Солшумориҳо ва тақвимҳо. Солшуморӣ дар таърих

Солшумориҳо ва тақвимҳо. Солшуморихо ва таквимхо. Солшумори дар таърих.


Ахамияти солшуморию таквимхо

АҲАМИЯТИ СОЛШУМОРИЮ ТАҚВИМҲО. Ҳамин ки ҷомеаи инсонӣ ба давраи таърих ворид шуда ва аз мавҷудияти худ дарак дод, зарурати солшуморӣ ба миён омад. Бахусус,  вақте ки солшуморӣ бештар зарур шуд, дар натиҷа иттиҳоди қабилаҳо ва давлатҳо ба вуҷуд омад.

Аҳамияти солшуморӣ дар таърих бағоят бузург мебошад. Инро дар муқоиса хубтар исбот кардан мумкин аст. Дар дарсҳои забони модарӣ қоидаҳои грамматикӣ бо мисолҳо  оварда шудаанд. Забон бе ҳарфу овоз, калима, ибора ва ҷумлаҳо вуҷуд надорад. Таърих бошад, макон, замон, қаҳрамонҳо, ихтилофҳо, далелҳо, воқеаҳо, равандҳо ва тамоюлҳои худро дорад. Дар байни ҳамаи онҳо замон дар ҷойи аввал меистад. Аз ҳамин сабаб тақвим – солшуморӣ манбаи муҳимтарини таърих аст. Воқеаҳои таърихӣ ба воситаи солшуморӣ исбот карда мешаванд.

Расми 21. Давраҳои моҳтоб
Расми 21. Давраҳои моҳтоб

Дар таърих солшумориҳо хеле бисёранд. Дар аввал аксари давлатҳои дунёи қадим тақвим ва солшумории худро доштанд.

Ҳатто баъзе  шоҳҳо солшумории давлати худро аз рӯзи ба тахти подшоҳӣ нишастанашон оғоз мекарданд. Ҳамин ки шоҳ вафот мекард, ба ҷояш шахси дигар шоҳ шуда, солшумориро дар қаламрави давлаташ аз нав оғоз менамуд. Дар баъзе давлатҳо солшуморӣ қатъ намегардид ва аз нав ҳам оғоз намеёфт.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Бо мурури замон дар ҷаҳон шумораи тақвимҳо кам шудан гирифта, ҳисоби сол барои халқу давлатҳо содаю осонтар гардид. Имрӯз дар Шарқ ва Ғарб маъмулан се солшуморӣ истифода мешавад: солшумории томилодӣ, солшумории милодӣ ва солшумории ҳиҷрӣ (ҳиҷрии шамсӣ ва ҳиҷрии қамарӣ).


Солшуморихои томилоди

СОЛШУМОРИҲОИ ТОМИЛОДӢ. Оғози солшумории томилодӣ то ҳол аниқ карда нашудааст, лекин охири ин солшуморӣ маълум аст. Он дар охири ҳазорсолаи якуми пеш аз милод ба охир расидааст. Солшумории томилодӣ аз зиёдӣ ба сӯйи камшавӣ сурат мегирад, яъне, аввал соли 1000, баъд соли 999, 998, 997, 996… ва ҳамин тариқ, то соли I пеш аз милод рафта ба охир мерасад. Ҳисоби ҳазорсолаҳои ояндаи томилодӣ ҳам ҳамин тавр сурат мегирад. Ҳазорсолаи охирини солшумории томилодӣ ҳазорсолаи I пеш аз милод мебошад. Баъди ба охир расидани ин ҳазорсола солшумории милодӣ оғоз меёбад.

Яке аз солшумориҳои қадимтарин солшумории зардуштӣ мебошад. Сарчашмаҳои хаттии таърихӣ таъсиси онро ба Зардушт нисбат медиҳанд. Солшумории зардуштиро солшумории авастоӣ низ меноманд.

Ин тақвим дар баъзе ноҳияҳои Осиёи Марказӣ ва Эрон дар нимаи аввали ҳазорсолаи I п.а.м. ҷорӣ гардидааст. Солшумории зардуштӣ ба Суғд, Хоразм, баъзе давлатҳои дигари Шарқ ва Аврупои Ҷанубу Шарқӣ низ роҳ ёфтааст. Онро Ҳахоманишиён дар давлати худ соли 441 п.а.м. ҷорӣ кардаанд. Солшумории зардуштӣ солшумории ягонаи форсизабонҳо набуд. Ғайр аз он, солшумории Форси қадим, суғдӣ, хоразмӣ ва яздигурдӣ низ вуҷуд доштанд.

Солшумории зардуштӣ шамсӣ буда, 1 соли он 365 рӯзро ташкил медод. Ин солшуморӣ 12 моҳ дошт.

Солшумории қамарӣ (моҳтобӣ) аз ҳама қадимтарин ва барои одамони он замон аз ҳама осонтарин буд. Ин солшуморӣ бо вуҷуди он ки дар бисёр мамлакатҳо истифода мешуд, як камбудӣ ҳам дошт, ки он ҳар сол дар як вақт ба итмом намерасид.


Солшумории милодӣ

СОЛШУМОРИҲОИ МИЛОДӢ. Солшумории аслии милодӣ аз пайдоиши дини насронӣ оғоз ёфтааст. Онро имрӯз қариб тамоми ҷаҳон истифода мебарад. Солшумории милодӣ аз соли 1 ҳазорсолаи 1 милодӣ оғоз ёфта, ба сӯйи зиёдшавӣ меравад. Ғайр аз солшумории масеҳӣ, дар ин давра солшумориҳои дигар низ вуҷуд доштанд.

