Забонгумкарда (Лоик Шерали)

Ҳар кӣ дорад дар ҷаҳон гумкардае,
Дар замину дар замон гумкардае.
Ин нишон гумкардаеву дигаре
Хештанро бенишон гумкардае.

Ин яке бахти ҷавон гум кардааст,
Дигаре ганҷи равон гум кардааст.
Ин яке гар ними нон гум кардааст,
Дигаре ними ҷаҳон гум кардаааст.
Ин яке ҷону ҷигар гум кардааст,
Он яке шуру шарар гум кардааст.
Ин яке гум карда гар моли падар,
Дигаре панди падар гум кардааст.

Гар яке бому даре гум кардааст,
Дигаре ному фаре гум кардааст.
Он забони ҳамдилӣ гум кардааст,
Ин забони модарӣ гум кардааст.

Аз тамоми ину он гумкардагон
Зиштрӯтар нест дар рӯйи ҷаҳон
3-он ки гум карда забони модарӣ,
Ҳарф гӯяд бо ту бо чандин забон.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Бок не, гар доварӣ гум кардааст,
Ё умеди сарварӣ гум кардааст.
Заҳр бодо шири модар бар касе,
К-ӯ забони модарӣ гум кардааст.

Он яке қадри сухангумкардае,
Дигаре боғу чамангумкардае.
Аз забони модарӣ гумкарда, лек
Мерасад рӯзе ватангумкардае…

Лоиқ Шералӣ

«МОДАРНОМА»-И ЛОИҚ


Лоик Шерали Шеър дар васфи забонии точики, шеъри забонгумкарда, шеърхо дар бораи забони точики, шеър дар васфи забони тоҷикӣ, захр бодо шири модар бар касе шеъри Лоик шерали

ҚаблӣНоми ту (шеъри ошики)
БаъдӣХушам меояд (шеъри ошикона)

1 шарҳ

Назари худро нависед

Лутфан шарҳи худро нависед!
Лутфан номи худро нависед