Тагйири шакли навда, решапоя, лунда ва пиёзак

Тағйири шакли навда, решапоя, лӯнда ва пиёзак. Баъзе рустаниҳои бисёрсолаи алафӣ гӯё «анборҳои» махсуси зеризаминӣ доранд. Дар фасли тирамоҳ узвҳои рӯйизаминии ин рустаниҳо аз сабзиш боз монда, хушк мешаванд. Реша ва навдаи шаклдигаркардаи онҳо дар зери хок боқӣ мемонад.

Онҳо бо сабаби вазифаҳои нав пайдо карданашон ба узвҳои рӯйизаминии муқаррарӣ монанд нестанд. Маҳз дар чунин навдаҳои шаклдигаркарда барои сабзишу инкишофи минбаъдаи онҳо моддаҳои органикӣ захира мешаванд. Решапоя, лӯнда ва пиёзак навдаҳои шаклдигаркарда мебошанд.

Дар бисёр рустаниҳо, аз он ҷумла дар газна (тавланг), ғумой, шақоиқ, (72) гули ливондар, аспидистра (рустании хонагӣ) решапоя дида мешавад. Агар решапояи ягонтои ин  рустаниҳоро аз замин кофта гирем, мебинем, ки вай зоҳиран ба реша монанд аст. Вале дар он чун дар пояи рӯйизаминӣ сармуғҷа ва бармуғҷа (муғҷаи паҳлуӣ) ва инчунин пулакчаҳои пардамонанд (ё баргҳои шаклдигаркарда) мавҷуд аст. Одатан аз решапоя решаҳои иловагӣ инкишоф меёбад. Аз муғҷаҳои нӯгӣ ва паҳлуӣ дар фасли баҳор пояҳои навраси рӯйизаминӣ мерӯянд. Онҳо то сабзидану инкишофи пояи рӯйизаминӣ аз ҳисоби моддаҳои ғизоие, ки тирамоҳ дар решапояашон захира карда буданд, ғизо мегиранд.

Агар ҷузъи решапояро, ки муғҷа ва решаҳои иловагӣ дорад, дар хок шинонем, вай ҳамчун рустании мустақил нашъунамо мекунад. Бисёр рустаниҳои бисёрсолаи ороиширо тавассути ба ҷузъҳо (қисмҳо) ҷудо кардани решапояашон афзун мекунанд.

Рустаниҳои лӯндаҳосилкунанда кам вомехӯранд. Рустании картошка, ноки заминӣ (топинамбур) ва гули ҳавоборонак (равғандуздак) низ лӯнда доранд. Лӯндаи картошка аз муғҷаҳои зерихокӣ ботадриҷ дар фосилаи муайяни вақт ҳосил мешавад. Аввало аз муғҷаи дар бехи (буни) пояи рӯйизаминӣ инкишофёфта пояи борику дароз ва сафеди зерихокӣ – столон ҳосил мешавад. Сипас нӯги столон ғафс гардида, ба лӯнда (73) табдил меёбад. Лӯндаи картошка хлорофилл надорад, вале агар ба рӯшноӣ гузорем, сабз мешавад.

Давоми матн пас аз блоки реклама

Дар сатҳи берунии лӯнда ҷо-ҷо чуқурчаҳои 2-3 муғҷадор дида мешаванд, ки онҳоро чашмакчаҳо меноманд. Дар қисми нӯги лӯнда чашмакҳо бисёранд. Тарафи муқобили қисми     нӯгро асос ё буни лӯнда мегӯянд. Лӯнда бо бунаш ба столонҳо (74) пайваст аст.

Хусусиятҳои сохти лӯндаи картошка ба он далолат мекунад, ки вай навдаи (73) шаклдигаркардаи зерихокист.

Тавассути поя аз барги картошка ба столонҳо мудом    (доимо) моддаҳои органикӣ ҷорӣ гардида, дар намуди оҳар дар нӯги ғафсшудаистодаи столонҳо захира мешаванд. Агар лӯндаи картошкаро бурида ба он як қатра маҳлули сероби йод чаконем он кабудранг мегардад. Ин ҳолат ба мавҷуд будани оҳар шаҳодат медиҳад.

Бисёр рустаниҳои бисёрсола – пиёз, гули занбақ, лола, наргис, пиёзи ғоз, сиёҳалаф ва ғайраҳо пиёзак доранд.

Расми 72. Решапояи гули ливондар ва гули шақоиқ

Расми 74. Лӯнда – навдаи шаклдигаркардаи зерихокист Расми 73. Ташаккули лӯндаи картошка

Расми 75. Пиёзак (бех)-и пиёз

Пиёзакро ҳамаи шумо дидаед. Дар ҷузъи поёнии лундаи пиёз пояи хеле кӯтоҳу паҳн – дилак ё ӯзак (қисми ғайри истеъмолии пиёз) ҷой гирифтааст. Дар ӯзак баргҳои шаклдигаркардаи пулакчамонанд ҷойгир шудаанд. Агар баргҳои пулакчаҳои дарунӣ сермағзу сероб бошанд, пулакчаҳои берунӣ баръакс хушк ва чарммонанданд. Дар пулакчаҳои дарунӣ об ва қанди дар он ҳалгардида ва дигар моддаҳо захира шудаанд. Дар ӯзак мавҷуд будани муғҷа, ки дар бағали пулакчаҳо ҷой гирифтааст, шаҳодат медиҳад, ки пиёзак навдаи шаклан дигаршуда (75) мебошад.

Агар пиёзакро дар замин шинонем, аз тарафи поёни ӯзак патакреша месабзад. Баъзан аз муғҷа пиёзакчаҳои наврас инкишоф меёбанд, ки онҳоро муғҷапиёзакчаҳо меноманд. Аз ҳар кадоми ин муғҷапиёзакчаҳои наврас метавонад рус- тании мустақил рӯяд.


  1. Кадом хелҳои тағйири шакли навдаро медонед?
  2. Решапоя аз реша бо чӣ фарқ мекунад?
  3. Столон чист?
  4. Лӯндаи картошка чӣ тавр инкишоф меёбад?
  5. Дар лӯндаи картошка кадом моддаи органикӣ бештар ғун шудааст?
  6. Пиёзак чӣ гуна сохт дорад? Чӣ тавр бояд исбот кард, ки пиёзак навдаи шаклдигаркарда аст?

Гафс шудани поя. Хосил шудани солхалка