ТАЪЛИМОТИ ИСЛОМ

Аз худи ибтидо 5 рукни  (сутуни) асосии ислом муайян гардиданд. Дар забони тоҷикӣ онҳоро «аркони ислом» ё «бинои мусулмонӣ» меноманд. Чунончи, дар китобҳои таълимии дини ислом мехонем: «аркони ислом»  кадом аст ё «бинои мусулмонӣ» бар чанд аст? Аркони ислом аз 5 рукн иборат мебошад: калимаи шаҳодат, намоз, рӯза, закот, ҳаҷ. Ҳар касе, ки ин панҷ рукнро эътироф ва  талаботи онро иҷро ва риоя намояд, мусулмон ба ҳисоб меравад. Худи калимаи «ислом» маънои худро таслим намудан ба худованду тақдири илоҳиро дорад.

1. Калимаи шаҳодат иборат аст аз гуфтани ибораи «Ашҳаду ан ло илоҳа иллаллоҳу ва ашҳаду анна Муҳаммадан абдуҳу ва расулуҳу», яъне, гувоҳӣ медиҳам нест худое ба ҷуз Аллоҳ ва гувоҳӣ медиҳам, ки Муҳаммад бандаву расули худо мебошад. «Расул», яъне «фиристода» «пайғамбар». Маънои калимаи шаҳодат эътироф намудани яккаю ягонагии худованд ва Муҳаммадро пайғамбари фиристодаи Аллоҳ донистан аст.

2. Рукни (сутуни) дуюми ислом салот (намоз) аст. Ҳарчанд ҳамаи 5 рукнҳои ислом бо ҳам вобастаю муҳим мебошанд, вале намоз яке аз рукнҳои муҳимтарини ислом ба ҳисоб меравад. Худи пайгамбар низ намозро «имоду-д-дин» (сутуни дин) гуфтааст. Муаллифи «Чаҳоркитоб» Аттори Нишопурӣ фармудааст:

Рӯзи маҳшар, ки ҷонгудоз бувад,

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Аввали пурсиш аз намоз бувад.

Сабаби бузургдошти намоз дар он аст, ки шахси мусулмон дар як рӯз 5 маротиба таҳорат карда, худро пок месозад ва дар як шабонарӯз 5 маротиба намоз хонда, худоро борҳо ёд менамояд. Намози аввал- «бомдод» дар бомдод то баромадани офтоб хонда мешавад. Он аз ду намоз иборат аст: ду ракъат намози суннат ва ду ракъат намози фарз. Навбати намози дигар дар нисфирӯзӣ фаро мерасад, ки онро намози зуҳр ё пешин меноманд. Дар вақти пешин тақрибан соати 13 аввал 4 ракъат намози суннат баъд 4 ракъат фарз ва дар охир ду ракъат суннат хонда мешаванд. Намози дигар – аср аст, ки бо ба назардошти фаслҳои зимистону тобистон аз соатхои 16 то 18 хонда мешавад. Он аз 4 ракъати намози фарзӣ иборат мебошад. Намози чорум – шом аст, ки баъди ғуруби офтоб ҳангоми говгум хонда мешавад. Он аз се ракъат намози фарзӣ ва ду ракъат намози суннат иборат мебошад. Намози панҷум намози хуфтан аст, ки шабона пас аз гузаштани 2 соат аз шом хонда мешавад. Он аз 4 ракъат намози фарзӣ, 2 ракъат суннат ва 3 ракъат витри воҷиб иборат аст. Намоз қоидаю шартҳои ниҳоят зиёде дорад, ки аз овардани онҳо сарфи назар карда шуд.

3. Рукни сеюми ислом савм (рӯза) аст, ки он дар моҳи рамазон соле як бор фаро мерасад. Азбаски тақвими моҳҳои арабӣ ҳиҷрии қамарӣ аст, рамазон ҳар сол ёздаҳ рӯз пеш меравад. Шахси рӯзадор аз дамидани субҳи содиқ то фаро расидани шом аз хӯрдану ошомидан ва лаззоти шаҳвонӣ мебояд худро нигоҳ дорад. Доштани рӯза аз соли 624 фарз гардид. Аз доштани рӯза касони ба сафари дур баромада, беморон, ҳомиладорон, занони кӯдаки ширмакдошта, шахсони пири заиф озоданд. Агар касе бо сабабе доштани рӯзаро қатъ гардонад, бояд баъди иди рамазон он рӯзҳоро рӯза дорад ва бояд каффораи онро низ бидиҳад, яъне ба шаст мискин таом диҳад ё ду моҳи дигар рӯза дорад. Агар кас дар моҳи рамазон нафаҳмида чизе хӯрад ё ошомад, рӯзааш намешиканад. Ҳар як шахси рӯзадори миёнаҳол барои тамоми аъзоёни оилааш то кӯдаки навзод бояд садақаи фитр бидиҳад, ки миқдори он дар Тоҷикистон барои як нафар тақрибан баробар ба нархи 2 кг гандум муқаррар гардидааст. Садақаи фитр ба ятимону муҳтоҷону фақирон аввал ба хешу табор баъд ба дигарон дода мешавад.

