Чунин гӯянд, ки Нӯшервони Одил дар айёми подшоҳии хеш хештанро бемор сохт ва устуворон1 ва аминонро2 бифармуд, то гирди подшоҳии ӯ бигарданд ва аз вайронаҳо хиште куҳна биоваранд, то бемории ӯро бад-он илоҷ кунанд. Ва ба мардумон чунон намуд, ки пизишкон дармони ӯ бад-он фармудаанд. Пас бигаштанд ва боз омаданд. Гуфтанд: «Дар вилояти малик ҳеҷ ҷое вайрон наёфтем ва на хишти куҳан».
Нӯшервон шодмон шуд ва шукр кард ва гуфт: «Ман ин ба озмоиш кардам, то бидонам, ки дар мамлакати ман ҷое вайрона мондааст ё на. Акнун, ки намондааст, подшоҳӣ батамом ва камол шуд».
Ва бидон, ки кӯшиши он подшоҳони қадим ба ободон доштани ин ҷаҳон буд аз баҳри он, ки донистанд, ки ҳарчанд ободонӣ бештар, вилояти эшон бештар ва раият баанбӯҳтар бувад. Ва низ донистанд, ки ҳокимони ҷаҳон рост гуфтаанд, ки дин ба подшоҳӣ ва подшоҳӣ ба сипоҳ ва сипоҳ ба хоста ва хоста ба ободонӣ ва ободонӣ ба адл устувор аст ва ба ҷабру ситам кардан ҳамдостон набудандӣ ва аз касони хеш бедод кардан раво надоштандӣ, ки мардумон бо ҷабру ситам пой надоранд ва шаҳрҳову ҷойҳо вайрон шаваду мардумон бигурезанд ва ба вилояти дигарон шаванд, то ободон вайрон гардаду подшоҳӣ ба нуқсон афтад ва дахл кам шаваду ганҷ тиҳӣ шавад ва айш бар мардумон талху бемаза гардад ва раият подшоҳи ҷобирро дӯст надораду ҳамеша бар вай дуои бад кунанд, то Худои таоло эшонро бархӯрдорӣ надиҳад ва зуд ҳалок шаванд.
- Устуворон – рутбаи ҳарбӣ миёни гурӯҳбон ва афсарёр.
- Аминон – амалдори давлатӣ.
Инчунин хонед:
Ҳикояҳо аз «Насиҳат-ул-мулук», Хикояхои точики, сказки на таджикском языке, Нушервон ва ободии мулк (хикоя), Нушервони одил, Анушервони одил.