Таклифот ва бузургии он. Чандирии таклифот

Одамон имконияти харид кардани молҳои ба худ зарурро дар бозор ба туфайли пешниҳод намудани мол аз тарафи истеҳсолкунандагон ба фурӯш доранд. Лекин ҳаҷми пешниҳоди молҳо ба фурӯш аз чӣ вобаста мебошад?

БУЗУРГИИ ТАКЛИФОТ миқдори намуди муайяни мол аст, ки фурӯшандагон тайёранд (мехоҳанд ва метавонанд) дар давраи муайян аз рӯи нархи ҷойдошта онро дар бозор ба фурӯш гузоранд.

Фаъолияти фурӯшандагонро дар бозор омӯхта, дарк кардан душвор нест, ки миқдори молҳои барои фурӯш пешниҳодшуда (бузургии таклифот) бевосита аз сатҳи нарх дар бозор вобаста мебошад.

Одатан ҳар чӣ қадаре ки бо нархи баланд неъматҳои иқтисодиро (талаботи молро истифода бурда) фурӯхтан мумкин бошад, ҳамон қадар миқдори фурӯшандагон ва истеҳсолкунандагони он тайёр ҳастанд, ки ба бозор зиёдтар мол пешниҳод намоянд. Ҳамин тавр, ҳар чӣ қадар фурӯшанда аз молҳои фурӯхтаи худ маблағи зиёд ба даст орад, метавонад ҳамон қадар бештар барои қонеъ гардонидани талаботи шахсии худ аз он сарф намуда, ҳаёти осударо соҳиб гардад.

Расми 3.4. Алоқаманди бузурги пешниҳоди молҳо ва сатҳи нарх

Алоқамандии бузургии такли фо ти молҳоро бо сатҳи нарх рас ми 3.4 шарҳ медиҳад.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Чӣ хеле ки мебинем, ҳар чӣ қадаре ки нарх баланд бошад, ҳамон қадар фурӯшандагон кӯшиш менамоянд ба бозор бештар ба ивази пули харидорон мол пешниҳод намоянд. Бо ибораи дигар, ба ҳар як сатҳи нарх дар бозор молҳо бузургии таклифоти худро доранд, ки аз тарафи фурӯшандагон (истеҳсолкунандагон) мувофиқа карда мешавад.

Бузургии таклифот одатан ба он самте, ки нарх тағйир меёбад, ҳаракат мекунад.

Ба монанди талабот фарқияти байни истилоҳи «бузургии таклифот» ва «таклифот»­ро муайян намудан осон аст, агар ҳар яке аз онҳо ба саволи мушаххас ҷавоб диҳанд.

Ба чунин савол ҷавоб гардонидани соҳиби мағоза: «Ҳангоми нархи мол ба Х воҳиди пулӣ баробар будан дар як моҳ истеҳсолкунандагон ба шумо чӣ қадар мол барои фурӯш пешниҳод карда метавонанд?» иттилоот оид ба БУЗУРГИИ ТАКЛИФОТ мегардад.

Агар саволро ба тарзи дигар гузорем, яъне: «Ҳангоми гуногун будани сатҳи нарх ба ҳамин мол дар як моҳ истеҳсолкунандагон ба шумо чӣ қадар мол пешниҳод карда метавонанд?» – ҷавоби ин савол ба хусусияти таклифот дар бозори мазкур вобаста мебошад.

Бояд дар назар дошт, ки ҳаҷми таклифоти ҳар як истеҳсолкунанда вобаста ба дараҷаи нарх тағйир меёбад. Агар нарх паст бошад, фурӯшандаҳо миқдори ками молро пешниҳод мекунанд. Афзоиши нарх фурӯшандагонро барои таклифоти бештари мол ҳавасманд мегардонад.

Дар байни нарх ва миқдори моли ба фурӯш пешниҳодшаванда таносуби муайян ба вуҷуд меояд, ки онро ба истифода аз системаи координат дар график метавонем инъикос намоем (расми 3.5).

Гузориши рақамҳо дар хатҳои координат нишон медиҳад, ки дар нуқтаи муайяни майдони расми 3.5 тирхатчаҳои нарх ва бузургии таклифот ҳамдигарро мебуранд. Дар сурати бо ҳам пайваст кардани ин нуқтаҳои буриш каҷхатае пайдо мешавад, ки онро каҷхатаи таклифот меноманд ва бо ҳарфи S (ҳарфи аввали калимаи англисии «Suррly» – таклифот) ифода мекунанд. Каҷхатаи таклифот муносибати байни нарх ва миқдори молеро, ки истеҳсолкунандагон омода ҳастанд онро истеҳсол карда ба фурӯш бароранд, нишон медиҳад. Майли каҷхатаи таклифот хилофи каҷхатаи талабот мебошад ва ба самти рост ба боло ҳаракат карда, вобастагии муайяни байни сатҳи нарх ва бузургии таклифотро нишон медиҳад.

