Вазифаҳои ҳизби сиёсӣ

110

Нақш ва мавқеи ҳизб дар системаи сиёсӣ дар бештари мавридҳо ба воситаи вазифаҳои он муайян карда мешавад. Иҷроиши вазифаҳо самти фаъолияти ҳизбҳои сиёсиро инъикос менамоянд. Бинобар ин, вазифаҳои умумӣ ва муҳимтарини ҳизби сиёсиро ба таври зерин муайян намудан мумкин аст:

— ифода намудани манфиатҳои иҷтимоӣ (вазифаи иҷтимоӣ);

-муайян намудани самти фаъолияти сиёсии ҳизб ва коркарди барномаҳои ҳизбӣ (вазифаи идеологӣ);

— ташаккул додани афкори ҷамъиятӣ, донишҳои сиёсӣ ва иҷтимоикунонии сиёсии шаҳрвандон (вазифаи маърифатӣ);

— мубориза барои ба даст овардани ҳокимият ва дар амал татбиқ намудани он (вазифаи сиёсӣ);

— омода намудан ва пешбарӣ кардани кадрҳо.

Ҳизбҳои сиёсӣ ифодакунандаи манфиатҳои табақаҳои гуногуни ҷомеа, гурӯҳҳои иҷтимоӣ ва синфҳо мебошанд. Ҳизби сиёсӣ дар миёни ҷомеаи шаҳрвандӣ ва давлат ҳамчун миёнарав шинохта шуда, талабот ва манфиатҳои муҳимми иҷтимоиро ба таври расмӣ муаррифӣ менамояд ва онҳоро вориди баҳсҳои сиёсӣ месозад. Ҳамчунин, ҳамгироӣ ва сафарбарнамоии аъзоёни гурӯҳ, ташаккул додани онҳо ва дар атрофи мақсадҳои ягона муттаҳид намудани онҳо яке аз вазифаҳои муҳимми ҳизби сиёсӣ ба шумор мераванд. Тағйиротҳои иҷтимоии сохтори ҷомеа тӯли солҳои охир таркиби иҷтимоии ҳизбҳои сиёсиро ноустувор ва номушаххас гардонида, ҳувияти ҳизбии интихобкунандагонро заиф гардонидааст.

Муайян намудани самти фаъолияти сиёсии ҳизб, коркарди барномаи ҳизб, ташаккули стратегия ва тактика вазифаҳои идеологии ҳизби сиёсиро ташкил медиҳанд. Одатан, ҳизбҳои сиёсӣ дорои барномаҳои сиёсии дарозмуддате мебошанд, ки онҳо ба меъёрҳои муайяни ҳизбӣ асос меёбанд. Идеология асоси назариявии фаъолияти ҳизбро ташкил менамояд.

Эътиқоди идеологии ҳизбҳо ба таври гуногун зоҳир мегардад. Аз ин рӯ, ҳизбҳои сиёсӣ метавонанд фаъолияти идеологӣ ва ё прагматикӣ дошта бошанд. Ҳизбҳои идеологӣ ба доктринаҳои мушаххаси идеологӣ такя намуда, идеал ва арзишҳои мувофиқро ташаккул медиҳанд ва барои дар амал татбиқ намудани онҳо кӯшиш менамоянд. Ҳизбҳои прагматикӣ бештар ба фаъолиятҳои амалӣ такя намуда, ҳалли масъалаҳои мушаххасро мақсади асосии худ қарор медиҳанд ва дар асоси меъёрҳои идеологӣ ба роҳ мондани рафтори аъзоёни худро зарур намешуморанд.

