Таълимоти сиёсии асрҳои ХIХ ва ХХ

Рушду инкишофи афкори сиёсии асри XIX бо ғалабаи инқилоби бузурги Фаронса, дар амал татбиқ гардидани ҷомеаҳои саноатӣ, ба вуҷуд омадани шакли нави давлатдорӣ ва пайдоиши ҳаракатҳои коргарӣ алоқамандии зич дорад. Дар ин марҳила шакли ниҳоии идеологияҳои сиёсии муосир – либерализм, консерватизм ва сотсиализм ташаккул меёбанд. Аз ин рӯ, дар ин марҳила масъалаҳои сиёсӣ дар доираи муборизаҳои идеологӣ баррасӣ карда мешаванд.

Бояд тазаккур дод, ки дар охири асри XIX ва ибтидои асри ХХ назарияҳои сиёсӣ ва консепсияҳои иҷтимоӣ асосан дар заминаи ду ҷараёни идеявӣ ташаккул меёбанд: назарияҳои буржуазӣ ва марксистию ленинӣ. Ҷараёнҳои идеявии мазкур, дар навбати худ, ба равияҳои мухталиф ҷудо гардида, бо назария ва консепсияҳои худ дар рушду инкишофи илмҳои сиёсӣ таъсири амиқ расонидаанд.

Дар ин марҳила асосҳои иҷтимоии сиёсат боз ҳам амиқтар таҳлил карда шуда, омӯзиши алоқамандии сиёсат бо иқтисод пеш гузошта мешавад. Консепсияҳои иҷтимоии сиёсат аз ҷониби Эдмунд Бёрк, Алексис де Токвил, Иеремия Бентам ва Ҷон Стюарт Милл ташаккул дода мешаванд. Э.Берк рушди сиёсат ва ҳуқуқро ба анъанаҳои ҷамъиятӣ вобаста намуда, давлатро кафили тартибот ва устувории ҷомеа муаррифӣ намудааст. А. де Токвил дар асари худ «Демократия дар Амрико» таносуби баробарии сиёсӣ ва озодии сиёсиро баррасӣ намуда, мавқеи онҳоро дар ҷомеаи демократӣ нишон додааст. И.Бентам дар таълимоти худ қонунҳои ба талаботи давру замон ҷавобгӯро баррасӣ намуда, ислоҳоти прогрессивиро барои Англия зарур шуморида буд. Ҷ.С.Мил дар таълимоти худ идоракунии намояндагиро ҷонибдорӣ намуда, дар атрофи озодиҳои иҷтимоӣ ва сиёсии инсон мулоҳизаронӣ намудааст. Ӯ дар асари худ «Мулоҳизаронӣ дар бораи идоракунии намояндагӣ» андешаҳои зеринро ташаккул додааст: намояндагии мутаносиб, дастгирии шахсони соҳибмаълумот ва соҳибтаҷриба, баланд бардоштани вазифаҳои иҷтимоии давлат. Дар ин марҳила дар таҳқиқотҳои сиёсӣ ва ҳуқуқӣ позитивизми сотсиологӣ ба таври васеъ мавриди истифода қарор дода мешавад, ки асосгузори он мутафаккири фаронсавӣ Огюст Конт маҳсуб меёбад. Ба ақидаи ӯ, илмҳои ҷомеашиносӣ ба методҳои мушоҳида ва методҳои эмпирикӣ такя намуда, ба монанди илмҳои табиатшиносӣ бояд дақиқ бошанд.

Дар солҳои 40-50-уми асри XIX марксизм ҳамчун таълимот пайдо мегардад. Карл Маркс ва Фридрих Энгелс фаҳмиши материалистии таърихро асоснок намуда, асосҳои иҷтимоию иқтисодии сиёсатро равшан намудаанд. Фаҳмиши материалистии сиёсат дар он ифода меёбад, ки он дар муносибат бо сохтори иқтисодии ҷомеа надстройка мебошад. К.Маркс исбот менамояд, ки тамоми падидаҳои ҳаёти сиёсии ҷомеа аз базиси иқтисодӣ вобаста мебошанд. Андешаҳои марказии таълимоти сиёсии марксизмро назарияи муборизаи синфӣ ва инқилоби иҷтимоӣ ташкил медиҳанд. Асосгузорони марксизм исбот намудаанд, ки муборизаи синфҳо баҳри ба даст овардани ҳокимияти давлатӣ моҳияти сиёсатро ифода менамояд. Рушди минбаъдаи таълимоти марксизм дар асарҳои В.И.Ленин ташаккул дода мешавад. В.И.Ленин дар таълимоти худ назарияи инқилоби сотсиалистӣ ва сохтори сотсиалистии ҷомеаро ба таври муфассал ташаккул медиҳад. Назарияи марксизм-ленинизм асоси идеологияи коммунистиро ташкил намуда, муборизаи синфи коргарро, ки он барои сохтани ҷомеаи сотсиалистӣ нигаронида шуда буд, ифода намудааст.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст
ҚаблӣАфкори сиёсии сотсиалистони утопиявӣ
БаъдӣМиқдори аҳолӣ ва сокиншавии он