Шеър дар бораи забони тоҷикӣ

Дар ин саҳифа шеърхо дар васфи Забони точики, шеър дар бораи забон, шеърҳо дар бораи забони точики оварда мешаванд. Шеърҳои нав ҳам дар ҳамин саҳифа оварда мешаванд.

Оҷ гум карду забонро гум накард,
Тоҷ гум карду забонро гум накард,
Тахт гум карду забонро гум накард,
Рахт гум карду забонро гум накард,
Бахт гум карду забонро гум накард.

Дар ҳадду сарҳадшиносии ҷаҳон
Сарҳади тоҷик забони тоҷик аст,
То забон дорад, ватандор аст ӯ,
То забондор аст, бисёр аст ӯ,

Бешумор аст,
Беҳисоб аст,
Беҳад аст.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Бозор Собир


Забони мо

Забони мо забони ширадор аст,
Мусаффотар зи оби чашмасор аст.

Забони Бӯҳанифа, Пири Тӯсӣ ,
Забони Рӯдакии мондагор аст.

Забони Бедилу Саъдию Ҳофиз,
Забони Анварии дилфигор аст.

Забони Сайидо, Мирзову Боқӣ,
Забони Ҷомии овозадор аст.

Забони Айниву Аттору Хайём,
Забони Мавлавии хоксор аст.

Забони Туғралу Лоиқу Сармад,
Забони Бӯалии номдор аст.

Забонашро касе, ки хор созад,
Агарчи зинда, аммо дар мазор аст.

Забони тоҷикӣ нобасту беғаш,
Забони андалеби навбаҳор аст.

Забони тоҷикиро то қиёмат
Самарқанду Бухоро посдор аст.

Забони мо нахоҳад рафт аз байн,
Агарчи бар сараш садҳо фишор аст.

Забони мо қадимӣ, бостонист,
Забони мо забони обшор аст.

Забони мо забони аҳли ҷаннат,
Ки ин ҳарфи расули Кирдугор аст.

Ҷаҳон то ҳаст дорам эътимоде,
Забони мо ҳамеша пойдор аст.

28/09/2014 Кӯҳзоди Фатҳулло


5 октябр – Рузи забони точики

МУҲТАРАМ ШУД ИН ЗАБОН ТО ҶОВИДОН

Он ки бифрӯшад забони модараш,
Ҳам тавонад хоки меҳанро фурӯхт.
Он ки туф созад ба рӯйи миллаташ,
Ҳам бихоҳад халқи худ бо тир дӯхт.

Он ки рӯ гардонад аз лафзи дарӣ,
Рӯ биёрад ҷониби дигар даре.
Андар он ҷо низ монад андаке,
Пас равад дар фикри ҷойи дигаре.

Он ки бошад устувору бовиқор
Дар нигаҳдории лафзи модарӣ.
Сад дари маънӣ шавад во пеши рӯ,
Лафзи дигар ҳам бидонад беҳтаре.

Он ки аз гуфтори модар ор кард,
Мекашад як рӯз хории забон.
Сад таассуф, байни модар ҳам писар
Эҳтиёҷ афтад ба кори тарҷумон.

Он ки медонад забони форсӣ
Буд лафзи орифони покдил.
Аз тариқи вожаҳои сабзи он
Рӯзу шабҳо менамояд пок дил.

Он ки медонад тавони лафзи хеш,
Ҳамчу тӯморе варо дорад нигоҳ.
Меравад бар разми ҷаҳлу зулмҳо,
Дорад ин тӯмор аз ғам дар паноҳ.

Баски Пайғамбар (с) ба лафзи форсӣ
Кард фикри хешро гоҳе баён.
Аз чунин файзу футӯҳе, ки гирифт,
Муҳтарам шуд ин забон то ҷовидон.

Хусрав


забон шеър шеър дар васфи забон сухан оч гум карду забонро гум накард

Забонгумкарда (Лоик Шерали)

Қаблӣ#10 Саволнома бо мукофотпулӣ – 21.02.2021
БаъдӣСӯх сарзамини тоҷикнишин дар Ӯзбекистон

14 шарҳ

  1. ман забони худамро дуст медорам ва мехохам дар васфаш шеър нависам. забон дар дахон посбони сар аст. хушбахт касест ки забондон бошад… хар чо ки кадам нихад забондон бошад. зангулаи гахвораву гиряи тифл, хар субх варо зи хоб бедор кунад. мо хама бояд забонамонро дуст дорем.

  2. Забони мо забони ширадор аст,
    Муффотар зи оби чашмасор аст.
    Забони Буханифа, Пири Туси,
    Забони Рудакии мандагор аст.

  3. Забон ойинаест, ки дар он симои пурчилои миллат иньикос мешавад ва мо бояд ба кадри ин нишонаи хастии миллатамон расем…..Э. Рахмон.

Назари худро нависед

Лутфан шарҳи худро нависед!
Лутфан номи худро нависед