Фактхои чолиб дар бораи Чоизаи Оскар

Фактхои чолиб дар бораи Чоизаи Оскар – чунин ном гирифтааст, мақолаи навбатии сомонаи www.DONISHJU.net. Факту далелҳои ҷолиб оиди Ҷоизаи Оскар – марҳамат хонед:


чоизаи оскар

Ҷоизаи «Оскар» мукофоти ҳарсолаи Академияи санъат ва илми кинематографияи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико буда, маъруфтарин ва мӯътабартарин ҷоизаи синамои ҷаҳон ба шумор меравад.

Ҷоизаи «Оскар» ҳайкалчаи зарҳалиест, ки 34 сантиметр баландӣ ва 3 килограмму 850 грамм вазн дорад.


Маросими аввалини супурдани Ҷоизаи «Оскар» соли 1929 дар меҳмонхонаи «Ҳолливуд Рузвелт Ҳотел» (Hollywood Roosevelt Hotel) баргузор гардида, ҳамагӣ 15 дақиқа давом кардааст.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Уолт Дисней то ба ҳол 59 бор ба ҷоиза пешниҳод гардида, 26 бор соҳиби «Оскар» мешавад.

Дар таърихи ҷоиза танҳо се филм: «Бен Гур» (1959), «Титаник» (1997), «Шоҳангуштарӣ: Бозгашти шоҳ» (2003) 11 маротиба соҳиби «Оскар» шудааст. Вале филми «Шоҳангуштарӣ: Бозгашти шоҳ» нисбат ба филмҳои «Бен Гур» ва «Титаник» барҷастатар мебошад. Филми мазкур ба 11 номгӯи ҷоиза пешниҳод гашта, 11 «Оскар» гирифтааст.

Дар номгӯи «Беҳтарин нақши мардона» Том Ҳэнкс ва Спенсер Трейси ду сол пайи ҳам соҳиби ин мукофот гардидаанд. Дар номгӯи «Беҳтарин нақши занона» бошад, Кэтрин Ҳёпберн чор бор сазовори ин мукофот гардидааст.

Филме, ки бо ин мукофот қадр мегардад, аз ҷиҳати тиҷоратӣ муваффақ хоҳад шуд. Масалан, пас аз он ки филми «Шекспири ошиқ» соҳиби «Оскар» гашт, хазинаашро боз ба миқдори 100 миллион доллари дигар бештар кард.

Бонуе, ки беш аз ҳама соҳиби «Оскар» гаштааст, тарроҳи либосҳо Эдит Ҳэд мебошад. Ӯ тайи солҳои 1950-1974 сазовори 8 «Оскар» мешавад.

Ихтироъ ва кашфиётҳои аввалин

ҚаблӣИхтироъ ва кашфиётҳои аввалин
БаъдӣЧӣ дар куҷо пайдо шудааст? (Ватани ангур, шафтолу, зардолу, тут …)

Назари худро нависед

Лутфан шарҳи худро нависед!
Лутфан номи худро нависед