Ҳизбҳои сиёсӣ дар баробари ташаккул додани доктринаҳои сиёсии худ, инчунин кӯшиш менамоянд, ки арзишҳо ва идеалҳои худро дар ҷомеа паҳн намоянд. Зеро ҳар як ҳизб мехоҳад, ки аз ҷониби хайрхоҳони худ эътироф гардида, дастгирӣ ёбад. Аз ин рӯ, гузаронидани тарғиботу ташвиқоти сиёсӣ барои ҳар як ҳизб яке аз вазифаҳои муҳимми идеологӣ маҳсуб меёбад. Чопи маводҳои ҳизбӣ, тариқи радио ва телевизион суханронӣ намудани сарварони сиёсӣ, инчунин баромади онҳо дар ҷаласа ва ҷамъомадҳои гуногун боиси ташаккул ёфтани афкори ҷамъиятӣ мегардад.

Мубориза барои ба даст овардани ҳокимият ва ба манфиати аъзоёни худ истифода намудани он яке аз вазифаҳои асосии ҳизбҳои сиёсӣ ба шумор меравад. Дар амал татбиқ намудани ин мақсад вазифаи сиёсии ҳизб буда, якчанд навъи фаъолиятҳоро дар бар мегирад:

— ташаккул додани маъракаҳои интихоботӣ ва иштирок дар раванди интихобот;

-фаъолияти парлумонии ҳизб;

— иштирок дар раванди қабули қарорҳои сиёсӣ.

Дар ҷомеаҳои демократӣ ҳизбҳои сиёсӣ ҳамчун субъекти марказии раванди интихобот эътироф мешаванд. Интихобот майдони муборизаҳои сиёсӣ буда, дар он ҳизбҳои сиёсӣ ба таври расмӣ ва қонунӣ барои ба даст овардани ҳокимият ширкат меварзанд. Барои ташкил ва гузаронидани маъракаҳои интихоботӣ ҳизбҳо бояд аз донишҳои соҳаи маркетинги сиёсӣ ва технологияи интихоботӣ ба таври васеъ истифода намоянд. Ҳизбҳои сиёсӣ ҳангоми иштирок дар интихобот имкон пайдо менамоянд, ки худро ҳамчун неруи сиёсӣ муаррифӣ намоянд. Онҳо аз имкониятҳои маъракаҳои интихоботӣ истифода намуда, мақсадҳои барномавӣ ва идеяҳои асосии худро ба шаҳрвандони мамлакат тавсиф менамоянд. Ғайр аз ин, интихобот ба ҳизбҳои сиёсӣ имкон медиҳад, ки онҳо номзадҳои арзандаи худро барои ишғоли курсиҳои намояндагӣ ва барои интихоб шудан пешбарӣ намоянд.

Ҳамин тариқ, таҳлили вазифаҳои ҳизби сиёсӣ нишон медиҳад, ки дар ҷомеаҳои демократӣ ҳизби сиёсӣ дар миёни давлат ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ба сифати миёнарав баромад менамояд. Ҳизбҳои сиёсӣ манфиатҳои аъзоёни худро дар мақомоти давлатӣ муаррифӣ намуда, кӯшиши ҳимоя намудани онҳоро менамоянд. Ҳизби ҳоким сиёсати давлатро шарҳу эзоҳ медиҳад ва ҳизби мухолиф паҳлуҳои мухталифи онро танқид менамояд. Шаҳрвандон ба воситаи ҳизбҳои сиёсӣ талаботҳои гурӯҳии худро ба давлат пешниҳод менамоянд ва ҳамзамон ба ҳалли як қатор масъалаҳои сиёсӣ ноил мегарданд. Ҳамчунин, ҳизбҳои сиёсӣ дар миёни мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва шаҳрвандони мамлакат алоқамандӣ ва иртиботро таъмин менамоянд.


Калидвожаҳо: хизб, хизби сиёси, хизбхои точикистон, сиёсатшиносӣ, сиёсатшиноси, реферат бо забони точики, реферати точики, кори курси, маводхои омузишии точики, сомонаи донишчу тч, донишҷӯ тҷ, donishju tj, сайтхои точики, сайти омузиши, сомонаи омузиши, Вазифахои хизби сиёси