Азбаски бузургии таклифот вобаста аз тағйирёбии сатҳи нарх тағйир меёбад, пас, мо оид ба чандирии таклифот аз рӯи нарх сухан ронда метавонем.

ЧАНДИРИИ ТАКЛИФОТ АЗ РӮИ НАРХ миқёси тағйирёбии бу зур гии таклифот (дар %) ҳангоми тағйир ёфтани нарх ба як фоиз аст.

Сатҳи чунин чандирӣ ба таври тақсим намудани фарқияти (дар %) бузургии пешниҳод то ва баъд аз тағйир ёфтани нарх ба бузургии тағйирёбии нархҳо (дар %) муайян карда мешавад. Сатҳи чандирии таклифот ҳамчунин аз рӯи молҳо фарқ карда мешавад ва бинобар ин нисбат ба бузургии нарх баробартағйирёбӣ нобаробар афзоиш ёфтани пешниҳоди молҳои гуногунро ба вуҷуд оварда метавонад.

Чандирии арза зери таъсири пешрафти илму техника ва тағйироти таркиби сифатӣ ва миқдории захираҳои истифодашаванда дигаргун мешавад. Зиёдшавии маҳдудияти захираҳо, ки дар истеҳсоли ин ва ё он мол истифода мешаванд, боиси пастшавии коэффитсиенти чандирии арза мегардад.

Расми 3.5. Каҷхатаи таклифот (дар мисоли бозори дучархаҳо)

Ҳар як нуқта дар ин каҷхата бузургии таклифоти мол (имконпазирии ҳаҷми истеҳсолот)-ро ҳангоми сатҳи муайяни нархи он ифода мекунад. Масалан, нуктаи координата (70, 1300) ҳангоми нарх 1300 воҳиди пулӣ будан онро ифода мекунад, ки истеҳсолкунандагон метавонанд 70 воҳид дучархаро ба фурӯш пешниҳод намоянд.

Ҳамин тавр, каҷхатаи таклифот (ниг. ҷадвали 3.6) имконияти ба чунин саволҳо ҷавоб доданро медиҳад: Бузургии таклифот хангоми гуногун будани сатҳи нарх чӣ қадар мешавад? Бузургии таклифот ҳангоми қисман тағйир ёфтани сатҳи нарх чӣ қадар тағйир меёбад?

Ҷадвали 3.6. Бузургии таклифоти дучархаҳо ҳангоми гуногун будани сатҳи нарх

Нархи дучарха, воҳиди пулӣ Имконпазирии ҳаҷми истеҳсол, шумора
3500 130
3000 122
2400 108
2000 97
1650 85
1300 70
1000 56
750 42
500 145

Бинобар ин, дилхоҳ истеҳсолкунанда (фурӯшанда) ба кор шурӯъ намуда, аз пайи ҷустуҷӯи ҷавоб ба чунин саволҳо мегардад: Оё даромад аз фурӯш он хароҷотҳоеро, ки бо истеҳсоли ҳамин мол алоқаманд мешаванд (ташкили фурӯш), пӯшонда метавонад? Оё истеҳсол (фурӯши)-и ҳамин мол шахсан ба ӯ даромад меорад ва агар ҳа, пас, чӣ қадар?

Чун қоида афзоиши нарх ба зиёдшавии шумораи молҳои ба фурӯш пешниҳодшавандаро ба вуҷуд меорад ва пастшави нарх бошад, баръакс.

Дар ин вобастагӣ робитаи сабабу оқибатии устувор ва такроршаванда мушоҳида мешавад, ки онро ҳамчун қонуни таклифот намоён месозад. Мазмуни қонуни таклифот аз он иборат аст, ки бо болоравии нарх дар сурати бетағйир мондани шароитҳои дигар таклифоти мол зиёд мешавад. Дар сурати пастшавии нарх таклифот маҳдуд мегардад. Пас, бузургии таклифот ба сатҳи нарх мутаносиби роста мебошад.

ҚОНУНИ ТАКЛИФОТ миқдори молҳоест, ки фурӯшандагон ба бозор пешниҳод карда метавонанд ва дар вобастагии бевосита аз сатҳи нарх ба ин молҳо қарор дорад, яъне баландшавии нарх одатан ба афзоиши бузургии таклифот ва пастшавии он бошад, ба камшавӣ меорад.

