Назарияҳо ва қонунҳои физикӣ

Назарияхо ва конунхои физики.


Дар ҷараёни омӯзиши хусусиятҳои ашё ва рӯйдодҳои гуногун ногузир пурсише ба миён меояд, ки чаро ин ё он ҳодиса маҳз он тавр рӯй медиҳад, ки мушоҳида шудааст?

Таҷриба ба ин гуна пурсиш посух дода наметавонад. Ин навъ пурсиш дар заминаи маҷмӯъи нуктаҳои илмие шарҳ дода мешавад, ки онҳо дар натиҷаи ҷамъбаст кардани донишҳои алоқаманд бо ҳаракат ва ҳамтаъсироти ҷисмҳои муойинашаванда ба даст омада, назарияи физикӣ ном гирифтааст. Ҳар як назарияи физикӣ маҳсули таҳлили фарзияҳову таҷрибаҳо ва мулоҳизаҳое мебошад, ки аз замони ба миён омадани масъалаи муойинашаванда шакл гирифтааст.

Барои дарк кардани рӯйдодҳои физикӣ дар бисёр мавридҳо лозим меояд, ки намунҳо (моделҳо) ба кор бурда шаванд. Намун тимсоли хаёлии чиз ё падидаи физикиест, ки бо мақсади равшан гардонидани ҷиҳатҳои номуайяни он чиз ё падида шакл дода мешавад (чунонки мо дар бораи паланги тездандон аз рӯйи ниҳоди гурбаи мискин тасаввур ҳосил мекунем).

Намунҳо дар сурате ба кор бурда мешаванд, ки дарки бевоситаи рӯйдоди таҳқиқшаванда имконпазир набошад ё душворӣ дошта бошад. Чунончи, намуне, ки бо номи намуни атоми Резерфорд (ба исми олими инглис Резерфорд, 1871–1937) с.1911 бунёд шуда буд, имкон дод, ки сохти атом дар муқоиса бо сохтори Манзумаи Офтоб хубтар дарк шавад: дар ин намун ҳар як атом аз электронҳое иборат дониста мешуд, ки гирди ҳастаи атом (гирди мағзи атом) гардиш мехӯранд, монанди он ки Замин ва сайёраҳои дигари Манзумаи Офтоб гирди Офтоб гардонанд, яъне аз нигоҳи ин намун андаруни атом дар мақоми Офтоб ҳастаи атом ҷой гирифтааст ва дар мақоми сайёраҳо электронҳо гардиш мехӯранд. Аз ин рӯ намуни мазкур намуни сайёраии атом ном гирифт.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Бо вуҷуди ин ҳама аёният ҳеч намун рӯйдодҳои воқеъиро бекамукост инъикос карда наметавонад. Аз ин рӯ олимон дар баробари эҷод кардани намунҳои нав мекӯшанд, ки намунҳои пешинаро такмил диҳанд. Ҳамин буд, ки намуни номбурдаи атом дар ҷараёни пешрафти илм чанд бор такмил дода шуд: сараввал барои маънидод кардани пайвандҳои кимиёӣ атомҳо чун кураҳои чангакдор пиндошта мешуданд; дертар ин намун бо намуне иваз шуд, ки атомҳоро ба биллиардкураҳои дойимобархӯранда монанд мекард; баъд, вақте ки с.1911 Э. Резерфорд атомҳоро ба василаи сели алфа-зарраҳо “рентген карда”, ба даруни онҳо “назар андохт”, (монанди он ки духтур ба воситаи дастгоҳи рентгенӣ даруни сандуқи синаи шуморо муойина мекунад), равшан гашт, ки атомҳо на мисли кураҳои чангакдоранду на мисли сақоҳои биллиард: атомҳо, чунонки гуфтем, ба Манзумаи Офтоб монандӣ доранд.

Агар ин ё он намун дар ҷараёни такмил диданҳои паёпай то ҷойе инкишоф ёфта бошад, ки натиҷаҳои таҷрибавии дойираи муайяни рӯйдодҳоро ба хубӣ шарҳ диҳад, мегӯянд, ки он намун ба дараҷаи назария расидааст.

Назарияи физикӣ гуфта маҷмӯъи нуктаҳоеро мефаҳманд, ки дар ҷараёни умумият додани донишҳои физикӣ низоми муайян пайдо кардааст.

