Мағзи сар (суолҳои тестӣ аз биология)

Суолҳои тестӣ аз фанни биология дар бораи Мағзи сар. Суолхои тести аз фанни биология дар бораи Магзи сар.


Мавзӯҳои вобаста ба Мағзи сар:

Мағзи сар

Нимкураҳои калони мағзи сар


1. Ҳароммағз ду вазифаи асосӣ:

А) Рефлекторӣ ва ноқилӣ.
В) Хоб ва бедорӣ.
С) Ҳазми хӯрок ва хориҷшавии пешоб.
Д) Таъмини об ва моддаҳои нодаркор.
Е) Интихоби истироҳатро иҷро мекунад.

2. Аз ҳароммағз чанд ҷуфт сегмент мегузаранд?

А) 20. В) 21. С) 30. Д) 31. Е) 40.

3. Фаъолияти узвҳои даруниро кадом қисмати системаи асаб танзим мекунад?

А) Соматикӣ.
В) Худмухторӣ.
С) Ҷисмонӣ.
Д) Ҳамааш.
Е) Ягонтоаш.

4. Боздориро дар системаи марказии асаб аввалин бор кадом олим муайян кардааст?

А) Пирогов Н.И.
В) П. Анохин
С) И Павлов
Д) И. Сеченов
Е) С. Боткин.

5. Дарозии ҳароммағз чанд см мебошад?

А) 13-15. В) 23-25. С) 33-35. Д) 43-45. Е) 53-55.

6. Паҳнии ҳароммағз чанд мм аст?

А) 10-11. В) 12-13. С) 14-15. Д) 16-17. Е) 18-19.

7. Вазни ҳароммағз чанд г-ро ташкил медиҳад?

А) 10-11. В) 20-21. С) 30-56. Д) 40-41. Е) 50-51.

8. Ҳароммағз аз чанд қабат иборат аст?

А) 1. В) 2. С) 3. Д) 4. Е) 0.

9. Ҳароммағз аз кадом моддаҳо иборат аст?

А) Сафед, сиёҳ.
В) Зард, сабз.
С) Кабуд, бунафш.
Д) Сафед, хокистарранг.
Е) Сиёҳ, хокистарранг.

10. Нимкурраи калони сар аз чанд қисм иборат аст?

А) 2. В) 3. С) 4. Д) 5. Е) 6.

11. Асоси моддаи фаъолияти рӯҳии одамро чӣ ба вуҷуд меорад?

А) Пулак.
В) Мағзи мобайн.
С) Мағзи дарозрӯя.
Д) Мағзча.
Е) Нимкураи калон.

12. Кадом доираҳо дар нимкураи калони сар фарқ мекунанд?

А) Хотирот, нутқ.
В) Ҳискунанда, ҳаракат.
С) Тафаккур, рафтор.
Д) Нутқ, ҳарорат.

13. Доираи сомеа дар кадом қисм ҷойгир аст?

А) Қисми пешонӣ.
В) Қисми чакка.
С) Қисми фарқ.
Д) Қисми пушти сар.

14. Дар кадом қисми сар доираи босира ҷойгир аст?

А) Қисми пешонӣ.
В) Қисми чакка.
С) Қисми фарқ.
Д) Қисми пушти сар.

15. Қабати қишри мағзи сар аз кадом намуди моддаҳо иборат аст?

А) Сурх.
В) Сиёҳ.
С) Сафед.
Д) Зард.
Е) Хокистарранг.

16. Доираи эҳсосӣ ба кадом қисми сар тааллуқ дорад?

А) Пулак.
В) Мағзи мобайн.
С) Мағзи дарозрӯя.
Д) Мағзча,
Е) Нимкураи калон.

17. Оламро дарк намудани одам ба кадом доира тааллуқ дорад?

А) Доираи ҳаракат.
В) Доираи эҳсосӣ.
С) Доираи босира.
Д) Доираи сомеа.

18. «Бадани зинда бе муҳити беруна, ки мавҷудияти ӯро муҳофизат мекунад, ғайри имкон аст», сухани кадом олим аст?

А) Павлов И.П.
В) Сеченов И.М.
С) Анохин П.К.
Д) Ухтомский А.А.

19. Асаби вегетативӣ (худмухторӣ)-ро кадом олим ва кай кашф кардааст?

А) И.Сино XII.
В) П.А.Загорский X.
С) Ф.К.Биш XIX.
Е) В.А.Бец XX.

ҚаблӣБофта (суолҳои тестӣ аз биология)
БаъдӣАъзои такя ва ҳаракат (суолҳои тестӣ аз биология)

Назари худро нависед

Лутфан шарҳи худро нависед!
Лутфан номи худро нависед