Дар таҳлили таклифот ба монанди талабот, мафҳумҳои тағйироти бузургии талабот ва тағйири талабот аз ҳамдигар фарқ карда мешаванд.

Тағйироти бузургии таклифот чунин ҳолати таклифот мебошад, ки зери таъсири тағйирёбии нарх ба амал меояд. Ин ҳолатро дар расми 3.5 метавонем дар ҳаракати болои каҷхатаи таклифот мушоҳида намоем. Тағйироти нарх аз 750 воҳиди пулӣ то ба 3500 воҳиди пулӣ боиси афзоиши бузургии таклифот аз QS1 то QS3 … мегардад. Ин ҳаракат дар сурати тағйирёбии нарх ва бетағйирии омилҳои дигар ба амал меояд.

Тағйир ёфтани таклифот инчунин зери таъсири омилҳои ғайринархӣ ба амал омада метавонад, яъне дар зери таъсири онҳо таклифот метавонад зиёд ва ё маҳдуд шавад.

Омилҳои ғайринархие, ки ба таклифот таъсир расонида, боиси зиёд ва ё кам шудани он мегарданд, инҳоянд:

1) Нархи захираҳои иқтисодӣ. Афзоиши нархи захираҳо боиси зиёдшавии хароҷоти истеҳсолӣ гардида, таклифотро маҳдуд месозанд ва баръакс.

2) Сатҳи истифодаи комёбиҳои илмию техникӣ. Истифодаи васеи онҳо имкон медиҳад, ки хароҷоти истеҳсолот кам карда, таклифоти молҳо зиёд шавад. Маҳдуд будани истифодаи ин комёбиҳо таклифотро маҳдуд месозад.

3) Нархи молҳои ҳамдигарро ивазкунанда. Истеҳсоли аз ҳад зиёди як мол дар ҳолати маҳдудияти захираҳо боиси кам истеҳсол шудани молҳои алтернативӣ мегардад.

4) Миқдори фурӯшандагон. Афзоиши онҳо боиси зиёдшавии таклифот мегардад.

5) Самаранокии интизории фурӯшандаҳо. Афзоиши истеҳсолот на ҳамеша боиси зиёдшавии таклифот мегардад. Агар интизор равад, ки дар оянда нархҳо баланд мешаванд, дар ин ҳолат таклифоти ҷорӣ ба хотири дар оянда бо нархи баланд фурӯхтани молҳо маҳдуд мегардад.

Ҳарчанд омилҳои номбурда боиси тағйироти таклифот мегарданд, лекин таъсири нарх ба бузургии таклифот бештар дар ҳаёт ба назар мерасад. Бо мақсади муайян кардани таъсири тағйироти нарх ба таклифот нишондиҳандаи чандирии таклифот истифода мешавад.

Дарк намудан душвор нест, ки мантиқи рафтори харидорон ва истеҳсолкунандагон дар бозор ба ҳам муқобил мебошад: ҳангоми афзоиши нарх истеҳсолкунандагон ва фурӯшандагон тайёр ҳастанд ҳар чӣ бештар миқдори молҳоро ба бозор пешниҳод намоянд, вақте ки харидорон ба афзоиши нарх бо кам намудани бузургии талабот ҷавоб мегардонанд.

Дар натиҷаи мухолифати аксуламалии бузургии талабот ва таклифот манфиатҳои муқобил ба вуҷуд меоянд (дар бозори харидорон ва фурӯшандагон). Харидорон кӯшиш менамоянд, ки ба маблағи маҳдуди пули доштаи худ ҳар чӣ бештар мол харидорӣ намоянд, фурӯшандагон бошанд, баръакс, мехоҳанд ба миқдори маҳдуди молҳои худ ҳар чӣ бештар маблағи пулии зиёд ба даст оранд.

Чӣ гуна бозор ин манфиатҳои ба ҳам муқобили фурӯшандагон ва харидоронро мувофиқ мегардонад, дар дарси дигар муайян менамоем.

Инчунин хонед:

Мафҳуми талабот ва бузургии он. Чандирӣ ва қонуни талабот


Бузургии таклифот чист?, чандирии таклифот аз руи нарх, Качхатаи таклифот, конуни таклифот

ҚаблӣМафҳуми талабот ва бузургии он. Чандирӣ ва қонуни талабот
БаъдӣМушкилиҳо ҳангоми хоб