Сухтани пуст. Ёрии аввалин ҳангоми сухтани пуст

Пӯст аз оташ, гудозиши оҳани тафсон, оби ҷӯш, ишқорҳо, кислотаҳо ва дигар моддаҳо месӯзад. Ҳангоми сӯхтани пӯст ҳаёти зарардида ба он вобаста аст, ки ба ӯ то омадани духтур чӣ хел зудтар ёрии аввалин мерасонанд.

Ҳангоми аз оби ҷӯш ё ягон моеи гарм сӯхтани пӯст аввал либоси зарардидаро кашида, ба ҷойи сӯхта ҳатман оби хунук рехтан лозим аст. Баъд он ҷойро бо докаи тоза ва ё бо матои тоза мепӯшонанд. Ҳубобчаҳои ҷойи сӯхтаро кафондан, ба он равғани наботот ва моддаҳои сӯзонанда (маргансов, спирт, йод) молидан мумкин нест, зеро онҳо сӯзиш ва дарди ҷароҳатро зиёд карда, сиҳатшавиашро суст мекунанд.

Агар либос сӯзад либоси сӯхтаистодаро кашидан ё зери об гузоштан лозим аст. Оташро ба фарш ғел зада хомӯш кардан беҳтар аст. Бадани одами сӯхтаистодаро бо кӯрпа ё палто пӯшонида, оташро метавон хомӯш кард. Дар айни ҳол сари одами зарардида бояд кушода бошад. Баъди он ки оташ хомӯш карда шуд, ба ҷойи сӯхтаи бадан дар давоми 15 дақиқа оби хунук рехтан лозим аст.

Пӯсти аз моддаҳои кимиёвӣ зарардидаро ҳам бо оби хунук шустан беҳтар аст. Агар пӯст аз кислота зарар дида бошад, онро бо маҳлули содаи хӯрданӣ шустан даркор аст. Баъд ҷойи зарардидаро бо докаи тоза мебанданд.


Мавзӯи пурра >> Гигиенаи пӯст. Ёрии аввалин ҳангоми хунук задан ва сӯхтани пӯст

ҚаблӣГигиенаи пӯст. Ёрии аввалин ҳангоми хунук задан ва сӯхтани пӯст
БаъдӣУзвҳои афзоиш. Системаи ҷинсии мард ва зан (анатомияи одам)