Нусха аз протокол (намуна)

Ҳуҷҷатест, ки аз протокол (махсусан қисми қарори он) гирифта шуда, ба шахсе, ки ягон масъалаи рӯзномаи маҷлис ба ӯ иртибот дорад (алоқаманд аст), дода мешавад. Масалан, дар маҷлиси кафедра дар қатори дигар масъалаҳо, ҳисоботи аспирант шунида мешавад, вазъи кори ӯ аз ҷониби аъзои кафедра баррасӣ мегардад. Дар ин ҳолат ба аспирант нусха аз протокол барои пешниҳод намудан ба Шуъбаи аспирантураи донишкада дода мешавад.

Намунаи Нусха аз протокол:


Нусха аз протоколи № 8

10 октябри соли 2020        ш.Душанбе

1.Маҷлиси кафедра қарор кард:

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

1.1Ҳисоботи аспиранти соли якуми таҳсил Шарифов Қурбон маъқул дониста шавад. Бо назардошти фаъолияти хуби аспирант, иҷрои нақшаҳои кор, навишта шудани боби якуми диссертатсия ва супурдани имтиҳон аз забони хориҷӣ, аспирант Шарифов Қурбон ба соли дуюм гузаронида шавад.

Раис         /                       / Т. Муҳиддинов

Котиб       /                        / В. Идрисов

Ба нусхаи асл мувофиқ аст.

Котиби илмӣ /                            /              М. Шаҳобова

Муҳр


Намунаи Маълумотнома (Справка)


Нусха аз протокол намуна, намунаи нусха аз протокл, тарзи таёр кардани нусха аз протокол бо забони точики.

ҚаблӣТарзи навиштани Суратмаҷлис (Протокол, намуна)
БаъдӣТарзи навиштани Қарордод (Шартнома, Договор, Контракт)