Ташаккули маданият ва фаъолияти окилона.
Дар мактаб оқилона ташкил кардани маданияти омӯзиш хонандагонро ба илмгирӣ ҳавасманд намуда, аз хасташавӣ ва дилгиркунӣ нигоҳ медорад. Дар омӯзиш фарахмандӣ ва рӯҳафзоӣ бояд. Шоири асри XIX Муҳаммадхоҷаи Кошиф фармуда: «Дар дарун оташ набошад, шӯъла кай берун занад». Аз ин лиҳоз омӯзгор бояд завқу шавқи шогирдонро шӯълавар гардонад.
Маданияти оқилонаи таълим бо сифати корҳои ақлии талабагон муайян карда мешавад. Дар тарбияи ақлӣ – илмомӯзӣ аввало аз толибилмон сабру матонат, сониян бо рағбати калон дуруст банақшагирии меҳнати ақлӣ, дақиқ ташкил кардани он, риоя намудани қоидаҳои ҳифзиссиҳа, оқилона истифода бурдани усулҳои кор бо китоб ва дигар мавхазҳои ахбор, худназоратӣ, сари вақт ислоҳ намудани хатоҳои амалиёт, худтаҳлилкунии натиҷаҳои меҳнати ақлӣ, пайдо кардани сабабҳои камбудиҳои рӯйдода ва бартарафкунии онҳо ба назар гирифта мешавад. Ин нишондодҳои маданияти меҳнати ақлӣ зарурати ташаккул додани маҳорат ва малакаҳои фаъолияти ташкили меҳнати таълимии толибилмон, малакаи худташкилдиҳӣ, худлоиҳакашӣ, худтанзимдиҳӣ ва худназоратиро низ тақозо мекунад.
Маданияти банақшагирии меҳнати ақлӣ аз кор кардани режими меҳнат, дамгирӣ ва истироҳат оғоз меёбад. Илми биоритмология (назми ҳаётии кор) собит менамояд, ки қобилияти кории инсон хусусияти фардӣ дошта, аксари одамон дар ду мавриди як шабонарӯзӣ хеле пурмаҳсул кор мекунанд: аз соати 9 то 12 – 13 ва аз соати 16 то 18. Яъне яке пагоҳӣ, дигаре аз ҷониби бегоҳӣ хуб фаъолият мекунанд. Вале ҷисми инсон хусусияти мутобиқшавӣ дорад. Бинобар ин баъзеҳо тартиботи рӯзро ба бахши корӣ ва ё таълимиашон мутобиқ карда танзим медиҳанд ва ба он одат мекунанд. Ҳар толиби илм бояд шароиту ҳолати шахсии худро ба ҳисоб гирад ва тартиби рӯзи корӣ танзим диҳад. Қоидаҳои умумӣ талаб мекунанд, ки дар нақшаи корӣ аввало корҳои начандон душвор, сипас мураккабро бояд ба ҳисоб гирифт ва корро ба тавре анҷом дод, ки шахсро хаста накунад.
Талабаҳои синфҳои ибтидоӣ таҳти роҳбарии муаллим мавриди ташкили корҳои таълимӣ бояд қоидаҳои умумии зайлро риоя кунанд: 1) ба ду мавриди сермахсулии корӣ худро мутобиқ гардонанд; 2) иҷрои супоришҳоро тавре ба нақша гиранд, ки меҳнати ақлии ҳаррӯза баробар тақсим гардад; 3) дар иҷрои супоришҳо саросемагӣ, дилтангӣ ва сатҳӣ рафтор накунанд, пухтакор бошанд; 4) ба тартиби нақша қатъиян риоя карда шавад.
Илми биоритмология хасташавиро ба се навъ муайян мекунад: а) якзайл – кам хасташавӣ; б) миёна хасташавӣ; в) беҳад мондашавӣ. Мавриди хасташавӣ бо роҳҳои зайл қобилияти коршоямиро барқарор кардан мумкин аст: якзайл хасташавиро бо тартиби дамгирии муайян, чунончи, мувофиқи тартиботи рӯз амалкунӣ; миёна хасташавиро, ки қобилияти корӣ то рӯзи дигар паст мешавад, бо роҳи хоб; дамгирии беҳадро бо саёҳат, баъзан бо роҳи табобат барқарор кардан мумкин аст.
