Субъект ва объекти сиёсат

Дар зери мафҳуми субъект фарди алоҳида ва ё гурӯҳи иҷтимоии ба таври фаъол амалкунанда, ки дорои иродаи махсус мебошад, фаҳмида мешавад. Субъекти сиёсат ифодакунандаи фаъолияти сиёсӣ буда, самти он ба объекти сиёсат равона карда шудааст. Субъектҳои сиёсатро ба се дараҷа тақсим менамоянд:

Дараҷаи аввал. Субъектҳое, ки дараҷаҳои дигари субъектҳо аз он вобастагӣ доранд. Ба ин гурӯҳ синфҳои ҷамъиятӣ, гурӯҳҳои иҷтимоӣ (гурӯҳҳои синнусолӣ, иҷтимоию иқтисодӣ, этникӣ, касбӣ, минтақавӣ ва ғ.), ҷомеаи шаҳрвандӣ, миллатҳо ва тамаддунҳо дохил карда мешаванд.

Дараҷаи дувум. Ба ин гурӯҳ давлат, ҳизбҳои сиёсӣ, ҳаракатҳо ва ташкилотҳои ҷамъиятию сиёсӣ шомиланд.

Дараҷаи сеюм. Ин гурӯҳи субъектҳои сиёсат сарварони сиёсӣ ва элитаи сиёсиро дар бар мегирад.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Бояд гуфт, ки ҳар як субъекти сиёсат метавонад дар зери таъсири субъекти дигар қарор гирифта, ба сифати объекти сиёсат баромад намояд. Зеро сиёсат дар дасти субъект буда, он ба самти объекти сиёсат равона мегардад. Масалан, инсон метавонад дар як вақт ба сифати ҳам субъект ва ҳам объекти сиёсат баромад намояд. Агар инсон офарандаи сиёсат бошад, он гоҳ ӯро субъекти сиёсат номидан мумкин аст ва агар самти сиёсат ба сӯйи инсон равона шуда бошад он гоҳ ӯро объекти сиёсат меноманд. Чунончи, сарварони сиёсӣ ва элитаи сиёсӣ субъекти сиёсат буда, оммаи мардум объекти сиёсат мебошанд.

Ҳамин тариқ, дар замони муосир бо рушду инкишоф ёфтани тамоюлҳои демократӣ субъекти аввалиндараҷаи сиёсат фарди алоҳида, шахс ва шаҳрванд маҳсуб меёбад. Барои мавқеи субъекти сиёсатро ишғол намудан инсон бояд дорои таҷриба ва донишҳои сиёсӣ гардад, инчунин мавқеъ ва муносибати худро бо ҷаҳони сиёсат муайян намояд.

ҚаблӣВазифаҳо ва сохтори сиёсат
БаъдӣДараҷаҳои амалишавии сиёсат