Китоби Алгоритмсози ва барномасози дар Бейсик, А. Назаров

Алгоритмсози барномасози дар забони барномасозии бейсик

Номи китоб: Алгоритмсозӣ ва барномасозӣ дар Бейсик
Муаллиф: Назаров Аҳтам Пулотович

Китобро боргирӣ кунед (скачать бесплатно pdf)


Тараққиёти технологияҳои компютерӣ, истеҳсоли тамғаҳои нав ба нави компютерҳо, коркарди забонҳои нави барномасозӣ ва воситаҳои барномасозӣ ба ҳалли як қатор масъалаҳои муҳими ҳаёт оварда расонд. Талабот ба барномаҳои компютерӣ бошад, рӯз то рӯз меафзояд. Ҳоло масъала ба он вобаста нест, ки ҳар як мутахассиси саводнок бо компютер кор карда тавонад. Зеро мавзӯъ ва мақсади ин дастур дигар аст. Он ба алгоритмсозӣ ва барномасозӣ равона карда шудааст. Мактабҳои ҷумҳурӣ бо компютерҳои ҳозиразамон, аз қабили Intel Pentium (1-4), Intel Celeron, Intel Dual Core ва амсоли инҳо таъминанд. Баъзе хонандагон дар хонаҳои худ компютер доранд.

Дар рафти омӯзиши дастури мазкур, хонанда каме бо таърихи пайдоиши техникаи ҳисоббарор шинос мешавад. Зинаи дуюми омӯзиш аз шиносоӣ бо алгоритмҳо ва алгоритмсозӣ иборат аст. Алгоритмҳо дар дастури мазкур бо ёрии блок-схемаҳо сохта мешаванд. Зинаи сеюми омӯзиш зинаи интиҳоӣ буда, ба асосҳои барномасозӣ бахшида мешавад. Барномаҳо дар забони барномасозии Бейсик тартиб дода мешаванд. Барномаҳои дар дастур оварда шуда чунон тартиб дода шудаанд, ки онҳоро дар компютерҳои ҳозиразамон иҷро намудан имкон аст. Аз трансляторҳои забон бошад, транслятори GWBASIС -ро истифода мебарем. Тарзи кор бо ин транслятор дар қисми иловаҳои дастур оварда шудааст.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Мақсад аз навиштани ин дастур аз он иборат аст, ки хонанда дар аввал бо роҳи содда ва фаҳмо алгоритмсозиро аз худ намояд. Ҳангоми алгоритмсозӣ бо ёрии блоксхемаҳо аз таҳриргарии матнии WORD истифода карданро мувофиқи мақсад мешуморем. Тасвир намудани блок-схемаҳо дар ин таҳриргар бениҳоят осон аст. Инчунин кӯшиш намудем, то барномасозони ҷавон бо роҳи содда ва фаҳмо асосҳои барномасозиро аз худ намоянд, дар оянда бо истифода аз дигар забонҳои барномасозӣ ва воситаҳои коркарди барнома барномаҳои мураккабро тартиб диҳанд. Бинобар ин дар дастур мисолу масъалаҳое оварда шудаанд, ки ба курси мактабӣ мувофиқ аст. Онҳоро муаллиф аз таҷрибаи кории худ ҷамъоварӣ намудааст. Дар охири ҳар як мавзӯъ супоришҳо барои кори мустақилона оварда шудаанд. Ин ба мустаҳкамкунии мавзӯъ равона гардида аст. Зеро кори мустақилона яке аз омилҳои асосии омӯзиш ва азхудкунии фанҳо мебошад. Ҳарчи бештар шавқу рағбати хонандагонро ба омӯзиши алгоритмсозӣ ва барномасозӣ бедор гардонем, ҳамон қадар омӯзгорон ба комёбиҳо ноил мегарданд.

Инчунин ба дастур расму нақшаҳо ва суратҳои олимон илова карда шудаанд. Ба ҳамаи истифодабарандагони дастур, ки фикру мулоҳизаҳои худашонро барои беҳтар гардидани мазмуну мундариҷаи дастур баён карда буданд, минатдории худро изҳор менамоям. Аз фурсат истифода бурда, ба устодам доктори илмҳои педагогӣ, Профессор, Узви вобастаи АТТ Нугмонов Мансур ва муҳаррири дастур Абдукаримов Маҳмадсалим, ки ёрии худро барои боз ҳам хубтар, аз ҷиҳати методию забонӣ саҳеҳтар ва ороиши компютерӣ дареғ надоштаанд, изҳори минатдорӣ менамоям.

