Тоҷикистон дар давраи истиқлолияти миллӣ

Тоҷикистон 9 сентябри соли 1991 давлати соҳибистиқлол эълон гардид. Баъди ҷанги шаҳрвандӣ ва ваҳдати Тоҷикистон (27 июни соли 1997) роҳи бунёд намудани давлати миллӣ, ҳуқуқбунёди демократӣ, шаҳрвандӣ, тамоили иҷтимоӣ доштани иқтисодиёти бозаргониро пеш гирифтааст.

географияи тоҷикистон, географияи точикистон, реферат, кори курси

Барои амалӣ гардидани ин мақсад пеш аз ҳама бунёд ва таҳким бахшидани давлати мустақил зарур буд. Ин масъала дар асоси омӯзиш бо назардошти таҷрибаи ҷаҳонӣ ба таври демократӣ ҳаллу фасл карда шуд. Дар асоси интихоботи умумихалқии тирамоҳи соли 1991 президенти мамлакат интихоб гардид. Дар ҳудуди ҳамин сол ба тариқи раъйпурсии умумӣ ба Сарқонуни ҷумҳурӣ тағйирот ва иловаҳо ворид карда шуд. Баҳори соли 2000 парламенти нави касбӣ интихоб гардид. Асосҳои низоми роҳбарии давлатӣ мувофиқи талаботи замон ва инкишофи демократия ба танзим дароварда шуд. Барои идора ва роҳбарӣ намудани соҳаҳои истеҳсолӣ ва ғайриистеҳсолӣ Вазорат ва Кумитаҳои давлатӣ ташкил ёфтанд. Дар як вақт сохтори сиёсию маъмурӣ такмил ва тағйир дода шуд. Собиқ вилоятҳои Кӯлоб ва Қурғонтеппа ба ҳайати вилояти Хатлон ворид гардиданд.

Дар ин давра вилояти Ленинобод номи вилояти Суғдро гирифт. Ҳамин тариқ, ҳоло дар ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон вилоятҳои Суғд, Хатлон, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва вилояти худмухтори Бадахшон таъсис ёфтанд ва дар харитаи сиёсию маъмурии мамлакат ҷой дода шуданд.

Худуди давлатӣ низ, ки бо мамлакатҳои ҳамсоя Хитой (соли 1894 бо қаторкӯҳи Сари Кӯл) ва Афғонистон (соли 1895 бо дарёи Панҷ) аз сари нав аниқ карда шуд. Тақсимоти маъмурию сарҳадии Тоҷикистон ҳоло бо мамлакатҳои ҳамшафат Ӯзбекистон ва Қирғизистон пурра ҳалли худро наёфтааст.

Давоми матн пас аз блоки реклама