Табиат ва аҳолии Мисри қадим

Шароити табиии Миср. Аҳолии Миср. Машғулияти аҳолӣ. Шароити табиии Миср. Ахолии Миср. Машгулияти ахоли. Табиат ва ахолии Мисри кадим.


Шароити табиии Миср

Мисри қадим мамлакатест, ки он қисмати шимолу шарқии қитъаи Африқои водии дарёи Нил ва наздикии Асвон то соҳили Баҳри Миёназамин, яъне то резишгоҳи ин дарёро дар бар мегирифт. Заминҳои Миср асосан аз биёбон ва баъзе ҷойҳояш аз харсангҳо таркиб ёфта буд.

Расми 24. Манзараи водии Нил
Расми 24. Манзараи водии Нил

Аз мобайни ин биёбон яке аз дарёҳои калонтарини дунё – Нил ҷорӣ аст. Водии Нилро кабудизор пӯшонда, дар соҳилҳояш хурмо, дарахтони ақоқиё (акатсия) ва папирусҳои баланд мерӯйиданд. Дарёи Нил сертимсоҳу сермоҳӣ буд. Дар чакалакзорҳои наздисоҳилӣ ва ҷангалзорҳои он фил, аспи обӣ, заррофа, гурбаи ёбоӣ, каркадан, оҳу, мурғи даштӣ ва ҳайвоноти дигар бисёр буданд.

Мавҷудияти набототу ҳайвоноти мазкур маҳз ба дарёи Нил ва иқлими мусоиди соҳилҳои он вобаста аст. Дарёи Нил ҳам барои набототу ҳайвоноти ин минтақа ва ҳам барои мисриёни қадим аҳамияти беандоза бузург дошт.

Дар фасли баҳор ва моҳи аввали тобистон бо сабаби обшавии барфи кӯҳҳои Абиссиния (Ҳабашистон) ва боронҳои сел оби дарёи Нил зиёд шуда, аз соҳилҳо берун мебаромад ва заминҳои наздисоҳилиро дар масофаи садҳо метр бо лой мепӯшонид. Давраи бавуқӯъойии обхезии шадид дар дарёи Нил ба моҳи июн рост меомад. Дар ду моҳи дигари фасли тобистон дар Миср бориш тамоман қатъ мегардид. Аз ин рӯ, дар ин ҷо обёрии зироат асосан аз тариқи дарё сурат мегирифт.

Аҳолии Миср

Дар давраи пеш аз пайдоиши давлатҳо аҳолии Миср аз қабилаҳои сершумори гуногунлаҳҷа иборат буд, вале бо мурури замон ин кабилаҳо бо ҳамдигар омезиш ёфта, халқи Мисри қадимро ташкил намуданд. Қабилаҳои қадимтарини Миср бо қабилаҳои Африқои Шарқӣ хешӣ доштанд.

Дар ин бора ҳайкалчаҳо ва косахонаҳои сари одамоне, ки аз он ҷо дар натиҷаи ҳафриёт пайдо карда шудаанд, шаҳодат медиҳанд.

Расми 26. Кишоварзон
Расми 26. Кишоварзон

Забони мисриёни қадим то як дараҷа ба забонҳои галлӣ, сомалӣ ва баъзе забонҳои дигари қабилаҳои Африқои Шарқӣ ва Шимолӣ ва хусусан ба забони либиягиҳо монандӣ дошт. Унсурҳои алоҳидаи забони қабилаҳои барбарӣ низ ба забони мисриёни қадим роҳ ёфтаанд. Ин андеша исботи он аст, ки дар замони қадим ҳардуи ин гурӯҳи қабилаҳо бо ҳамдигар муносибатҳои зич доштаанд.

Сарфи назар аз он ки қабилаҳои Мисри қадим бештар ба қабилаҳои шарқиафриқоию шимолиафриқоӣ ва қабилаҳои нимҷазираи Сино наздикӣ доштанд, баъзе қабилаҳои осиёгӣ ҳам ба таркиби забони мисриёни қадим таъсир расондаанд. Ин амал аз он сабаб рух додааст, ки қабилаҳои қадими арабҳо, финикиҳо, бобилиҳо ва ошуриҳо ҳам ба Мисри қадим робита доштанд. Исбот шудааст, ки зуҳуроти мазкур дар замони бавуҷудоӣ ва ташаккули давлатҳои Мисри қадим ба амал омадааст.

Машғулияти аҳолӣ

Дар водии дарёи Нил кишоварзии обӣ рушд ёфта буд. Кишоварзони ин ҷо дар обёрии зироатҳо аз мад ва ҷазр ба хубӣ истифода мебурданд. Ҳангоме ки дар натиҷаи мад оби дарё баланд мешуд, обанборҳои ба он мувофиқ сохташударо аз об пур мекарданд. Кишоварзон тавассути ин об зироатҳояшонро обёрӣ мекарданд.

