Эътиқоди динии Мисриёни қадим

Парастиши ашё ва неруи табиат. Парастиши арвох. Парастиши худо Осирис. Парастиши Офтоб. Эътикоди динии Мисриёни кадим.


Парастиши ашё ва неруи табиат

Дар Миср эътиқодҳои динӣ ҳанӯз дар асри санг пайдо шудаанд. Мисриёни қадим аввал ҳар гуна ашё ва унсури неруҳои табиатро мепарастиданд. Ҳамин тариқ, худоҳои Нейт, Мино, Ух ва худоҳои зиёди дигар ба вуҷуд омадаанд.

Расми 59. Ибодатгоҳи олиҳа Найт
Расми 59. Ибодатгоҳи олиҳа Найт

Мисриёни қадим дар баробари парастиши ашё, наботот ва ҳайвоноти алоҳида неруҳои пурзӯру даҳшатноки табиатро низ мепарастиданд, зеро дар фаҳмидани сабабҳои cap задани онҳо оҷиз буданд. Аз биёбон шамол ба ҷониби Миср сели регро меовард, ҳайвоноти ваҳшии биёбон доимо ба инсон таҳдид мекарданд. Аз ин рӯ, биёбон мавриди парастиши мисриён қарор мегирифт. Дарёи Нилро низ, ки ба сари мисриён ҳам хушбахтию ҳам бадбахтӣ меовард, мепарастиданд. Барои аз хатари Нил эмин мондан, дар мавсими обхезии он қурбонӣ ҳам мекарданд.

Яке аз Худоҳои аввалини бо табиат алоқадоштаи мисриёни қадим худои Гэбе буд. Ӯ олиҳа-модари табиат ва Худои қадимтарини мисриёни қадим ба шумор мерафт. Кишоварзони мисрӣ аз сабаби он ки дар замин зиндагонӣ карда, аз ҳосили он рӯз мегузаронданд ва мурдаҳояшонро дар замин мегӯронданд, онро ибтидои ҳаёт ва марг медонистанд. Аз ин рӯ, дар «Матнҳои аҳромҳо»дар хусуси майит гуфта мешавад, ки ӯ «заминро мегазад, Гэберо мегазад, падарро мегазад».

Аз заминҳои киштбоби водии дарёи Нил танҳо тавассути обёрии сунъӣ ҳосил рӯёнидан мумкин буд. Аз ин рӯ, мисриёни қадим дар об неруи ҳаётбахшро медиданд. Худои обро мисриён Нун меномиданд. Ба назари онҳо об асоси тамоми табиат аст. Ин буд, ки Нилро ҳамчун Худо парастида, онро Хапи меномиданд ва ба худои ҳаётбахши неруҳои табиат – Осирис муқоиса мекарданд. Ин худоро дар байни худоҳои худ «худои калонӣ» меномиданд. Ғайр аз худоҳои номбурда мисриёни қадим ба худоҳои зиёди дигар низ эътиқод доштанд. Аз он ҷумла, ба Су (худои ҳаво), Тифанит (худои холигӣ ва нестӣ), Чиб (худои замин), Нут (худои Нил), Сит (худои саҳро), Гора (худои борон ва об), Раъ (Офтобхудо), Изида (худои борон) ва ғайра.

Чӣ тавре ки маълум шуд, чунин худоҳо хеле зиёданд. Лекин дар байни тамоми худоҳо худои Офтоб – Раъ, ки ҳангоми аз ҷониби Машриқ тулӯъ кардани Хуршед Хорус ва ҳангоми ғуруб Осирис хонда мешуд ва худои саҳро Сит мартабаи баландтар доштанд.

Расми 60. Олиҳа Бистет
Расми 60. Олиҳа Бистет

Мисриёни қадим бар он ақида буданд, ки рӯҳи марҳум то замони вайрон шудани ҷасад гирдогирди он давр мезанад, то ки битавонад бори дигар ба он ворид шавад. Аммо ҳамин ки ҷасад фосид гашт, рӯҳ ноилоҷ қабрро тарк карда, ба шаҳр даромада, зиндагонро нороҳат месозад.

Расми 61. Худо Гор, ки шакли харро дорад, мағлуб мекунад
Расми 61. Худо Гор, ки шакли харро дорад, мағлуб мекунад

Пас барои он, ки ҷасад вайрон нашавад, бояд тадбире андешид. Мумиё кардани майит тадбире буд, ки мисриёни қадим аз он истифода мебурданд. Яке аз усулҳое, ки мисриён барои мумиё кардани ҷасад истифода мебурданд, чунин буд: аввал узвҳои дарунӣ ва майнаи майитро тоза карда, онро бо маҳлули намакин шуста, ба матоъи махсусе мепечонданд. Чунин ҷасад хушк шуда, чандин садсолаҳо боқӣ мемонд.

Дар Мисри қадим фиръавнҳоро ҳамчун Худо мепарастиданд. Мисриён бовар доштанд, ки чунин ҳокимияти мутлақеро, ки фиръавнҳо доранд, танҳо худоҳо дошта метавонанд. Фиръавнҳоро «писари Худо» ва «Худои бузург» меномиданд. Аз ин рӯ, одамони оддӣ ва ашроф дар назди фиръавнҳо дузону зада, пойҳояшонро бӯса мекарданд, гӯё ки бо ҳамин ҳурмату эҳтироми худоҳоро ба ҷо меоварда бошанд.