Қайд кардан ҷоиз аст, ки дастури мазкур аз камбудиҳо холӣ нест. Аз хонандагон ва омӯзгорони мӯҳтарам хоҳиш дорам, ки фикру дархостҳои худашонро барои боз ҳам беҳтар гардидани мазмуну мундариҷаи дастур ба муаллиф бо суроғаи зайл ирсол намоянд: шӯъбаи маорифи шаҳри Ваҳдат, кӯчаи Туғдона-51 ё мактаби миёнаи таҳсилоти умумии №3 ба номи В.В. Терешковаи шаҳри Ваҳдат, кӯчаи Хуросон-18. Муаллиф ба ҳамаи шумоён пешакӣ минатдорӣ зоҳир намуда, дар омӯзиши асосҳои барномасозӣ роҳи сафед орзумандаст. Бо почтаи электронӣ метавонед дар алоқа бошед: [email protected]


Номи китоб: Алгоритмсозӣ ва барномасозӣ дар Бейсик
Муаллиф: Назаров Аҳтам Пулотович

Китобро боргирӣ кунед (скачать бесплатно pdf)


Мундариҷа:

Сарсухан

Боби 1. Таърихи пайдоиши техникаи ҳисоббарор

§1. Таърих ва шиносоӣ бо асбобҳои аввалини ҳисобкунӣ
§2. Мошинҳои механикӣ ва микрокалкуляторҳо
§3. Наслҳои МЭҲ

Боби 2. Алгоритмсозӣ

§4. Алгоритмҳо ва намудҳои онҳо
§5. Блок-схемаҳо
§6. Тартиб додани алгоритмҳо бо ёрии блок-схемаҳо
§7. Сохтани алгоритмҳои хаттӣ
§8. Сохтани алгоритмҳои шоханок
§9. Сохтани алгоритмҳои даврӣ

Боби 3. Барномасозӣ дар забони барномасозии Бейсик (ЗББ)

§10. Алифбо ва рамзҳои ЗББ
§11. Функcияҳои ададии стандартӣ ва мантиқии ЗББ
§12. Тағирёбандаҳо ва тарзи навишти онҳо дар ЗББ
§13. Ҳалли масъалаҳо бо ёрии реҷаи калкулятории компютер
§14. Реҷаи барномавии компютер. Қоидаҳои умумии барномасозӣ дар забони Бейсик
§15. Операторҳои оддии забони барномасозии Бейсик. Оператори дохилкунӣ
§16. Оператори хориҷкунӣ
§17. Оператори бахшиш
§18. Оператори нигоҳдории кори барнома ва охири барнома
§19. Тартиб додани барномаҳои хаттӣ
§20. Фармонҳои забони барномасозии Бейсик. Фармони иҷрои барнома
§21. Фармони LIST
§22. Фармони реҷаи автоматӣ
§23. Фармони тоза намудани хотираи компютер
§24. Операторҳои дохилкунии READ ва DATA
§25. Оператори шарҳдиҳӣ
§26. Барномаҳои шоханок. Оператори гузариши бешарт
§27. Оператори шартӣ
§28. Тартиб додани барномаҳои шоханок
§29. Барномаи ҳалли муодилаи квадратӣ
§30. Тартиб додани барномаҳои даврӣ
§31. Оператори давр
§32. Массивҳо. Оператори массив
§33. Тартиб додани барномаҳои даврӣ бо ёрии оператори массив

Боби 4. Таҳтбарнома

§34. Оператори муайян намудани функcияҳои ғайристандартӣ
§35. Мафҳуми зербарнома. Оператори муроҷиат ба зербарнома ва баргаштан аз он
§36. Оператори гузариши ҳисобкунанда
Машқҳои иловагӣ

Боби 5. Графикаи компютерӣ

§37. Функcияҳои оператори хориҷкунӣ ва идоракунии курсор
§38. Сохтани ҷадвали қиматҳо ва графики функcияҳо
§39. Реҷаи графикаи компютерӣ. Операторҳои асосии идоракунии курсор
§40. Оператори LINE
§41. Оператори CIRCLE
§42. Операторҳои PSET ва PAINT
§43. Оператори DEAW
§44. Оператори идоракунии садо

И Л О В А Ҳ О
Адабиётҳои истифодашуда


Номи китоб: Алгоритмсозӣ ва барномасозӣ дар Бейсик
Муаллиф: Назаров Аҳтам Пулотович

Китобро боргирӣ кунед (скачать бесплатно pdf)


Китоби мазкур бо мусоидати худи муаллиф дар сомона нашр мешавад. Аз ин ҷиҳат мудирияти сомона ба муаллиф изҳори миннатдорӣ мекунад.

ҚаблӣАндарзҳои Мавлоно Чалолуддини Балхи. Байту шеърхо
БаъдӣКитоби Асосхои технологияи компютери, А. Назаров