Шеърхо аз Мухаммад Икболи Лохури

Дар ин саҳифа шеърхо аз Мухаммад Икбол Лохури оварда мешаванд. Шеърҳо аз Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ дар инҷо >>

Қуввати Мағриб на аз чангу рубоб,
Не зи рақси духтарони беҳиҷоб.
Не зи сеҳри соҳирони лоларӯст,
Не зи урёниву не аз қатъи мӯст.
Муҳкамӣ ӯро на аз лодинӣ аст,
Не фурӯғаш аз хати лотинӣ аст.
Қуввати авранг аз илму фан аст,
Аз ҳамин оташ чароғаш равшан аст.


Ба он боле, ки бахшидӣ, паридам,
Ба сӯзи нағмаҳои худ тапидам.
Мусалмоне, ки марг аз вай биларзад,
Ҷаҳон гардидаму ӯро надидам.

Шабе пеши Худо бигристам зор:
«Мусалмонон чаро зоранду хоранд?»
Нидо омад: – «Намедонӣ, ки ин қавм
Диле доранду маҳбубе надоранд».

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Нагӯям аз фару фоле, ки бигзашт,
Чӣ суд аз шарҳи аҳволе, ки бигзашт.
Чароғе доштам дар синаи хеш,
Фусурд андар дусад соле, ки бигзашт.

Нигаҳбони Ҳарам меъмори Дайр аст,
Яқинаш мурдаву чашмаш ба ғайр аст.
Зи андози нигоҳи ӯ тавон дид,
Ки навмед аз ҳама асбоби хайр аст.

Зи сӯзи ин фақири раҳнишине
Бидеҳ ӯро замири оташине.
Дилашро равшану поянда гардон
Зи уммеде, ки зояд аз яқине.

Гаҳе афтам, гаҳе мастона хезам,
Чу хун бе теғу шамшере бирезам.
Нигоҳи илтифоте бар сари бом,
Ки ман бо асри хеш андар ситезам.

Маро танҳоию оҳу фиғон беҳ,
Суйи Ясриб сафар бе корвон беҳ.
Куҷо мактаб, куҷо майхонаи шавқ?
Ту худ фармо, маро ин беҳ, ки он беҳ.

Паридам дар фазои дилпазираш,
Парам тар гашт аз абри матираш.
Ҳарам то дар замири ман фурӯ рафт,
Сурудам, он чи буд андар замираш.

Ба он розе, ки гуфтам, пай набурданд,
Зи шохи нахли ман хурмо нахӯрданд.
Ман, эй мири умам , дод аз ту хоҳам,
Маро ёрон ғазалхоне шумурданд.

На шеър аст ин, ки бар вай дил ниҳодам,
Гиреҳ аз риштаи маънӣ кушодам.
Ба уммеде, ки иксире занад ишқ,
Миси ин муфлисонро тоб додам.

Ту гуфтӣ, аз ҳаёти ҷовидон гӯй,
Ба гӯши мурдае пайғоми ҷон гӯй.
Вале гӯянд ин нохақшиносон,
Ки таърихи вафоти ину он гӯй.

 ИНЧУНИН ХОНЕД >>

ҚаблӣРеша ва калимахои хамреша
БаъдӣПантуркизм чист ва он кай пайдо шуд? (#پانترکیستان Понтуркизм, Пантюркизм)