Достони «Лайли ва Маҷнун» – и Шамсиддин Шоҳин

Достони «Лайли ва Мачнун» – и Шамсиддин Шохин / иншо, эссе, маълумот.


Мавзӯъ: Достони «Лайли ва Маҷнун» – и Шамсиддин Шоҳин

Нақша:

 Муқаддиа

  1. Мазмуни асосии достон
  2. Образҳои асосии достон

Хулоса

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Тибқи сарчашмаҳои адабиву илмй, тазкиранависон гузаштагони Шамсиддин Шохинро ба сарзамини бостонии Хатлон нисбат додаанд. Зеро, гузаштагони ӯ аз Хатлонзамин буда, барои касби илму дониш ба шаҳрҳои Самарканду Бухоро ҳиҷрат кардаанд. Тавре аз рӯйи гуфтаи худи шоир бармеояд, дар солҳои таҳсили Мадраса Шоҳин ҳамчун шоири соҳибистеъдод дар шаҳри Бухоро шинохтаву эътироф шуда буд.

Ҳаминро ҳам бояд таъкид намуд, ки Шоҳин пас аз хатми Мадраса барои худ Я1 он кори мувофиқу муносибе ёфта наметавонад. Шоир хорию залилй ва ноумедии хешро дар ин вазъияти ногувори зиндагй ба тарзи мутоиба чунин тасвир намудааст:

Соҳибо, гар накунад арзи ман эҷоби малол,
Аз имомат қадаре шарҳ диҳам сурати ҳол.

Ҳафтае нест, ки андар паи наъше наравам,
То сари пушта зи масҷид ману қавм аз дунбол.

Аз сари кӯча гар овози муаззин ояд,
Ба умеди хабари мурда кунам истиқбол.

Гаҳ занад ханда ба ман ходиму гаҳ кадбону,
Гаҳ ниҳад таъна ба ман сӯфию гаҳ оқсақол.

Ҳукми ҳар масъала гуфтам чи савобу чи хато,
Нони ҳар моида хӯрдам чи ҳарому чи ҳалол!

Нест суре, ки дар ӯ ман наравам чун лӯлӣ,
Нест сӯге, ки дар ӯ ман наравам чун ғассол.

Ҳар чи ҳосил шавад аз мурдаву аз зинда маро,
Бе таваққуф равад аз даст чу об аз ғирбол.

З-ин ҳама бори ғаму ғусса, ки дар дил дорам,
Синаи ман шуда чун мӯҳраи нушби ҳаммол.

Источник: https://allinweb.ru/adabiyot/43830/ Внимание! Права на публикацию материалов сайта находятся под охраной © allinweb.ru/

Шоҳин чанд муддат имоматӣ низ кардааст. У дар дарбори амир Абдулқодири парвоначй хизмати мирзогиро низ анҷом медиҳад. Абдулқодири парвоначй духтари ягонаи худро ба Шоҳин медиҳад. Баъд аз як соли оиладориаш зани шоир ҳангоми таваллуди фарзанди нахустин вафот мекунад. Ин дар ҳаёти шоир

як фоҷиаи бузурге буд. Ба хамин хотир, Шоҳин ба навиштани достони «Лайлй ва Маҷнун» шурӯъ мекунад. Достони «Лайлй ва Маҷнун» дар эҷодиёти Шохин мавқеи махсус дорад. Ин достон аз ҷиҳати ҳаҷм он қадар бузург набошад ҳам, вале мувофиқи анъанаҳои адабиёти гузашта суруда шудааст. Қайд кардан лозим аст, ки шоир дар ин достони худ саъю кӯшиш намудааст, ки яке аз афсонаҳои қадимаи адабиёти форсу тоҷикро аз нав зинда намояд ва тавассути он дарду алам ва эҳсосу андешаҳои хешро нисбат ба замон ва муҳити ҳамонвақга ифода намояд.

Тавре мо медонем, сабаби таълиф шудани достони «Лайлй ва Маҷнун» ин воқеаи фоҷиаангези дар ҳаёти шоир рӯйдода будааст. Маҳбубаи шоир, яъне ҳамсари меҳрубонаш вафот мекунад. Ин ҳодиса дар ҳаёти шоир як мусибати калоне буд. Шоир сабру тоқати ин фоҷеаро надошт. Аз дарду алам ба муддати 1 моҳ барои носи хотири поки ҳамсари азизу меҳрубонаш достони «Лайлй ва Маҷнун»-ро таълиф намудааст. Барои ифодаи дарду алами ҷонгудози завҷааш шоир ин маснавиро бетанаффус дар муддати на камтар аз як моҳ, эҷод кардаает. Достони мазкур аз 2200 байт иборат будааст. Ба ғайр аз он достонҳои анъанавй, ки дар пайравии достони Низомй суруда шудаанд, дар назми форсу тоҷик дар ин мавзӯъ ягон достоне навишта нашуда буд. Шоҳин ин анъанаи адабиро аз нав зинда намуд ва ба тарзу услуби хоси худ достони «Лайлй ва Маҷнун»- ро таълиф намудааст. Шоир аз маснавиҳои Низомй ва аз Хусрави Деҳлавӣ илҳом гирифтааст. Шоҳин дар ин достон назди худ мақсад гузоштааст, ки фоҷиаи ишқи нокоми Лайлй ва Маҷнунро нишон диҳад. Аз сабаби он ки Шоҳин ин достони худро ба хотири вафоти завҷаи меҳрубонаш таълиф намуда буд, албатта, то андозае дар он ҳолу аҳволи худро низ тасвир кардаает. Аз рӯйи тасвири шоир, Маҷнун дар назди ҳодисаву воқеаҳои замон нофаъол аст. Маҷнун аз рӯйи эҳсоси ишқу муҳаббат ба Лайлй баробар шуда наметавонад. Дар симои Маҷнун Шоҳин исбот карданй мешавад, ки беадолатй ва ҷабру ситами замон эҳсоси баланди ишқу муҳаббатро паст мекунад. Шоир инро беҳуда тасвир накардааст, зеро чунин ҳодисаро худи у дар ҳаёти шахсиаш дидаву талхиҳои онро чашидааст. Аз ин рӯ, қайд кардан мумкин аст, ки достони «Лайлй ва Маҷнун», ҳарчанд дар мавзӯи анъанавй навишта шуда бошад ҳам, ба шароити замони шоир хеле сахт алоқамандй доштааст.

ҚаблӣДостони «Дувалронӣ ва Хизрхон» – и Амир Хусрави Деҳлавӣ
БаъдӣКамоли Хучанди ва мероси адабии у (иншо, эссе)