Ташаккул ёфтани қаламрави Тоҷикистон

Сарзамини Тоҷикистон дар ҳама давру замон бо табиату сарватҳои бойи худ фарқ мекард. Беҳуда нест, ки ҳанӯз пеш аз мелод дар ҳудуди он одамон аллакай ҳаёт ба сар мебурданд. Аз маълумотҳои бостоншиносӣ бар меояд, ки ҳаёти инсон дар ин қаламрав аз палеолити миёна оғоз ёфтааст. Дар ин диёри кӯҳанбунёд қадимтарин давлатҳои ғуломдорӣ Суғд ва Бохтар ташаккул ёфтанд. Масоҳате, ки суғдиён ҳаёт ба сар мебурданд, водиҳои дарёҳои Зарафшон, Қашқадарё ва қисман водии Фарғонаро дар бар мегирифт. Маркази он шаҳри Мароқанд (ҳозира Самарқанд) буд. Қаламрави Боҳтар водии Ҳисор, Вахш, Кӯлоб, Рашт, водии дарёи Ҷайҳун ва як қисми шимолии Афғонистонро дар бар мегирифт. Маркази он дар шаҳри Бохтар қарор дошт. Аҳолии ин сарзаминҳо ба деҳқонӣ, ҳунармандӣ ва савдо (дар шаҳрҳо) машғул буданд. Дар ҳамсоягӣ бо бохтариҳо ва суғдҳо саққоиҳо зиндагӣ мекарданд, ки ҳаёти бодиянишинӣ мегузарониданд. Саққоиҳо аз қабилаҳои гуногун иборат буданд, ки аз онҳо қабилаи хомуваргҳо дар Помир ва массагетҳо дар поёноби дарёи Ому маскун шуда буданд. Бо амри таърих ин сарзаминҳо дар зери таъсири империя ва сулолаҳои гуногун гоҳе тараққӣ меёфт ва гоҳе таназзул мекард. Дар асрҳои VI-IV пеш аз мелод Бохтар ва Суғд ба ҳайати империяи ҳахоманишинҳо дохил шуданд.

географияи тоҷикистон, географияи точикистон, реферат, кори курси
Баъд аз тарафи Искандари Мақдунӣ шикаст хӯрдани империяи ҳахоманишинҳо Бохтар ва Суғдро юнониҳо тасарруф карданд. Дар ин давра дар натичаи ғоратгарӣ ва ҷабру ситами юнониҳо иқтисодиёти ин сарзаминҳо ниҳоят таназзул ёфт.
Баъди вафоти Искандар ашрофони дарбор барои ҳокимият муборизаро пурзӯр намуданд. Дар натиҷа империяи он ба якчанд қисм тақсим шуд. Бохтар ва Суғд ба давлати нав таъсисёфтаи селевкидҳо дохил шуданд. Дар ҳамон давра ҳокими Бохтар аз беқувватии селевкидҳо истифода бурда, худро подшоҳ эълон намуд. Дар натиҷа давлати Юнону Бохтар ташкил ёфт. Ин давлати навбунёд Суғдро ба зери тасарруфи худ даровард. Давлати Юнону Бохтар ҳам дар натиҷаи муборизаҳои дохилӣ ва берунӣ низ таназзул ёфт ва дере нагузашта барҳам хӯрд. Давлати Парфия, ки дар ҷанубии Туркманистони ҳозира таъсис ёфта буд, то ибтидои асри III пеш аз мелод арзи вуҷуд дошт. Баъди барҳам хӯрдани давлати Юнону Бохтар 5 қабилаҳое, ки дар қисми шимолӣ маскан гирифта буданд, бо ҳам иттифоқ баста баъди забт кардани давлати Юнону Бохтар ҳар яки онҳо сарзамини алоҳидаро соҳиб шуд. Яке аз ҳокимони ин қабилаҳо ба бунёди давлати Кушониён асос гузошт, вале аз асри III сар карда, иқтидори он суст гардид. Давлати Сосониён, ки дар вайронаҳои қисмати эронии давлати Парфия ташкил ёфта буд, сарзаминҳои осиёимиёнагии Парфияро ба худ ҳамроҳ намуд. Дар асри V-VI дар асоси иттифоқи қабилаҳои бодиянишин, давлати Эфталитҳо ташкил ёфта, ки қаламрави он қисми асосии Осиёи Миёна аз ҷумла сарзамини тоҷикон Бохтар ва Суғдро ба худ муттаҳид карда буд. Маркази он дар Афғонистон шаҳри Бомиён қарор дошт. Баробари дар Шарқ ташкил ёфтани давлати тозабунёди туркони хоқонӣ вазъияти