Аз ин рӯ, маданияти меҳнати ақлӣ чунин қоидаҳоро пешниҳод мекунанд: давомдории кори фикрии хонандагон ҳар рӯз мувофқи синну солашон сурат гирад (барои синни хурди мактабӣ 6 – 7 соат, барои синни миёнаи мактабӣ 8 – 9 соат ва барои синни калони мактабӣ 10 – 11 соат); вақти истироҳатро қатъӣ бояд риоя кард. Физиология 7 – 8 соат хуфтанро тавсия мекунад. Пеш аз хоб 30 – 40 дақиқа дар ҳавои тоза сайругашт кардан мувофиқи талаб аст. Дар ҳар 45 – 50 дақиқа 5 – 10 дақиқа танаффус кардан ҳатмист. Нагуфта намонад, ки тағйир дода истодани машғулиятҳои фикрӣ ҳам дамгирии шахсро таъмин мекунад, масалан, навиштанро бо мутолиаи китоб табдил додан.
Ташкили меҳнати ақлӣ ба интихоби оптималии шакл, метод ва усулҳои фаъолият асос меёбад. Ин бештар дар усулҳои амалиёти фикркунӣ, ки аз гуфторҳои муаллим сар мезанад: иштирок ба сӯҳбат, иҷрои машқҳои амалӣ, ҳалли масъалаҳо, корҳои мустақилона ба вуқӯъ меояд.
Кор бо китоб яке аз фаъолиятҳои умдаи тарбияи ақлии хонандагон мебошад. Мавриди мутолиаи китоб усулҳои зайл пешниҳод мешавад: оқилона истифода бурдани мундариҷа; мавриди мутолиа моҳияти маводро муайян карда, аз ҳама муҳимашро ҷудо карда тавонистан; фикрҳои асосии қисмҳои алоҳидаи матн, мантиқан пайвастагии фикрҳо, муносибати донишҳои нав бо кӯҳна; ҷудо кардани ҷойҳои нофаҳм дар матн; гузориши саволҳо ба матн ва ҷавоб ба онҳо; ҳар ҷумларо фаҳмида хондан. Мавриди мутолиа ҷойҳои муҳимро дар дафтари корӣ навишта гирифтан; аз худ мисолҳо овардан ва ғайраҳо.
Малакаҳои маданияти меҳнати таълимии хонандагон бо ташкили оқилонаи азхудкунии қоидаҳо инкишоф дода мешавад. Ба ин ният чунин сӯҳбатҳо оростан мумкин аст: «Муносибати ту ба омӯзиш», «Ташкили кори омӯзиш», «Бо китоб чӣ тавр кор кардан лозим?», «Мекӯш ба ҳар варақ, ки хонӣ, он донишро тамом донӣ» (Низомии Ганҷавӣ) ва ғайраҳо. ҳангоми кор бо китоб ва иҷрои супоришҳои хонагӣ риоя кардани қоидаҳои ҳифзиссиҳаро низ тақозо мекунад: дуруст интихоб намудани ҷои корӣ – оромӣ, дуруст истифода бурдани равшанӣ, фараҳманди (шодиафзои) дар асоси реҷаи рӯзи корӣ, дар болои масъалаҳои мароқовар фикр рондан, фикрҳои муфиди ба сар омадаи худро фавран дар ягон ҷой зикр карданро дар бар мегиранд.
Маданияти меҳнати ақлӣ худсанҷии амалиёти фикрӣ, худназоратиро низ дар бар мегирад. Силсилаи худидоракунии фаъолияти таълимӣ бо худтаҳлилкунии натиҷаҳои ноилшуда, ислоҳи камбудиҳо хотима меёбад.





















