Мафҳумҳои асосии педагогика

Чунон ки дар боло зикр кардем, тарбия аз пайдоиши ҷамъияти инсонӣ сарчашма гирифта, то имрӯз хеле ривоҷу равнақ ёфта омадааст. Дар асоси маҷмӯи таҷрибаҳои ғуншудаи зиндагӣ ва инкишофи қувваҳои истеҳсолӣ бо талаботи зарурии зиндагӣ назарияи донишҳои тарбия – илми пе­дагогика кор карда шуд. Аввалҳо ин соҳаи дониш дар дохили илми фалсафа вуҷуд дошт. Сониян педагогика ҳамчун фанни алоҳида ва мустақил аз ибтидои қарни XVII аз фалсафа ҷудо шуд, ки дар ин бобат хидмати педагоги чех Ян Амос Коменский (1592 – 1670) басо калон аст.

Илми педагогика чун дигар илмҳо истилоҳоти асосии худ­ро дорад: инкишоф, маълумот, таълим, тарбия. Нисбат ба истилоҳот ин мафҳумот инҷо мо ба тариқи зайл маълумоти назарӣ медиҳем, зеро онҳо дар қисматҳои дигари китоби маз­кур ба таври муфассал ифшо ёфтаанд.

Инкишофи шахсият мувофиқи консепсияи диалектика аз раванди дигаргунии миқдорӣ ва сифатӣ иборат буда, аз давраи тавлиди фард то нафаси охирини шахс тибҳи қонунияти анатомӣ – физиологӣ ва рӯҳӣ (психилогӣ) сурат мегирад. Ин­кишоф аз амалиёти паст ба баланд, аз оддӣ ба мураккаб, аз номукаммал ба мукаммал ноилшавии имконияти ҷисмонӣ ва рӯҳии шахс аст.

Инкишофи инсон чист?

Инак, инкишофи инсон – ин раванди ташаккулёбии фард, ки тавассути таъсири омилҳои зоҳирӣ ва ботинӣ, идорашаванда ва табиӣ рух медиҳад.

Инкишофи рӯҳӣ, ҷисмонӣ ва умумии шахсиятро бояд фарқ кард. Дар таҳти мафҳуми инкишофи рӯҳӣ (психологӣ) рушди зеҳнӣ, ирода, эҳсос, инчунин талабот, қобилият ва феълу атвори шахсият фаҳмида мешавад. Инкишофи ҷисмонӣ рушди организм: мушакҳо, қаду қомат, гардиши хун, мутаҳаррикии банду буғумҳо ва ғайраро ифода мекунад. Ин­кишофи умумӣ рушди муштараки рӯҳиву ҷисмонӣ, ахлоҳӣ ва дигар ҷиҳатҳои шахсиятро фаро мегирад. Шахсият ин натиҷаи қонунии таъсиррасонии мутақобили омилҳои зиёд. Қисме аз ин омилҳо новобоста ба ирода ва шуури шахс каму беш таъсир мекунад. Ба ин табиати биологии шахс, дараҷаи қонунии болоравии истеҳсолот, муносибати иҷтимоӣ, ҳодисаҳои психологияи иҷтимоӣ (талқинёбӣ, тақлидкунӣ ва амсоли инҳо), шаклҳои робитаи байниҳамдигарӣ, шароити микромуҳит дохил мешаванд.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Омилҳои дигаре, ки ба ирода ва шуури одамон кам ва ё беш вобастагӣ доранд, ин идеология, фаъолияти созмонҳо, давлат, муассисаҳои ҷамъиятӣ мебошад. Ниҳоят гурӯҳи саввуми омилҳо – ин инкишофи муташаккилона аст. Дар инкишофи муташаккилона донишу ҳунарҳое дар як муддати кутоҳ ёд дода мешаванд, ки дар такомулоти онҳо гузаштагон давру замонҳои тулонӣ ба харҷ додаанд. Чунончи, хонандагон дар мактаб қоидаҳои грамматикии забонро дар як муддати муайян (7-9 сол) меомӯзанд. Ҳол он ки барои ташаккулу такомулоти он мутахассисон асрҳои аср меҳнат сарф кардаанд. Ҳамаи ин омилҳо дар маҷмӯъ ташаккули шахсиятро таъмин мекунад.

Маълумот чист?

Маълумот – раванд ва натиҷаи азхудкунии системаи донишҳои илмӣ, маҳорату малакаҳои маърифатӣ ва дар асоси онҳо ташаккулёбии ҷаҳонбинӣ, ахлоқ ва дигар сифатҳои шахсият, инкишофи қудрату қобилияти эҷодии хонандагон.

Дараҷаи маълумот таҳти қобилияти худомӯзии мунтазам ва сермаҳсулии ин ё он соҳаи фаъолияти иҷтимоии шахс намоён мегардад. Маълумот тавассути фаъолиятҳои зерин ҳосил мешавад: худомӯзӣ, таҳсил дар курсҳо, лекторияҳо, ахбори оммавӣ, дар истеҳсолот ва ғайра. Аммо роҳи дуруст ва эътимодноки маълумотгирӣ ин таълими мунтазами муташак­килона аст. Дараҷаи маълумотнокӣ гуногун мешавад: ибтидоӣ, миёна, олӣ. Маълумотнокӣ ба ину он қисмати дониш, мавзӯъ ва ё ягон масъала низ мансубият дошта метавонад: маълумот дар бораи ҷумла, маълумот оиди обу ҳаво, малумот дар бораи ашхос ва ғайра.

Таълим чист?

Таълим – фаъолияти якҷояи мақсадноку муташакилонаи муаллим, талаба ва аҳли оила буда, дар натиҷаи он дар хонандагон дониш, маҳорат, малака, ақида, ҷаҳонбинӣ ва арзишҳои маънавӣ ҳосил карда мешавад.

шеър барои рузи муаллим, устод, омузгор

Фаъолият ва ҳамкории муаллиму хонандагон барои бо донишҳои зарурӣ мусаллаҳ гардондан ва ҳосил намудани маҳорату малакаҳо, инкишоф додани қобилияти дарккунӣ ва эҷодии хонандагон равона карда мешавад.

Тарбия чист?

Тарбия раванди бошуурона ва мақсадноки ба воя расондани бачагон аз тарафи падару модар, муассисаҳои таълимӣ-тарбиявӣ, ҷомеа мебошад, ки дар асоси ба ҳисоб гирифтани хусусиятҳои синну солӣ, психологӣ ва фардии бачагон ба амал бароварда мешавад.

Хусусияти хоси тарбия нисбати дигар омилҳои инкишофи шахсият дар он аст, ки тарбиятдиҳанда шуурона мақсади муайян мегузорад ва барои ноил шудан ба он саъю кӯшиш на­муда, воситаҳои амалӣ гардонидани мақсадро пайдо мекунад.

Ин мавзӯъ ба мавзӯи зерин тааллуқ дорад:

Фан ва вазифаҳои педагогика


Мафхумхои асосии педагогика, реферат, бо забони точики.

ҚаблӣОмӯзиши забони англисӣ — Тарзҳои ҷавобдиҳӣ ҳангоми шиносоӣ
БаъдӣМавзӯи педагогика ва масъалаҳои асосии тадқиқоти он