4. Рукни чаҳоруми ислом закот аст. Закот андозест, ки барои пок кардани мол соле як бор ба мустаҳиққон дода мешавад. Додани закот ба шахси мусулмони болиғи молаш ба нисоб расида фарз аст. Моли шахс ҳамон вақт ба нисоб расида ҳисоб мешавад, ки ӯ оилаашро аз ҷиҳати моддӣ пурра таъмин намуда, боз валюта (доллар, евро), пули зиёдатӣ ё 90 г тилло, нуқра ё чорвои зиёд дорад. Дар ин ҳолат ӯ аз ҳамаи он чизҳои ёдшуда барои пок кардани мол бояд закот бидиҳад. Масалан, дар ҳолате, ки шахс 20 мисқол тилло дошта бошад (1 мисқол = 4,2 г.), яъне 84 г. Аз ин бист мисқол шахси соҳибнисоб бояд соле ним мисқол тилло закот диҳад, яъне 2,12 г.

Закоти пулу еврою долларро низ аз рӯи нархи тилло муайян кардан имкон дорад. Закот аз чорво «закоти савоим» ном дорад. Закоти гов аз 30 сар аст. Аз 30 то 40 сар гов закоти он додани як сар гӯсолаи яксола аст. Соҳиби нисоб метавонад закоти молашро ба фақир (касе, ки молаш ба нисоб нарасидааст), мискин (касе, ки таоми якрӯза дораду халос), шахси дар сафар будаю бенаво, шахси қарздор бидиҳад.

5. Рукни панҷуми ислом ҳаҷ аст. Адо кардани ҳаҷ ба шахси мусулмон ҳамон вақт фарз мегардад, ки ӯ болиғу тандуруст бошад, нафақаи барои зану фарзандонаш гузошта шуда то аз ҳаҷ баргашта омаданаш расад ва худаш маблағи хароҷоти сафар ва буду боши онро дошта бошад. Ҳаҷ 3 амали фарзӣ дорад: бастани эҳром, истодан дар Арафот ва тавофи зиёрат. Агар кас ба ҳаҷ раваду яке аз ин се амал иҷро нагардад, ҳаҷҷи ӯ ботил аст. Ҳоҷиёни Тоҷикистон, ки ба воситаи ҳавопаймо рост ба Ҷидда ва аз он ҷо рост ба Макка мераванд, аз ин рӯ ғусл ва нияти ҳаҷ карда, эҳромро дар Душанбе баста, баъд ба ҳавопаймо савор мешаванд. Эҳром аз ду порчаи алоҳидаи матои сафеде иборат аст, ки бо яке аз миён поён ва бо дигарӣ аз миён боло печонида мешаванд. Он порчаҳо бояд дӯхта нашуда бошанд.

Агар ҳоҷиён аз тариқи Мадина ба воситаи автобусҳо ба Макка ҳаракат карданӣ бошанд, дар ин сурат дар баромади Мадина миқоти (ҷои ғусл кардану пӯшидани эҳром) бо номи Зул-Ҳулайфа воқеъ гардидааст, ки ҳоҷиён дар он ҷо таваққуф намуда, эҳром мепӯшанд ва ба сӯи Макка раҳсипор мегарданд.

Баъди пӯшидани эҳром суханони қабеҳ гуфтан, ҷангу ҷидол манъ аст. Инчунин пӯшонидани сар, гирифтани нохун, мӯи сар ё бурут ё кӯтоҳ намудани онҳо мумкин нест. Ҳангоми дар роҳ наздик шудан ба Маккаю Каъба «талбия» бояд хонд, ки он иборат аст аз такрори ибораҳои зерин: «Лаббайка аллоҳумма лаббайк. Лаббайка ло шарика лака лаббайк! Иннал-ҳамда ван-неъмата лака вал-мулк, ло шарика лак!», яъне «ана ман дар пеши туам эй парвардигор! Ту шарик надорӣ. Ҳамду неъмат ва мулк ҳама аз туст, ту анбоз надорӣ!»