байни онҳо тезутунд гардид. Дере нагузашта туркҳои хоқонӣ аз низоъҳои дохилӣ ва ҳокимони маҳаллӣ истифода бурда, солҳои 60-уми асри VI давлати Эфталитҳоро аз миён бурданд. Дар натиҷа қаламрави давлати Эфталитҳоро тасарруф намуданд. Дар муҳорибаи байни туркҳои хоқонӣ ва эфталитҳо давлати Сосониҳо ҳамчун иттифоқчии туркҳо бар зидди эфталитҳо ҷангид. Бинобар он баъзе вилоятҳои давлати эфталитҳо ба давлати Сосониҳо ҳамроҳ карда шуд. Дар қаламрави Осиёи Миёна якчанд мулкҳои хурду калон ташкил ёфтанд. Аммо ин мулкҳо дар алоҳидагӣ ба ҳуҷумҳои қабилаҳои бодиянишин, ки ҳар сари чанд вақт рух медод, муқобилият карда наметавонистанд. Бинобар баъди чанд мӯҳлат мулкҳои водии Зарафшон ва Қашқадарё ба атрофи ҳокимигарии Самарқанд муттаҳид гардиданд, ки онро давлати Суғд номиданд. Ҳудудҳои ҷанубии Тоҷикистон ва шимолии Афғонистон ба ҳайати иттиҳодияи давлатии Тоҳиристон шомил гардиданд. Дар шимоли Тоҷикистони имрӯза мулкҳои Истаравшан ва Шаҳристон вуҷуд доштанд. Дар ин вақт «роҳи абрешим» аз қаламрави Тоҳиристон мегузашт. Ин роҳ мамлакати Чинро бо мамлакатҳои Ғарб пайваст мекард. Дар байни онҳо тоҷирони Суғд миёнаравӣ менамуданд. Дар ин вақт дар Суғд ва Тоҳиристон иқтисодиёт ва маданият хело инкишоф ёфта буд.
Ҳуҷуми арабҳо ба Осиёи Миёна (асри VII-VIII) ба иқтисодиёт ва маданияти ин давлатҳо зарбаи сахт расонид. Маданияти қадими Суғду Бохтар ба дараҷае ҳароб гардид, ки ҳатто забони адабии суғдиро забони адабии араб танг намуд. Аждодони гузаштаи мо ба зулми арабҳо сар нафароварда, бар зидди онҳо муборизаро давом медоданд. Арабҳо аз ин ба ҳарос омада, ба корҳои идоракунӣ ашрофзадагони маҳаллиро ҷалб намуданд. Ин ба онҳо ёрдам накард, баракс барои халқҳои Осиёи Миёнаро аз истибдоди арабҳо озод шудан замина тайёр намуд. Дар ин давра халқи тоҷик ба фишори забони арабӣ нигоҳ накарда, забон ва маданияти худро нигоҳ дошт. Аммо дар ин давр ҳам парокандагии халқи тоҷик ва қаламрави он дар мулкҳои алоҳида давом мекард. Танҳо баъди ба сари ҳокимият омадани сулолаи Сомониён ба ин парокандагӣ хотима дода шуд. Яъне дар асри IX ташкилёбӣ ва муттаҳидшавии халқи тоҷик ҳамчун миллат дар доираи империяи Сомониён ба амал омад, ки онро фарзанди неруманди тоҷик Исмоили Сомонӣ ба ӯҳда дошт. Қаламрави империя аз биёбонҳои Осиёи Миёна то халиҷи Форс ва аз ҳудуди Ҳиндустон то Бағдод доман паҳн карда буд. Дар ин қаламрави бузург Сомониён системаи мураттаби давлатдориро бо идоракунии мутамарказонида таҳсис доданд. Дар ин давра иқтисодиёт ва маданият ба дараҷаи хело баланд инкишоф ёфта буд: бофандагӣ, кулолгарӣ, истеҳсоли ашёҳои металлӣ ва ҷой-ҷой истеҳсоли яроқ инкишоф ёфт. Шаҳрҳо ба маркази ҳунармандӣ ва савдо табдил ёфта буданд. Ташакулёбии халқи тоҷик ба анҷом расида, забони тоҷикӣ ба забони давлатӣ ва илмию адабӣ табдил ёфт. Таъсири забони тоҷикӣ, илм ва фарҳанги тоҷикон дар миқёси ҷаҳон мавқеи хоса пайдо кард. Сардафтари адабиёти тоҷику форс устод Абуабдулло Рӯдакӣ, муаллифи «Шоҳнома»-и ҷовидонӣ Абулқосим Фирдавсӣ, олими шӯҳрати ҷаҳонӣ Абуалӣ ибни Сино ва ғайра