Шеър дар васфи Падар ва модар

Шеър дар васфи Падару модар, Шеърхо дар бораи Падар ва модар >>

Модар ва падар

Агар бошад падар ғамхори фарзанд,
Ба ҷону дил шавад модар фараҳманд.

Агар модар биболад бо ҷигарбанд,
Падар гардад зи меҳри хеш хурсанд.

Аз ин ҳар ду бақои зиндагонист,
Аз ин ҳар ду баҳори зиндагонист.

Давоми матн пас аз блоки реклама

Намояд модари дилсӯзу ҷонӣ,
Ба фарзандон ҳамеша меҳрубонӣ.

Падар ҳам бо умеди ҷовидонӣ,
Кунад авлоди худро посбонӣ.

Аз ин ҳар ду бақои зиндагонист,
Аз ин ҳар ду баҳори зиндагонист.

Умеди модар аз фарзанд бисёр,
Ки дар пирӣ шавад дилҷӯву ғамхор.

Падар хоҳад, ки фарзанди вафодор,
Ба таҳсини ҳама бошад сазовор.

Аз ин ҳар ду бақои зиндагонист,
Аз ин ҳар ду баҳори зиндагонист.

Бурҳон Фаррух


Падар-Модар, пару болам шумоед,
Тамоми бахту иқболам шумоед.
Манам доротарин одам ба дунё,
Ки охир сарвату молам шумоед.

Падар-Модар азизи дил шумоед,
Чароғи равшани манзил шумоед.
На Синоеду не Аттор аммо,
Бароям аз ҳама фозил шумоед.

Падар-Модар дилу ҷонам шумоед,
Чароғи нури эмонам шумоед.
Бимонед умрҳо андар канорам,
Зи баски шӯҳрату шонам шумоед.

Аз дафтари ” РОЗГУНАҲО “- и Аброри Аҳрориён