Баъди дар Макка ҷой гирифтан, ҳоҷӣ  ғусл карда ба Каъба рафта ҳафт маротиба гирди Каъба давр мезанад. Ҳар дафъа ҳангоми аз назди ҳаҷару-л-асвад (санги сиёҳи муқаддас, ки дар яке аз чор кунҷи Каъба, ҷануби он насб шудааст) гузаштан, агар имкони бӯсидан ё даст расонидан ба он бошад, он корро иҷро мекунад, агар чунин имкон набошад, дастро ба тарафи он дароз карда бӯсида «бисмиллоҳи Аллоҳу акбар» мегӯяд.          Баъди адои тавофи қудум ду ракъат намоз гузорида ба сӯи Сафову Марва, ки ҳоло ду теппаанд дар дохили Ҳарам ва дар муқобили якдигар воқеъ шудаанд,  меравад. Ҳоҷӣ мебояд ҳафт маротиба байни Сафову Марва «саъй», яъне равуо намояд – 4 маротиба аз Сафо ба Марва ва 3 маротиба аз Марва ба Сафо.

 Сипас дар Макка истиқомат карда, ҳоҷӣ рӯзи 8-уми зулҳиҷҷа, ки явму-т-тарвия-обдиҳӣ (дар қадим дар ин рӯз ба шутурҳо об медоданд) ном дорад, ба Мино, ки тақрибан дар 10 километрии Макка воқеъ аст, меравад. Шабро дар он ҷо рӯз карда, саҳари рӯзи 9-уми зулҳиҷҷа ҳоҷӣ аз Мино ба Арафот меравад. Дар ҳар ҷои Арафот ҳоҷӣ истад, фарз иҷро мешавад. Ҳангоми намози пешин ду намоз – пешину аср бо як азону ду иқомат якҷоя хонда мешаванд.

Пас аз ғуруби офтоб ҳоҷӣ аз Арафот ба Муздалифа, ки дар байни Арафоту Мино воқеъ гардидааст, меравад ва шабро дар Муздалифа мегузаронад. Дар ин ҷо низ ду намоз – шом ва хуфтан бо як азону иқомат якҷоя гузорида мешаванд. Ҳоҷӣ инчунин дар Муздалифа 50-60 дона сангчаи баробари нахӯд ва аз он калонтар барои ҷамраҳо (шайтонҳо)-ро задан ҷамъ оварда, бо худ мегирад.

Чун рӯз шуд, ҳоҷиён аз Муздалифа рӯзи 10-уми зулҳиҷҷа рӯзи иди  азҳо (қурбон) ба Мино баргашта, тибқи имконият дар давоми як рӯз ба Макка рафта, дар Каъба «тавофи зиёрат»-ро мегузаронанд. Ҳамин рӯз рӯзи қурбонӣ кардан аст ва дар ҳамин рӯз ҳоҷӣ бояд ба мавзеи ҷамраҳо рафта, ба сӯи ҷамраи Ақаба, ки ҷамраи калон низ номида мешавад, ҳафт санг андозад. Баъди иҷрои қурбонӣ ҳоҷӣ ҳуқуқ пайдо менамояд, ки мӯйсари худро тарошад ё қайчӣ занад ва аз эҳром хориҷ гардида, либос пӯшад.

 Баъд аз ин дар давоми ду рӯзи дигар баъди пешин ба мавзеи ҷамраҳо, ки аз Мино дар дурии 4-5 км воқеъ аст, рафта ба сӯи ҳар се ҷамраҳо 7-сангӣ ҳаво медиҳад. Пас аз ин ҳоҷӣ ба Макка баргашта бо либосҳои худ «тавофи видоъ»-ро анҷом медиҳад. Он фақат аз тавоф-7 маротиба дар атрофи Каъба давр задан иборат аст, саъйи Сафову Марва надорад. Бо ҳамин ҳаҷ ба анҷом мерасад.


Калидвожаҳо: Сомонаи Донишҷӯ, сомонаи омӯзишӣ, сайти омузиши, сайти точики, сайти тоҷикӣ, реферат, реферати точики, маводхои точики, маводхои омузиши, Ислом, дини Ислом, Паёмбар Мухаммади Мустафо, паёмбар Мухаммад (с), дини Ислом ва пайдоиши он, дини ислом чист, бинои мусулмони, рукнхои ислом, шариати дини ислом, калимаи шаходат, хач, ҳаҷ, коидахои зиёрати хач, қоидаҳои зиёрати ҳаҷ, аркони ислом

ҚаблӣТаърихи мухтасари ислом ва Хилофати араб баъд аз вафоти Муҳаммад (с)
БаъдӣҚуръон – китоби муқаддаси мусулмонон