Шеър барои тоҷикони забонгумкардаи Ӯзбекистон

Шеър барои тоҷикони забонгумкардаи Ӯзбекистон

tajik tojik таджик точик тоҷик

Қадри забон

Забонгумкардагон аз қавми моянд
Ба назди дигарон мисли гадоянд,
Куҷо донанд забони модариро
Зи фарҳанги ғании худ ҷудоянд.

Ба назди халқи худ қадре надоранд
Ба ёру дӯсти худ ҳаргиз нафоранд,
Миёни кафтарон чуғзи хароба
Қадам бар мулки худ беҷо гузоранд.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Чунин ашхоси  нопок нотавонанд
Ба мисли гову гӯсфанд безабонанд,
Ҷудо аз нангу номуси ниёгон
Асарҳои бузургонро нахонанд.

Гумон созам ба қайди мурдагонанд
Ки лаънатзадаи давру замонанд,
Зи тақдири баде доимо ноланд
Дар зиндаги беному нишонанд.

Гирифтори дардеву бедавоянд
Ба ҳалқу Меҳани худ бевафоянд,
Ҳама мункири дину мазҳаби худ
Надоранд эътиқоду, бехудоянд.

Asad Gulzoda Bukhoroi (Бознашр аз гурӯҳи телеграмии @tjmuallim)

ҚаблӣШеъри “Руди Ганг”-и Мирзо Турсунзода
БаъдӣШеъри “Тара-Чандри”-и Мирзо Турсунзода