Харакати об, моддахои маъдани ва органики дар тана (поя)

Ҳаракати об, моддаҳои маъданӣ ва органикӣ дар тана (поя). Барои фаъолияти муътадили ҳаётиаш рустанӣ бо решааш об ва моддаҳои ғайриорганикиро ҷаббида мегирад. Сипас, ин моддаҳо туфайли бофтаҳо ва бандчаҳои гузаронанда ба тамоми узвҳои рустанӣ паҳн мешаванд.

Барои донистани он ки ҳаракати об ва моддаҳои маъданӣ дар рустанӣ чӣ тавр сурат мегирад, 2-3 рӯз пеш навдаи навраси ягон дарахтро ба оби рангин (68) мегузорем. Ҳангоми онро аз назар гузарондан мебинем, ки фақат чӯби шохчаи ба оби рангин мондаамон рангин (68) шудааст.  Дар таҷриба ранг гӯё ҷойи моддаҳои маъдании дар об ҳалшударо гирифт. Ин нишон медиҳад, ки об ва моддаҳои маъдании дар он ҳалшуда аз реша бо рагҳои чӯби поя то узвҳои болоӣ ҳаракат мекунанд. Дар ин ҳолат пӯстлох ва дилак рангин намешаванд. Зеро онҳо дар ҳаракати маҳлули моддаҳои маъданӣ иштирок намекунанд.

Расми 68. Обу моддаҳои маъдании ҳалшуда тавассути чӯб ҳаракат мекунанд. Расми 69. Шохчаҳои ҳиногул ва гули барфак дар оби соф ва рангин

Агар ба оби рангин шохчаи рустании хонагӣ – ҳиногул ё гули барфакро монед, мебинед, ки чӣ тавр об бо поя ба барг меравад ва рагчаҳои онро рангин (69) мекунад.

Рагҳо аз поя гузашта, дар баргҳо шоха меронанд. Об бо ин рагҳо ба барг дохил мешавад.

Давоми матн пас аз блоки реклама

Барои тавассути поя ба боло ҳаракат кардани об фишори реша ва обро бухор кардани баргҳо аҳамияти калон дорад. Ба ҷойи оби бухоршудаи барг мунтазам оби нав меояд.

Харакати моддахои органики дар поя

Ҳаракати моддаҳои органикӣ дар поя. Чӣ тавре ки шумо аллакай медонед, оҳар дар барг ҳосил мешавад. Оҳар моддаи дар об ҳалнашаванда мебошад. Бинобар он, оҳар аввал ба қанд табдил меёбад ва сипас ба дигар узвҳои рустанӣ ҳаракат мекунад. Барои инро аниқ кардан чунин таҷриба мегузаронем.

Пояи рустании хонагӣ (тасмагул, тутанҷир ё ягон рустании дигар)-ро аз рустанӣ ҷудо накарда, пӯстлохашро ҳалқавор мебурем. Баъд он ҷойро бо шишачаи обдор маҳкам мекунем. Бо гузашти якчанд ҳафта ҷойи аз ҳалқа болотари шохча ғафси ҷоғармонанд мешавад. Дар он решаҳои иловагӣ инкишоф меёбанд.

Ин ҳодиса аз он сабаб рӯй медиҳад, ки дар вақти пӯстлохи навдаро ҳалқавор буридан найчаҳои элакшакл низ бурида мешаванд. Моддаҳои органикии дар барг ҳосилшуда бо найчаҳои элакшакл ба поён ҳаракат карда, дар ҷойи буриш ғун мешаванд ва он шакли ҷоғарро мегирад.

Дар сатҳи болоии ҷойи буридаи рустанӣ доимо пӯки захм ба вуҷуд меояд. Ҳуҷайраҳои дар зери пӯки захм ҷойгирифта боавҷ (босуръат) тақсим мешаванд. Ба бошиддат тақсим шудани онҳо моддаҳои органикии (ғизоии) дар қисми болоии (ҷоғар) буриши ҳалқашакл ғуншуда чун ғизо хизмат мекунанд. Дар натиҷа захм сиҳат шуда аз ҷоғар решаҳои иловагӣ ва дар баъзе рустаниҳо ҳатто муғҷаҳо месабзанд. Ҳамин тавр, моддаҳои органикӣ тавассути лиф дар рустаниҳо ҳаракат мекунанд.

Барои ғизо ва сабзиши узвҳои навраси рустанӣ на ҳамаи моддаҳои органикии дар барг ҳосилшуда дарҳол сарф мешаванд. Як қисми ин моддаҳо барои инкишофи ояндаи рустаниҳо дар узвҳои гуногуни онҳо захира мешаванд. Дар рустаниҳои яксола одатан моддаҳои органикӣ дар меваю тухм, дар рустаниҳои дусола ва бисёрсола бошад, илова бар ин дар ҳуҷайраҳои реша ва поя низ захира мешаванд. Масалан, бехмеваи рустаниҳои дусола – сабзӣ, лаблабу, турб, тамошокарам ва шалғам анбори махсуси моддаҳои ғизоианд.

Дар буттаву дарахтон моддаҳои органикӣ бар зами меваю тухмашон, инчунин дар дила ва чӯбашон захира мегарданд. Баҳор дар айёми ширадав ин моддаҳо дар шакли маҳлул тавассути фишори решагӣ ба муғҷабарг ва муғҷагул бурда мешаванд. Ин хусусияти рустаниҳоро баҳорон ҳангоми буридани навдаҳои дарахтон мушоҳида кардан мумкин аст. Хусусан, бо ин роҳ аз дарахти тӯс дар фасли баҳор бо миқдори зиёд шираи ширини онро ҷамъ меоваранд. Ин шира хусусияти хуби табобатӣ дорад.


  1. Бо кадом таҷриба исбот кардан мумкин аст, ки об ва моддаҳои маъданӣ тавассути рагҳои чӯб ба боло ҳаракат мекунанд?
  2. Чаро об бефосила бо рагҳои поя ба боло мебарояд?
  3. Барои аниқ кардани ҳаракати моддаҳои органикӣ дар поя чӣ хел таҷрибаҳо гузарондан мумкин аст?
  4. Ҷоғар аз чӣ пайдо мешавад?
  5. Лиф дар куҷои поя ҷой гирифтааст ва он кадом вазифаро иҷро мекунад?
  6. Рустаниҳои яксола, дусола ва бисёрсола дар кадом узвҳояшон моддаҳои органикиро захира мекунанд?
Барои аз мақолаҳои нави мо хабардор шудан