Назария, агар ин гуна низом гирифта бошад, дойираи муайяни падидаҳои табииро шарҳ дода, ҷиҳатҳои гуногуни рӯхдоди онҳоро пешгӯйӣ карда метавонад, яъне қудрати пешгӯйӣ кардан дорад. Чунончи, назарияи ҳаракати ҷирмҳои осмонӣ метавонад дар асоси қонунҳои гирди Офтоб гардиш хӯрдани Замин ва радифи он (Моҳ) пешгӯйӣ кунад, ки падидаи гирифти Моҳ (хусуф, яъне пӯшида шудани рӯйи Моҳ бо сояи Замин) ё гирифти Офтоб (кусуф, яъне паноҳ гаштани Офтоб дар паси Моҳ) кадом солу моҳ, кадом рӯзу соату дақиқаву сония рӯй медиҳад. Мисоли инро шумо шояд дар филме дида бошед, ки дар он Абурайҳони Берунӣ гирифти Офтобро пешгӯйӣ кардааст.

Мисоли дигар. Шумо медонед, ки алмос ном модда сахттарин ҷамод (минерал) аст ва дар корҳои шишабурӣ, пармагарии ҷинсҳои кӯҳӣ ва ғайра ба кор меравад. Шумо инчунин медонед, ки графит – ҳамон моддаи сиёҳе, ки милаи қалам аз он сохта мешавад, ба қадри кофӣ мулойим аст, он қадар мулойим аст, ки гоҳи бо қалам хат навиштан дар рӯйи коғаз из (пай) мегузорад, ҳарф менависад. Аммо, оё шумо медонед, ки ҳам алмос ва ҳам графит аз ҳамон як хел атомҳо – аз атомҳои карбон иборатанд? Хосиятҳои алмосу графит бо сохтори дарунии онҳо алоқаманд аст: атомҳои карбон дар алмос ба шакли аҳром (пирамида) ҷой мегиранду (рас.1.3, а) дар графит – ба тарзи қабат-қабат (рас.1.3, б).

Пас, аз ин ҷо хулосаи назарии муҳимме сар мезанад, ки дар шароити мусоид, масалан, дар фишору ҳарорати зиёд графит бояд ба алмос бадал шавад. Ин навъ “боядҳо”-ро бояд таҷриба тасдиқ ё рад кунад. Ин пешгӯйӣ дар таҷриба тасдиқ гашт ва эҷоди алмосҳои сунъиро имконпазир гардонд.

Дар бораи қонунҳои физикӣ низ айни ҳамон чизҳоеро гуфтан мумкин аст, ки дар хусуси назарияҳо гуфтем. Шумо, хонандаи азиз, ҳангоми омӯзиши физика бо қонунҳои ҳаракат, қонуни ҷозиба, қонуни афтиши озодонаи ҷисмҳо ба рӯйи Замин ва ғайра шинос мешавед. Қонунҳои физикӣ як навъ ҷамъбаст, як навъ хулосае мебошанд, ки хусусиятҳои рӯйдодҳои табииро дар шакли таносубҳои риёзӣ ифода мекунанд.

Қонунҳое, ки илми табиатшиносӣ муқаррар кардааст, (бар хилофи амалияи қонунҳои ҳуқуқӣ) на ба илтимосҳову пуштбониҳо бастагӣ доранду на ба обрӯву эътибори шахси санҷандаи қонун. Қонунҳои физикӣ ҳамеша дар ҳамон як шароит ҳамон як натиҷа медиҳанд. Маҳз ҳамин хусусият онҳоро мақоми қонун додааст. Имкони пешгӯйикунандагии қонунҳои физикӣ низ маҳз ба ҳамин хусусияти онҳо бастагӣ дорад.

Донистани назарияҳову қонунҳои физикӣ ва истифода карда тавонистани онҳо шуморо имкон медиҳад, ки рӯйдодҳои физикиро хубтар дарк бикунед ва он назарияҳову қонунҳоро дар арсаи меҳнат бо самари бештарин ба кор баред.


  1. Намун (модел) чист? назария чӣ? қонун чӣ?
  2. Чӣ маънии фарохтар дорад: мафҳуми назария ё қонун?
  3. Шумо қудрати пешгӯйикунандагии ин ё он қонун ё назарияро дар чӣ мебинед?
ҚаблӣТаҷриба меъёри ҳақиқат аст (физика)
БаъдӣБузургиҳои физикӣ / Бузургихои физики