Парастиши арвоҳ

Дар Миср ҳанӯз аз замони авлодӣ парастиши рӯҳи ниёгон вуҷуд дошт. Мисриён бовар доштанд, ки марг нест шудани ҳастии инсон набуда, балки гузариши ӯ ба олами баъд аз марг аст. Онҳо мегуфтанд, ки ҳаёти баъди марг як навъ идомаи мавҷудияти заминии инсон мебошад. Мисриён кӯшиш мекарданд, ки ба фавтидагон барои дар он дунё зиндагӣ кардан тамоми шароитро муҳайё созанд. Барои ҳамин бо ҳамроҳии ҷасад хӯрокворӣ, зару зевар, сарулибос, ҳар гуна зарфҳо ва ашёи дигарро мегӯронданд. Мисриёни қадим ба он ақида буданд, ки рӯҳи марҳум ба ивази ин ғамхорӣ ба зиндагонашон шафоат хоҳад кард.

Ҳанӯз дар замони шоҳигарии Мисри қадим дар ин мамлакат ҳар гуна ривоятҳо ва суруду қиссаҳои динӣ пайдо шудаанд. Онҳо дар замони шоҳигарии нави Миср дар маҷмӯаи китоби папирусие бо номи «Китоби мурдагон» гирд оварда шудаанд.

Парастиши худо Осирис

Дар бораи вафоти ӯ ривояте вуҷуд дорад, ки мувофиқи он Осирисро бародари бадкинаш, ки Сэт ном дошт, сӯйиқасд карда куштааст. Баъд Осирис аз нав зинда шуда, шоҳи олами пас аз марг мешавад. Мувофиқи ақидаи мисриёни қадим инсон ҳамон вақте ба ҳаёти абадӣ соҳиб мешавад, ки агар ба Осирис монанд бошад ва танҳо дар ҳамон сурате мақсадаш амалӣ мешавад, ки нисбат ба ҷасади ӯ ҳамон одатҳои диние ба ҷо оварда шаванд, ки нисбат ба ҷасади Осирис ба ҷо оварда шуда буданд.

Расми 63. Олиҳа Исида бо кӯдаки навзод дар даст
Расми 63. Олиҳа Исида бо кӯдаки навзод дар даст

Мисриёни қадим аз худо Осирис метарсиданд ва чунин мепиндоштанд, ки агар дар ин дунё гуноҳ содир кунанд, дар он дунё ба ғазаби Осирис гирифтор мешаванд.

Парастиши Офтоб

Мисриён Офтобро ҳамчун неруи даҳшатнок ва оташи осмонӣ, ки ҳукмрони биёбону оғози гармию равшании барои инсон зарур аст, мепарастиданд. Маркази парастиши Офтоб шаҳри Иуну буд, ки онро юнониҳои қадим «Шаҳри Офтоб» – «Гелиопол» номидаанд. Ин шаҳр дар тӯли таърихи дуру дарози Мисри қадим маркази калони динӣ ба шумор мерафт.

Дар Мисри қадим парастиши Офтоб ба парастиши худои олии давлатӣ табдил меёбад. Чунин мақоми Офтобхудо – Раъ дар натиҷаи ба вуҷуд омадани давлати марказиятноки Миср ба амал омад. Номи Раъ бо номи фиръавнҳои сулолаи IV Хафра ва Менкуара ҳамчун унсури таркибӣ дохил карда шуда буд. Фиръавнҳои сулолаи V ба шарафи худо Раъ ибодатхонаҳои боҳашамат сохтаанд, ки дар онҳо маросимҳои парастиши Офтобхудо – Раъ доир мешуданд.

Расми 65. Мурофиаи судии Осирис. Расм дар папирус
Расми 65. Мурофиаи судии Осирис. Расм дар папирус

Савол ва супоришҳо

  1. Мисриёни қадим чаро ҳар гуна ашё ва қувваҳои даҳшатноки табиатро мепарастиданд?
  2. Худои табиати мисриён кӣ буд?
  3. Чаро кишоварзони мисрӣ заминро мепарастиданд?
  4. Дар бораи худои об – Нун нақл кунед.
  5. Чаро мисриёни қадим дарёи Нилро мепарастиданд?
  6. Дар бораи Худо Раъ ва Худои Сэт маълумот диҳед.
  7. Чаро мисриён ҷасади шахси фавтидаро мумиё мекарданд?
  8. Мисриён киро ва барои чӣ «писари Худо» ва «Худои бузург» меномиданд?
  9. Мақбараи фиръавнҳоро чӣ меномиданд?
  10. Мисриҳои қадим ҳурмати марҳумро чӣ тавр ба ҷо меоварданд?
  11. «Китоби мурдагон» дар бораи чӣ нақл мекунад?
  12. Ба фикри мисриёни қадим кӣ ба ҳаёти абадӣ соҳиб шуда метавонист?
ҚаблӣМавқеи забони тоҷикӣ дар масири таърих
БаъдӣШеър дар бораи забони тоҷикӣ