Расми 22. Солшумориҳо аз дунёи қадим то давраи муосир
Расми 22. Солшумориҳо аз дунёи қадим то давраи муосир
Расми 23. Солшумории пеш аз милод ва милодӣ
Расми 23. Солшумории пеш аз милод ва милодӣ

Солшумории григорианӣ дар Аврупо пайдо шудааст. Онро Папаи Рим Григории XIII соли 1582 ҷорӣ кардааст. Дар ин қитъа то ҷоришавии солшумории григорианӣ солшумории юлианӣ маъмул буд, вале ин солшуморӣ оҳиста-оҳиста ҷойи худро ба солшумории григорианӣ дод. Онҳо аз ҳамдигар ҳамагӣ 13 рӯз фарқ доштанд. Дар миёнаҳои асри XX солшумории григорианӣ қариб дар тамоми мамлакатҳои ҷаҳон мавриди истифодаи доимӣ қарор гирифт.

Шоҳи охирини Сосониён Яздигурди III 16 июни соли 632 (ба солшумории ҳиҷрии қамарӣ мутобиқ аст) дар қаламрави давлати Сосониён тақвими худро ҷорӣ намуд, ки онро солшумории яздигурдӣ номидаанд. Соли 651 Эрон ба ҳайати Хилофати араб дохил шуд. Дар баробари дар Эрон ҷорӣ шудани дини ислом дар ин ҷо тақвими ҳиҷрӣ низ ҷорӣ мегардад.

Солшумории ҳиҷрӣ аз рӯзи ҳиҷрати пайғамбари ислом Ҳазрати Муҳаммад (с) аз Макка ба Мадина оғоз меёбад, ки он мутобиқи 16 июли соли 622-и милодист.

Масалан, соли 2004 ба соли 1383 ҳиҷрии шамсӣ баробар аст. Солшумории ҳиҷрӣ шамсӣ (офтобӣ) ва қамарӣ (моҳтобӣ) мешавад. Солшумории шамсии ҳиҷрӣ 365 рӯз ва қамарӣ 10 рӯз аз солшумории шамсии ҳиҷрӣ камтар аст. Ин солшуморӣ асосан дар давлатҳои исломӣ дар истифода аст.


Хисоби мулчар

ҲИСОБИ МУЛҶАР. Мардуми форсизабон, аз он ҷумла, тоҷикон барои муайян кардани синну соли шахс ва баъзе корҳои дигар аз солшумории худ, ки «мулҷар» ном дорад, истифода мебаранд. Мулҷарро на танҳо мардуми форсизабон, балки мардуми зиёди мамлакатҳои Машриқзамин низ истифода мебаранд. Имрӯз он ба мамлакатҳои Ғарб низ роҳ ёфтааст. Ҳисоби мулҷар аз 12 сол иборат буда, ҳар кадоми он номи худро дорад. Он бо тартиби зайл сурат мегирад:

Мучал / мучар / Мулҷар: тақвими тоҷикию форсӣ
Мулҷар: тақвими тоҷикию форсӣ

Соли мулҷар ҳар сол 21 март оғоз ёфта, то 21 марти соли ояндаро дар бар мегирад, яъне аз иди Наврӯзи феълӣ то иди Наврӯзи оянда давом мекунад.

Тарзи ҳисоби синну соли шахс аз рӯйи ин солшуморӣ хеле осон аст. Масалан, агар шахс баъди 20 марти соли 1953 таваллуд шуда бошад, пас солаш мор аст. Аз аввали соли 1953 то охири соли 1965, яъне аз аввали соли мори мӯлҷари гузашта то аввали соли мори мулҷари оянда ӯ 13-сола, то аввали соли мори мулҷари дигар – соли 1977  25 – сола мешавад.

Ҳангоми ҳисоби мулҷар мулҷари аввал 13 сол ва мулҷарҳои минбаъда 12-солӣ ҳисоб карда мешавад.

Ҳамин тариқ, агар шахс соли мулҷари таваллудашро донад, аз рӯйи ин ҷадвал синну соли вайро бе ягон мушкилие муайян кардан мумкин аст.

Солшумории мулҷар дар илми таърих кам истифода бурда мешавад.


САВОЛ ВА СУПОРИШҲО

  1. Солшуморӣ дар илми таърих чӣ аҳамият дорад?
  2. Шумо кадом солшумориҳоро медонед?
  3. Солшумориҳои томилодиро ном баред.
  4. Мувофиқи солшумории милодӣ алҳол кадом сол аст? Мувофиқи солшумории ҳиҷрӣ чӣ?
  5. Оид ба ҷадвали  солшуморӣ  бо  ҳамдарсон  саволу  ҷавоб  кунед.
  6. Номҳои солшумории мулҷарро аз ёд кунед.
  7. Аз рӯйи ҳисоби мулҷар синну соли волидон ва аъзоёни дигари оилаатонро муайян кунед.
  8. Аз рӯйи ҷадвалҳо давраҳои таърихиро шарҳ  диҳед.
ҚаблӣБавуҷудоии давлат / Бавучудоии давлат
БаъдӣСолшуморихои томилодӣ. Солшумории милодӣ.