан надорад нанг,
Дур барорад зи обу лаъл аз санг.
Методи кор бо китоби дарсӣ намудҳои гуногун дорад ва он аз толибилмон барои азхудкунии донишҳои нав ба нав бо диққат омӯхтани маводро тақозо мекунад. Чунки аз он хулосаҳои назариявии қоидаҳо, хулосаҳо, қонунҳо ва ғайраҳо бармеоянд.
Дар ҳамин қатор китобҳо азхудкунии донишҳо, маҳорати бо китоб коркунии шогирдонро ташаккул медиҳанд.
Муаллим дар лаҳзаи машғулиятҳо вазифадор аст, ки дар мавридҳои мушаххас тарзи аз китоб истифодабариро донад, талабагонро ба он ҳавасманд гардонад ва аз нафаҳмида хондан онҳоро худдорӣ намояд. Аз ин ҷиҳат ба талаботи зайли дидактикӣ риоя бояд кард:
а) мувофиқи принсипи алоқадри ҳол дуруст интихоб намудани маводи (мавзӯи) мутолиа, зеро бисёри мавзӯъҳо шарҳу эзоҳталабанд, шогирдон онҳоро бидуни пешакӣ фаҳмондани муаллим азхуд карда наметавонанд. Ин қабил мавзӯъҳоро ба мустақилона тавсия намудан нашояд, онҳоро бояд худи муаллим баён кунад;
б) ҳар гуна кор бо китоби дарсӣ ва адабиёти таълимӣ бояд пешакӣ бо сӯҳбати муқаддимавии муаллим пешниҳод гардад, то ки талабаҳо ба кодом масъалаҳои асосии мавод эътибор доданашонро донанд ва ба тартиби кори мустақилона риоя намоянд;
в) ба муаллим лозим аст, ки дар рафти машғулиятҳо аз болои кори мустақилонаи талабагон мушоҳида барад ва ба шогирдони алоҳида, ки душворӣ мекашанд, ёрӣ расонад;
г) кор бо китоб дар синфҳои ибтидоӣ на тӯл кашад. Онро бо дигар шаклу методҳои омӯзиш омехта бурдан беҳбудӣ дорад. Баъди кор ҳатман сифати азхудкунии маводи омӯхташуда санҷида шавад. Таҷрибаҳои амалие, ки барои ҳосил намудани маҳорат ва малакаҳо, инчунин баҳри чуқур гардондани донишҳо гузаронида мешаванд, муайян карда шаванд;
д) дар асоси китоби дарсӣ ба ҳосил кардани маҳорати мустақилона сарфаҳмравӣ ва ҳазмкунии маводи нав эътибори ҷиддӣ додан. Б. П. Есипов қайд мекунад, ки дар синфҳои ибтидоӣ ин гуна кор аз мустақилона хондани ҳикояҳои хурди бадеӣ оғоз меёбад, вале сипас навбат ба мақолаҳои илмӣ – оммавӣ, бо нақлкунии мазмуни онҳо ё ҷавоб ба саволҳои муаллим мерасад. Чунин усул бояд дар мавридҳои аввали синфҳои мобайнӣ ҳам истифода бурда шавад. Минбаъд шоигрдонро ба он майл додан лозим аст, ки мавриди кор бо китоб масъалаҳои асосиро муайян кунанд, нақшаи маводи хондаашонро ба тарзи саволҳо ва тезиз мустақилона тартиб дода тавонанд, қоидаҳои муҳимро бо далелҳо исбот намоянд, кӯчонда гиранд, мавриди мутолиа аз луғатҳо истифода баранд, тасвирҳои дар китоб ҷойдоштаро таҳлил намоянд ва ғайра.
Дар мутолиаи китоб ба принсипи пайдарҳамӣ, яъне мантиқан зина ба зина фаҳмида хондан риоя бояд кард. Тошхӯҷаи Асирӣ чунин фармудаанд:
Сад хона китоб хондию нест ба ёд,
Бояд, ки китобхона дар сина бувад!
Корҳои лабораторӣ
Лаборатория номи худро аз калимаи лотинии lаӣoқақӯ гирифтааст, ки маънои кор карданро дорад. Машғулиятҳои лабораторӣ – ин методи таълимиест, ки тавассути он талабаҳо таҳти роҳбарии муаллим ва бо нақшаи қаблан муайянкардашуда таҷрибаҳо ё вазифаҳои амалӣ мегузаронанд ва дар рафти онҳо донишҳои нав ҳосил мекунанд.
Корҳои амалию лаборатории талабагони синфҳои ибтидоӣ бештар дар дарсҳои санъати миллӣ ва меҳнат, табиатшиносӣ ва дар қитъаи таҷрибавии наздимактабӣ иҷро карда мешаванд. Корҳои амалии лабораторӣ дар мавзӯи муайян гузаронида мешавад ва тайёрии хуби пешакиро талаб мекунад. Чунончи, мавриди гузаронидани таҷрибаҳои марбут нисбати омӯхтани моддаҳои маҳлулшаванда ва маҳлулнашаванда, талабагон бо маҳорат ва малакаҳои ибтидоии кор кардан бо асбобҳои кимиявӣ ва реактивҳо, бо техникаи бехатарии зарурӣ шинос мешаванд.
Ин гуна машғулиятҳои амалӣ барои чуқуртар омӯхтани назария, ташаккули қобилияти таҳлили илмӣ ва иҷрои вазифаҳои таълими политехникӣ мусоидат мекунанд. Муаллим талабагонро бо корҳои истеҳсолии саноат ва хоҷагии кишоварзӣ, ки аз бисёр ҷиҳат ба амалиёти лабораторӣ вобастагӣ доранд, шинос мекунад.
Корҳои лабораторӣ дар синфҳои болоӣ ба силсилаи фанҳои табиатшиносӣ (кимиё, физика, биология) бештар тааллуқ доранд.
Машғулиятҳои лабораторӣ ба мақсади дарк кардани маводҳои нави таълимӣ бурда мешаванд ва онҳо усулҳои зайлро дар бар мегиранд: 1) гузориши мавзӯи машғулияти лабораторӣ; 2) муайян кардани тартиби кори лабораторӣ, ё марҳалаҳои алоҳидаи он; 3) бевосита иҷро кардани корҳои лабораторӣ аз ҷониби талабагон ва назорати муаллим аз болои рафти машғулият ва қатъӣ риоя кардани қоидаҳои бехатарӣ; 4) ҷамъбаст кардани кори лабораторӣ ва тасвияти хулосаҳои асосӣ.
Корҳои лабораторӣ, ҳамчун методи омӯзиш аз бисёр ҷиҳат хусусияти татқиқотӣ дорад. Тибқи машғулиятҳои лабораторӣ толибилмон ҳодисаҳои табиати атрофро бо шавқ меомӯзанд, нисбати онҳо итминони комил пайдо мекунанд.





















