Шеър дар васфи ПАДАР

Якчанд шеър ва рубоиёт дар бораи падар меорем. Бо WWW.DONISHJU.NET Бошед азизон! Шеърхо дар бораи Падар >>

Ҳамчу оташ шӯълавар бошӣ, падар,
Мисли хуршеди саҳар бошӣ, падар.

Бо ту бошад зиндагиям пурнишот
Ту бароям тоҷи сар бошӣ, падар.

Рафт умру мӯйҳоят шуд сафед,
Подшоҳи баҳру бар бошӣ, падар.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Дар сари болини ман ҳастӣ мудом,
Ту маро имдодгар бошӣ, падар.

Ҳар шабу ҳар рӯз месозам дуо,
Дур аз хавфу хатар бошӣ, падар.

✍️Парвина Маҳмудова


Яке бар дидани рӯи Падар зор,
Яке доим Падарро мекунад хор.
Ман аз ин кори қисмат дар аҷибам,
Худоё ин чи сир асту чи асрор.
Падарҳоро Худовандо нигаҳ дор,
Макун муҳтоҷи фарзанди хатокор.
Барои ман Падар шахси азиз аст,
Намехоҳам Падар бошад аламдор.
Замини зери пои мо биларзад,
Агар ашки Падар аз ғам бирезад.
Худовандо талаб дорам ман аз Ту,
Гаҳе ашки Падарҷонам нарезад.
Барои мо Падар бошад ғанимат,
Ҳақиқат ин ҳақиқат ин ҳақиқат.
Ба вақти зиндагӣ қадраш бидонем.
Пас аз маргаш чӣ суд аз дарду ҳасрат

табрикот барои зодрузи падар, зодруз муборак падарчон

Падар, манро мададгорӣ, Худо бодо мададгорат,
Зи чашми бад нигаҳ дорӣ, Худо бодо мададгорат.

Зафармандам ва ё мағлуб, ҳушам ё беҳушам бо худ,
Зи ҳоли ман хабар дорӣ, Худо бодо хабардорат.

Рақибонам ба пушти дар, агар дар сайди ҷони ман,
Натарсам, ки сипардорӣ, Худо бодо сипардорат.


Ман ба ожанги ту бо зикри Худо менигарам,
Нақши Қуръони карим аст ба рўят, падарам!

Нури оёти шарифест, ки чун шамсу қамар
Хондаӣ ҳамчу зафарномаи шому саҳарам

Зиндагӣ як нигаҳи маърифатомўзи ту аст,
Сад ҷаҳон шукр, агар як назарат баҳраварам

Шаҳдпайванд шуд аз файзи ту бас боғи диёр,
Ба чаманзори биҳиштӣ туӣ пайвандгарам!!

Осмон обилаи дасти туро мебўсад,
Ҳар гаҳе каф бикушоӣ ба дуъои сафарам,

Кош монанди ту пирўзу тавонгар бошам,
Ба дифоъи Ватану модару фарзанди барам

Ҷомаи беқасабатро чу дирафши Кова,
Ба ливои Ватан афрохта болои сарам

Заррае гар ҳунаре ёфтаам, моли ту аст,
Бахш аз гавҳари меросии худ бар ҳунарам!

Чун мусофир, ки бипурсад ҳама ҷо қибла куҷост,
Аз ҳама сўи ҷаҳон ҷониби ту саҷда барам!

Озарахш


ПАДАР

Кош, рӯзе меҳмони ман шавӣ,
Меҳмони духтари худ эй падар!
Кош бо дидори худ равшан кунӣ
Хонадони духтари худ, эй падар!

По бимон бар остони духтарат,
Дур аз гардан фикан ин гуна нанг.
Гарчӣ даргоҳи писар бошад кушод,
Ошёни духтарат ҳам нест танг.

Оҳ, дар роҳат ду чашмам чор шуд,
Кош оӣ аз дари ман ногаҳон.
Аз сарат пошида меҳри хешро,
Пойандози ту созам ин ҷаҳон.


падар модар дар васфи падар шеър дар бораи падар дар бораи падару модар падарчон.

Ҳаққи падару модарро бояд шиносем!

ҚаблӣОн кас, ки бидонад ва бидонад, ки бидонад (шеъри ҷолиб)
БаъдӣВасфи тирамох аз нигохи олимон

3 шарҳ

  1. Худованд ба хамаи бандагонаш инсоф ато кунад Омин. Зеро ки худ он фарзандоне ки як руз пир мешаванд албатта падар мегарданд ва чихеле ки падару модарашонро иззат карда бошанд хаминхел меваашро мечашанд.

  2. Албата апачон ин гапатон рост Падару Модари худро ехтирам кунед рузе мешавад онхоро намеобед

Назари худро нависед

Лутфан шарҳи худро нависед!
Лутфан номи худро нависед