асарҳои безаволи худро офариданд. Аммо империяи бузурги Сомониён дар натиҷаи муноқишаҳои байни феодалҳою ҳукумати марказӣ, фитнагарии намояндагони дарбору идораҳои давлатӣ, фишори заминдорони калон ва ғайра ба он оварда расонд, ки империяи бузурги Сомониён суст гардид. Ин фурсати мувофиқро истифода бурда, туркони Қарахонӣ ва Ғазнавӣ ба империяи Сомониҳо соли 999 ҳуҷум карданд. Давлати Сомониҳо шикаст хурд. Халқи тоҷик аз сари нав ба парокандашавӣ рӯ овард. Як қисми қаламрави Тоҷикистони имрӯзаро ғазнавиён тасарруф намуданд. Дар ин давра ба қаламрави Осиёи Миёна ва мулкҳои тоҷикнишин қабилаи гуногуни туркзабон ба таври оммавӣ ворид гардиданд. Онҳо халқҳои маҳаллӣ аз ҷумла тоҷиконро аз заминҳои аҷдодӣ танг карда мебароварданд. Вақте, ки қабилаҳои бодиянишини турк ба мулкҳои тоҷикнишин ворид шуданд, шаҳр ва деҳаҳои ободро медиданд. Онҳо ки чорводор буданд, бинобар дар мавзеъҳои чарогоҳӣ ва дар ҷойҳое, ки чашма ва дарёчаҳо вуҷуд дошт маскун мешуданд.
Дар асри XI бошад, қабилаҳои тоҷикони вилояти Ғурии Афғонистон пуриқтидор гардида, барои васеъ намудани қаламрави худ ба вилоятҳои ҳамсоя ҳуҷум мекарданд. Дар ибтидои асри XII сарвари Ғуриҳо Муҳаммади Ғурӣ лашкар кашида, қисми шимолии Ҳиндустон ва як қисми Хуросонро тасарруф намуд. Қисми ҷанубии Тоҷикистони имрӯза ба ҳайати давлати Ғуриҳо дохил гардид.
Дар даҳсолаи якуми асри XIII ин давлати бузург рӯ ба таназзул оварда пароканда мешавад. Солҳои 1220-1222 ба Осиёи Миёна муғулҳо, бо сарварии Чингизхон ҳуҷум карда, қаламрави онро пурра забт намуданд. Сипас дар солҳои 60-уми асри XIV аз қавми барлосҳои Шаҳри Сабз Темур арзи вуҷуд намуд. Ӯ дар соли 1370 дар Мовароуннаҳр ҳокимиятро ба даст даровард. Дар натиҷаи якчанд юришҳо давлати пуриқтидор барпо намуд. Пойтахти он шаҳри Самарқанд буд. Тоҷикон дар ин давр дар мулкҳои худ ҳаёт ба сар мебурданд. Забони тоҷикӣ дар замони темуриён забони давлатӣ буд. Дар ин давра илму фарҳанг хеле пешрафт буд. Хусусан илми ситорашиносӣ, риёзӣ, таърих, адабиёт, хаттотӣ, санъат ва ғайра инкишоф ёфт. Дар ибтидои асри XVI қабилаҳои кӯчманчии ӯзбек аз дашту биёбонҳо бо пешвои худ Шайбонихон аз муноқишаҳои дохилии Темуриҳо хабар ёфта, ба Осиёи Миёна лашкар кашиданд. Дар як муддати кӯтоҳ Бухоро, Самарқанд, Тошкент, ва сипас Ҳисор, Хуттал, Афғонистони Шимолӣ ва дертар Хоразмро забт намуда, ба мулки Ҳирот ворид шуданд. Пойтахти Темуриҳо Самарқандро соли 1501 ва Ҳиротро соли 1507 ишғол намуданд. Дар ин вақт Абдуллохон ҳама шаҳрҳои калони Осиёи Миёнаро ба даст мегирад. Ӯ соли 1583 худро ҳоқон ва шаҳри Бухороро пойтахт эълон менамояд. Дар натиҷаи муборизаи байни ворисони Шайбонихон ва вафоти Аблуллохон (с. 1598) ҳокимият ба дасти сулолаи Аштархониҳо гузашт.
Дар охири асри XVII баъди Фарғона (хонигарии Қӯқанд) Бадахшон, Хоразм ва Балх ҳам мустақил шуданд. Ба ҳамаи ин бенизомиҳо нигоҳ накарда, дар мулкҳои тоҷикнишин ҳунармандӣ, адабиёт ва санъат инкишоф ёфт. Дар асри XVI адибони маъруф Восифӣ, Ҳилолӣ, Биноӣ, Мушфиқӣ ва дар асри XVII Сайидо, Бедил фаъолият намуданд.