Расми 27. Ҷамъоварӣ ва коркарди ангур
Расми 27. Ҷамъоварӣ ва коркарди ангур

Кишоварзони Мисри қадим илоҷи ба заминҳои аз сатҳи дарё ва обанборҳо баландтар воқеъбуда баровардани обро низ ёфтанд.

Барои ин кор шадуфро ихтироъ карданд. Онҳо чархҳоеро сохтанд, ки дар қисмати берунии он сатилчаҳои чӯбӣ ва ё сафолӣ дар муқобили ҷараёни об баста шуда буданд. Чархи шадуф (чархофалак) дар муқобили ҷараёни об устувор гузошта мешуд. Оби дарё бо ҷараёни ҳаракати худ чархи шадуфро ба ҳаракат медаровард. Дар натиҷа сатилчаҳо пур аз об шуда оби онҳо, ба новаи баланде, ки ба сатҳи болоии чарх мувофиқ кунонида шуда буд, мерехт. Ин усул киштзорҳоро аз об шабонарӯзӣ таъмин менамуд. Шадуфҳо яке аз ихтирооти бузурги мисриёни қадим мебошад. Онро дар бисёр мамлакатҳои муосири ҷаҳон, ҳатто имрӯз ҳам дар кишвари мо босамар истифода мебаранд.

Расми 28. Говҷӯш. Тасвири девории Миср
Расми 28. Говҷӯш. Тасвири девории Миср

Косибони мисрӣ маснуоти гуногун, аз он ҷумла, кулолӣ, заргарӣ, лавозимоти ҷангӣ, масолеҳи сохтмон ва ғайра истеҳсол мекарданд. Бинокорони Мисри қадим дар сохтани биноҳои истиқоматию ҷамъиятӣ, аҳромҳо ва ороиши онҳо хеле моҳир буданд. Дар ин бора харобаҳои иншооти сохтмон ва бозёфтҳои дигари бостонии дар натиҷаи ҳафриёт бадастомадаи Мисри қадим шаҳодат медиҳанд.

Миср бо давлатҳои дуру наздик муносибатҳои тиҷоратӣ дошт. Дарёи Нил барои ин кор хуб хизмат мекард. Тоҷирон молҳои худро дар киштиҳо бор карда, ба Нубия ва шаҳру давлатҳои дигар бурда мефурӯхтанд. Молҳои косибони мисрӣ дар мамлакатҳои дигар ҳам харидори зиёд доштанд. Тоҷирони мисрӣ барои савдо аз имкониятҳои дарёи Нил ва баҳрҳои Сурху Миёназамин хуб истифода мебурданд. Ба воситаи заврақу киштиҳо то қисмати ҷануби нимҷазираи Синою Фаластин ва аз он ҷо то ба Сурияю Кипр ва Крит рафтуомад мекарданд. Роҳҳои дигари тиҷоратӣ ҳам буданд, ки Мисрро бо мамлакатҳои хориҷии дуру наздик мепайвастанд.

Гуфтаҳои боло гувоҳи онанд, ки Мисри қадим барои пайдо шудани давлат шароити мусоид доштааст. Ҳам иқлим, ҳам захираҳои табиӣ, ҳам роҳҳои обӣ ва хушкӣ, ҳам рушди касбу ҳунар ва ҳам тиҷорати мисриён дар ин бора далолат мекунанд.


Савол ва супоришҳо

  1. Мисри қадим дар куҷо воқеъ гардида буд?
  2. Дар бораи набототу ҳайвоноти водии дарёи Нил чиҳо гуфта метавонед?
  3. Дарёи Нил барои мисриёни қадим чӣ аҳамият дошт?
  4. Дар Мисри Қадим кадом қавмҳо сукунат доштанд?
  5. Забони кадом халқҳо ба забони мисриёни қадим таъсир расондааст?
  6. Кишоварзони қадими Миср аз “ мад ва ҷазр”-и дарёи Нил чӣ тавр истифода мебурданд? Аз шадуфҳо чӣ?
  7. Дар бораи пешрафти косибии Мисри қадим далелҳо биёред.
  8. Мисриёни қадим маҳсулоти филизиро аз куҷо меоварданд?
  9. Тоҷирони Миср барои фурӯхтани мол ба кадом давлатҳо сафар мекарданд?
  10. Бигӯед, ки ба шумо кадом қисмати мавзӯъ писанд омад?
ҚаблӣСоҳибхоназан бояд инро дар назар дорад
Баъдӣ22 сентябр – Рузи Абуабдуллохи Рудаки