Шеърхо дар васфи Забони модари

Ҳамаи шеъҳо дар васфи Забони модари дар ҳамин саҳифа оварда мешавад. Шеър дар бораи Забони модарӣ – забони тоҷикӣ аз сайти www.DONISHJU.net >>

забони точики, забони тоҷикӣ

ЗАБОНИ МОДАРӢ

Забони модарам, ҳаргиз туро ман
Нахоҳам кард иваз бар лафзи дигар,
Баробар нест бар ту, ай биҳиштам,
Тамоми ганҷи олам – дурру гавҳар.

Забони тоҷикӣ, эй лафзи шеърӣ,
Зиёдӣ аз ҳазору чорсад сол,
Нахуст овози ту бо шеъри Баҳром
Аён дар тахти Ҷамшед аст то ҳол.

Суруда алларо бо лафзи тоҷик
Ситора аз барои пури Сино,
Абӯрайҳони Берунӣ ба ҳикмат
Туро бинмуд машҳуре ба дунё.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Навохта Рӯдакӣ бас уду барбат,
Намуд аз “Шашмақом”аш нағма ҳар дам.
Ва бо “Шаҳнома”-и Фирдавсии Тус
Бигашта халқи мо машҳури олам.

Бишуд Исмоили Сомонӣ ҳам он гаҳ
Бухороро азимушшаън девор,
Замони тоҷдории бузургон
Мадори халқи мо афзуд бисёр.

Агарчи даҳ саде ин тоҷики ман
Зи тоҷу тахти худ гардид маҳрум,
Забони тоҷикии мо ҳамеша
Буда андар ривоҷу беш маълум.

Ба мисли Саъдию Хайёму Ҳофиз
Кушода дигарон ҳам беш дафтар,
Зи лафзи дилбарият бурда баҳра,
Ба назм оварда онон дурру гавҳар.

Тузукҳоро намуд эҷод Темур
Ба лафзи тоҷикӣ бо ҳиммати беш,
Навишта бо муҳаббат шоҳасарҳо
Улуғбек бо забони модари хеш.

Гаҳе аз дасти манқуртони нопок
Забони модариям, хор гаштӣ,
Зи рӯгардондагон сад ранҷ дидӣ,
Ба як ҳарфи ширине зор гаштӣ

Аминам, ки агар дар рӯи олам
Бимонад тоҷике танҳо, ягона,
Намемирад забони модариям
Ҳамеша зинда асту ҷовидона.

Бипошад офтоб нуру зиёро,
Намуда рӯи оламро мунаввар,
Ягона, баҳри ман ҳастӣ ту танҳо,
Аё эй шамси ман, эй лафзи модар!

Ӯғулой Ҷӯрабоева


Забони модарии мо

Қадимию ҷавонӣ ту,
Хушоҳангу равонӣ ту.
Чу баҳри бекаронӣ ту,
Ба дурру маънӣ конӣ ту,
Забони модарии мо,
Забони модарии мо.

Забони Саъдию Ҳофиз,
Забони Рӯдакӣ ҳастӣ,
Ба мо илму адабомӯз
Зи даври кӯдакӣ ҳастӣ,
Забони модарии мо.
Забони модарии мо.

Шавӣ то боз бурротар,
Хушоҳангу гуворотар,
Туро покиза медорам
Барои ҳурмати модар.
Забони модарии мо,
Забони модарии мо.

Нозирҷон Боҳирӣ


ЗАБОНИ МОДАРӢ

Забони модариам-давлати ман,
Ғуруру ифтихору қудрати ман.
Забонам ҳасту ман ҳам зинда ҳастам,
Забони ман нишону миллати ман.

Забонам чашмасори рӯзгор аст,
Тароватбахш монанди баҳор аст.
Чу шеъри Рудакӣ зебою дилкаш,
Мисоли шеъри Ҳофиз ширадор аст.

Бурун ояд забон аз коми модар,
Чу меҳри ноороми модар.
Чу шири модари поку муқаддас,
Азизу мӯътабар чу номи модар.

Забони модарӣ –руди Зарафшон,
Забони модарӣ – лаъли Бадахшон.
Забони модарӣ чун ғунчаи гул,
Забони модарӣ – чун мурғи хушхон.

Забони модарӣ қанду набот аст,
Забони модарӣ маёзи ҳаёт аст.
Забони модараш ҳар кас надонад,
Ҳақиру бенавою бебисот аст.

Забонам! Чун ҳумо парвоз бинмо,
Чу мутриб пардаи дил, соз бинмо.
Забонро ҳар касе покиза дорад,
Дари бахташ, Худоё, боз бинмо!

Салим КЕНҶА


5 октябр – Рузи забони точики

ЗАБОНИ МОДАРӢ

Калиди дил бувад
Забони модарӣ,
Навиди дил барад
Ба тарзи дигаре.

Тамоми фикри худ
Ба ин забон навис.
Паёми хешро
Ба дигарон навис.

Чи қадр дилкаш аст
Ба вақти гуфтугў.
Сухан ба одамон
Ба лаҳни тоза гў.

Фурўғи анҷуман
Забони модарист.
Шукўҳи ҷумла фан
Забони модарист.

Хусрав


Инчунин хонед  >>

Забонгумкарда (Лоик Шерали)


Шеър дар васфи Забони модари, Шеър дар бораи забони модари, точики, забони модарии мо.

ҚаблӣШеърҳо дар васфи Норак
БаъдӣСуруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон (гимн Таджикистана)

1 шарҳ

Назари худро нависед

Лутфан шарҳи худро нависед!
Лутфан номи худро нависед