Шеърхо аз Орзу Исоев

Дар ин мақола Шеъри Орзу Исо – Шеърхо аз Орзу Исоев оварда мешаванд. Шеърхои нав дар ҳамин мақола илова карда мешаванд >>>


Бозии артист

Дар паноҳи саҳна бо афсунгарӣ,
Ман ба қавли худ надорам боварӣ.

Ханда иҷбориву гапҳоям дурӯғ,
Хастаам аз ваҳшати нақшофарӣ.

Хирқаи нақши шумо дорам ба тан,
Вой, механдам ба ҳоли хештан.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Гаҳ палиду нобакору қотилам,
Гоҳ донишманд, гоҳе оқилам.

Як даме нопок, як дам поки пок,
Гаҳ разолатпарвару гаҳ фозилам.

Хирқаи нақши шумо дорам ба тан,
Вой, механдам ба ҳоли хештан.

Ман дигар кайҳост бо худ нестам,
Ман намедонам, куҷоям, кистам?

Солҳо, эй одамон, эй одамон,
Дар ҳудуди нақшҳоям зистам.

Хирқаи нақши шумо дорам ба тан,
Вой, механдам ба ҳоли хештан.

Гар бадам ё хуб, нақше аз шумост,
Куштаву саркӯб, нақше аз шумост.

Кофарам ё габр, ё дар дафтаре
Ҳарфи шаҳрошӯб, нақше аз шумост.

Хирқаи нақши шумо дорам ба тан,
Вой, механдам ба ҳоли хештан.

Масти мастам, оҳ, як девонаам,
Бо ҳақиқатҳои худ афсонаам.

Нақшҳои ман ҳама нақши шумост,
Ман шумоям в-аз шумо бегонаам.

Хирқаи нақши шумо дорам ба тан,
Вой, механдам ба ҳоли хештан.


ВУСЪАТ

Шафақ шаҳомати як ҷилд оҳи танҳоист,
Як истгоҳи танаффус ба роҳи танҳоист.

Зи умқи кӯчаи зеҳни харобу хастаи ман
Ба сӯи соҳати фардо нигоҳи танҳоист.

Дар ин масири пуродам, ки то ҳанӯз такам,
Гунаҳ зи ҳеч касе не, гуноҳи танҳоист.

Тарона нест ба рӯи лабони бастаи шаб,
Фиғони як дили танҳо ба гоҳи танҳоист.

Биё, ба вусъати исёни шеърҳои висол,
Ки посдори ғазал подшоҳи танҳоист.


Магар? (шеъри Орзу Исо)

Васати ҳодиса асҳоби назар нест магар?
Ханда пайғоми хушовои шарар нест магар?

Эй намояндаи хушбовари ахбори умум,
Хабари марги гули ёс хабар нест магар?

Ҳаст як шаҳр ҳунар дар паси девор асир,
Аҷабо, роҳкушои баҷигар нест магар?

Чи касе баст раҳи чашма дар ин ташназамин?
Ба дарахтон амалаш айни зарар нест магар?

Хоксорӣ накун, эй хуб, дар ин кибрсаро,
Кафш, ҳар ҷо ки равӣ, дар паси дар нест магар?

Ҳайф, уфтод яке, бурд яке, мурд яке,
Мурдани замзамаи ишқ хатар нест магар?

Сухани харбузаву турбу каду куҳна шудаст,
Ҳарфпардози нав аз байни башар нест магар?

Орзу, ҷоизаи гунгтарин гунг зи туст,
Зистан бо даҳани баста ҳунар нест магар?


Ману андеша

Ба ин дастони беҳамдаст ногаҳ
Тамоми номаҳоро пора кардам,

Худамро дар нишеби қиссаҳоям
Ба дастони худам бечора кардам.

Наёрам то каломи кӯҳна бар лаб,
Булӯри вожаҳоямро шикастам.

Раҳо гардида аз афсонаи ноб,
Кунун бо сояи худ аҳд бастам.

Чӣ монд? Оҳанги маҳзуни садое
Дар ин бунбасти бефарҷоми исфанд,

Расиданҳои рӯзи хуш дурӯғ аст,
Вале ман хӯ гирифтам бо ҳамин фанд.

Ба қоби шишаӣ тасвир хомӯш,
Ману андеша дар часпу талошем,

Зи чӯби такдарахти ишқ алъон
Сутуни қасри ғамро метарошем!


Шеърхо аз Орзу Исоев Шеъри Орзу Исо

Ғам махӯр, ин имтиҳони навбатиро бигзарем (шеър)

ҚаблӣХаракати об, моддахои маъдани ва органики дар тана (поя)
БаъдӣТагйири шакли навда, решапоя, лунда ва пиёзак

Назари худро нависед

Лутфан шарҳи худро нависед!
Лутфан номи худро нависед