Фотосинтез. Дар баргҳо ҳосил шудани оҳар

Чӣ тавре ки шумо аллакай медонед, барои рушду нумӯи муътадили рустаниҳо об, моддаҳои маъданӣ ва органикӣ ниҳоят заруранд.

Об ва моддаҳои маъданиро рустанӣ аз хок қабул мекунад. Вале саволе пайдо мешавад, ки рустаниҳо моддаҳои органикиро аз куҷо мегиранд? Дар натиҷаи тадқиқот маълум гардид, ки рустаниҳо худашон қобилият доранд дар равшанӣ аз моддаҳои ғайриорганикӣ (об ва гази карбонати ҳаво) моддаҳои органикиро ҳосил кунанд. Ин ҳодиса раванди фотосинтез номида мешавад.

Фотосинтез чист?

Фотосинтез аз калимаи юнонӣ «фотос» – равшанӣ ва «синтезис» – пайвастагӣ, ҳосил мекунам, гирифта шудааст. Қобилияти фотосинтезкунӣ доштан ин хусусияти мутлақо фарқкунандаи рустаниҳои сабз мебошад. Тамоми моддаҳои органикие, ки дар мева, тухм, бехмева, лӯндамева, пиёзак ва ғайраҳо захира мешаванд, дар раванди фотосинтез ҳосил мегарданд.

Барои инро фаҳмидан таҷрибаи зерин кумак (52) мерасонад. Ягон рустании хонагӣ, масалан, гули тӯтиё ё анҷибар (ёронгул)-ро, ки баргҳои паҳни калон доранд, гирифта 3-4 шабонарӯз дар ҷойи (ҷевони) торик мегузорем. Бо гузаш- ти ин муддат рустаниро аз ҷойи торик берун бароварда, ба ҳар ду тарафи яке аз баргҳои он шакли ягон ҳарфи (бо салоҳдиди худ) дар коғази сиёҳ пас аз нақшбандӣ буридашударо, ки пешакӣ тайёр карда шудааст, бо зудӣ мечаспонем ва нағз маҳкам мекунем, то ки дар байнашон равшанӣ нагузарад. Шумо метавонед сабти «оҳар» (крахмал)-ро, ки дар коғази сиёҳ нақшбандӣ шудааст, истифода баред. Баъд тубаки рустанидорро ба ҷойи равшани офтобрас ё дар назди чароғи барқӣ мегузорем. Пас аз 6-8 соат баргро бурида, коғази ҳарфдорро аз он дур мекунем. Баргро якчанд дақиқа дар оби ҷӯш, баъд ба стакани спиртдор андохта, гарм мекунем. Вақте ки барг беранг шуд, онро гирифта мешӯем ва дар лаълича паҳн мекунем. Ба болои барги берангшуда маҳлули сероби йод мерезем. Дар барги беранг дар он ҷойҳое, ки равшанӣ расидааст, ранги кабуд пайдо мешавад. Яъне, бо таъсири равшанӣ оҳар ҳосил шудааст. Зеро оҳар бо таъсири йод ранги кабуд пайдо мекунад. Зери коғази сиёҳи ҳарфмонанд буридашуда бошад, беранг мондан мегирад. Зеро ба он ҷо равшанӣ дохил намешавад (намерасад) ва оҳар низ ҳосил намешавад. Ва сабти ҳарф ё ибора ба хубӣ аён мегардад. Ҳамин тавр, оҳар фақат дар равшанӣ дар натиҷаи раванди фотосинтез (52) ҳосил мешавад.

Расми 52. Дар рӯшноӣ барги рустании сабз оҳар (крахмал) ҳосил мекунад.
Расми 52. Дар рӯшноӣ барги рустании сабз оҳар (крахмал) ҳосил мекунад.

Тадқиқотҳо нишон доданд, ки дар барг аввал қанд ҳосил мешавад ва он сипас ба оҳар ва дигар моддаҳои органикӣ табдил меёбад. Азбаски оҳар дар об ҳал намешавад вай бо таъсири моддаҳои махсуси фаъол (ферментҳо) ба қанд табдил ёфта, аз барг ба дигар узвҳои рустанӣ бурда мешавад. Ҳамин тавр, моддаҳои органикии дар вақти фотосинтез ҳосилшуда дар ғизогирии органикии рустаниҳо (ғизогирии автотрофӣ) фаъолона ширкат меварзанд.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Акнун саволе пайдо мешавад, ки оё дар ҳамаи ҳуҷайраҳои барг оҳар ҳосил мешавад? Барои ба ин савол ҷавоб додан чунин таҷриба мегузаронем. Рустании анҷибари чипор (зеро баргаш хол-хол ҷойҳои сафеди бехлорофилл дорад)-ро гирифта, якчанд соат ба зери рӯшноии баланди офтоб ё назди чароғи барқӣ мегузорем. (Инчунин канори паҳнаки баргаш низ зеҳаки сафед дорад). Баъд яке аз баргҳои онро бурида гирифта, чун дар таҷрибаи дар боло зикргардида беранг мекунем. Барги берангшударо 2-3 дақиқа дар маҳлули сероби йод нигоҳ медорем. Мебинем, ки ҷойҳои хол-хол сафед ва зеҳаки барги анҷибари чипор кабуд нашудааст. Яъне, дар он ҷойҳо оҳар ҳосил нашудааст. Зеро дар ҳуҷайраҳои сабзи паҳнаки барг хлоропластҳо ва дар онҳо пигменти хлорофилл ҳаст. Дар ин хел ҳуҷайраҳо дар равшанӣ оҳар ҳосил мешавад ва бо таъсири йод рангашон кабуд мешавад. Дар ҷойҳои хол-хол ва зеҳаки сафеди барг хлоропластҳои хлорофиллдор нестанд ва дар ин гуна ҳуҷайраҳо оҳар ҳосил намешавад ва бо таъсири йод беранг мондан мегиранд.

Ҳамин тавр, оҳар, қанд дар равшании офтоб дар пластидҳои ранги сабздоштаи ҳуҷайра – хлоропластҳо ҳосил мешаванд. Ин ҳодисаро раванди фотосинтез меноманд.


Фотосинтез бо забони точики. Дар баргхо хосил шудани охар

Нафаскашии реша

ҚаблӣСохти ҳуҷайравии паҳнаки барг
БаъдӣТарзи таҳлили ҷумлаи сода

Назари худро нависед

Лутфан шарҳи худро нависед!
Лутфан номи худро нависед