Дар нимаи дуюми асри XVIII ва миёнаи асри XIX қаламрави аҳолии тоҷикнишин ба қисмҳо тақсим гардид. Қисмати болооби Зарафшон, водии Ҳисор, Кӯлоб, Қабодиён, Қаротегин, Дарвоз, Ғарбии Помир ба хонигарии Бухоро, Исфара, Конибодом, Шарқии Помир ба хонигарии Қӯқанд ҳамроҳ карда шуданд. Соли 1842 Ӯротеппа ба ҳайати хонигарии Бухоро, Хуҷанд ба хонигарии Қӯқанд дохил карда шуданд. Дигар қисми тоҷикон дар баъзе шаҳрҳои хонигарии Хева, Шимолии Афғонистон, Ҳиндустон ва Хуросон монданд.
Дар солҳои 40-50 асри XIX ба Осиёи Миёна Россия сар даровард. Аз аввалҳои солҳои 60-уми асри XIX сар карда, ҳуҷуми Россия ба Осиёи Миёна пурзӯр гардид. Дар натиҷаи ин ҷангҳо Зирабулоқ, Катақӯрғон, Самарқанд, Ургут, Панҷакент бо болооби Зарафшон, Ҷиззах, Истаравшану Хӯҷанд ва баъдтар хонигарии Қӯқанд бо номи вилояти Фарғона ба Россия ҳамроҳ карда шуд. Хонигарии Бухоро ва Хива қисми қаламравашонро аз даст дода, ба вассали Россия табдил ёфтанд. Қаламрави тоҷикнишин мувофиқи тақсимоти нави сиёсию маъмурие, ки Россия дар Осиёи Миёна гузаронида буд, дар байни вилоятҳо тақсим карда шуданд. Шаҳри Конибодом ва Исфара ба вилояти Фарғона, Хуҷанд, Истаравшан, Панҷакент, болооби Зарафшон, Самарқанд ба вилояти Самарқанд дохил гардиданд. Дар натиҷаи шартномаи байни Англия ва Россия соҳили дарёи Панҷ ба Афғонистон, Рӯшон, Шуғнон ва як қисми Вахон ба амири Бухоро гузошт. Қисми шарқии Помир ба мулкҳои тасарруфкардаи Россия ҳамроҳ карда шуд. Тақдири минбаъдаи халқҳои Осиёи Миёна аз ҷумла ба ҳаракатҳои инқилобии Россия вобаста буд. 25 октябри соли 1917 дар Россия инқилоб ғалаба кард. Ин дар ноҳияҳое, ки Россия тасарруф карда буд, такони сахт дод. Дар ноҳияҳои тоҷикнишин ба зиддиётҳои берунию дохилӣ нигоҳ накарда, моҳи ноябри соли 1917 ва миёнаи соли 1918 Ҳокимияти Советӣ дар Тоҷикистони Шимолӣ ва дар охири соли 1918 дар Помир барқарор гардид. Қаламрави Тоҷикистони ҷанубӣ, ки дар ҳайати аморати Бухоро буд, баъди гурехтани амир моҳи майи соли 1921 озод карда шуд. Ҳокимияти Советӣ ғалаба кард.
12 июни соли 1924 КМ РКП (б) дар бораи дар Осиёи Миёна гузаронидани тақсимоти миллӣ қарор баровард. Дар асоси ин қарор дар ҳайати РСС Ӯзбекистон Республикаи Автономии Тоҷикистон ташкил ёфт. Қаламрави РАСС Тоҷикистон Душанбе, вилоятҳои Ғарм, Кӯлоб, Қӯрғонтеппа, Сари Осиё, Ӯротеппа, Панҷакент ва Помирро дар бар мегирифт. Пойтахти РАСС Тоҷикистон Душанбе шуд. Ноҳияҳои Хуҷанд, Нов, Исфара, Конибодом ба ҳайати Ӯзбекистон монд. Ҳамин тавр РАСС Тоҷикистон таъсис ёфт. Сентябри соли 1929 ин ноҳияҳо ба РАСС Тоҷикистон бозгардонида шуд. 16 октябри соли 1929 съезди сеюми фавқулоддаи Тоҷикистон дар бораи ба республикаи иттифоқӣ табдил додани РАСС Тоҷикистон Декларатсия қабул кард. Сипас, Тоҷикистон ба ҳайати СССР дохил гардид.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст
ҚаблӣЗахираҳои замин, об ва бешазор
БаъдӣТоҷикистон дар давраи истиқлолияти миллӣ