Услубшиноси. Услубхои забони точики

Дар  ин мақола маълумот дар бораи услубшиноси ва услубхои забони точик оварда мешавад. Услубхои забони точики кадомхоянд? Хонед ва ба дустонатон тавсия диҳед.

забони точики, забони тоҷикӣ

Услубҳои забони адабии тоҷик

Забони тоҷикӣ аз ҷиҳати доираи истифода ба ду навъ ҷудо мешавад:

  1. Гуфтугӯйӣ ё маҳаллӣ, ки лаҳҷаву шеваҳоро дар бар гирифта, шакли китобӣ (ё навишторӣ) надорад;
  2. Адабӣ ё умумӣ, ки шакли китобӣ (ё навишторӣ) дорад.

Забони адабӣ дар ду шакл ба кор бурда мешавад:

  1. Шифоҳӣ (гуфторӣ), ки дар идораҳои давлатию маъмурӣ, суҳбату мулоқотҳои расмӣ, мактабу маориф, маҷлису машваратҳо, радио, телевизион, театр истифода мешавад;

2.Китобӣ (хаттӣ ё навишторӣ), ки дар нашриёту матбуот, дар осори илмӣ, бадеӣ, китобҳои дарсӣ ва ғайраҳо корбаст мешавад.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Услубҳои забони тоҷикӣ кадомҳоянд?

Забони адабӣ услубҳои гуногун дорад:

  1. Услуби бадеӣ, ки онро шоирону нависандагон истифода мебаранд.
  2. Услуби илмӣ, ки онро олимон барои офаридани асарҳои илмӣ ба кор мебаранд.
  3. Услуби хабарнигорӣ. Ин услуб дар соҳаи иттилоот (мақола, хабар, очерк, репортаж, мусоҳиба) ва гузоришоти радиову телевизион истифода бурда мешавад.
  4. Услуби расмиву коргузорӣ. Тамоми ҳуҷҷатҳои расмӣ (номаҳои расмӣ, ариза, зиндагинома, оиннома, низомнома, қарордод, забонхат ва қонунҳо) бо ҳамин услуб таълиф меёбанд.
  5. Услуби шифоҳӣ, ки дар нутқу гуфтори ҳаррӯзаи мо дида мешавад. Хусусиятҳои чунин тарзи гуфтор кӯтоҳбаёнӣ, рангорангии оҳанги сухан, ихчамбаёнӣ, коҳиши овозҳои нутқ аст.

Масалан: Бо риояи оҳанги ҷумлаҳо матнро хонед.

– Бародарон! Фақирон! Бихезед, ғазот кунед! Ҷавру зулм аз ҳад гузашт, мулк ҷазирбод шуд, халқон хору зор. Манғит моро одам ҳисоб намекунад. Ӯ моро дар диёри худамон ғариб карда, бехонумон кард. Ҳоким, амалдор, сипоҳӣ халқонро гургворӣ медаранд, корашон бигиру бибар, бизану бидар аст, тамом. Худи онҳо кистанд, аз куҷо омадаанд? Чӣ ҳақ доранд, ки фақиронро тороҷ кунанд, кӯдакони моро аз гуруснагӣ бикушанд? То кай мо ҷафо мекашем? Дигар тоқат намонд. Ман ба золимон теғ кашидам, фуқаро, бихез, ғазот бикун. Агар номус дорӣ, ҳамият дорӣ, бихез ба ғазот. Теғ наёбӣ, таёқ бигир. Табару теша бигир. Аз золим қасос бигир.

Сотим Улуғзода

Ҳол (Хол, аъзои пайрави ҷумла)

ҚаблӣМуколама чист?
БаъдӣКитоби “Таърихи Систон”

Назари худро нависед

Лутфан шарҳи худро нависед!
Лутфан номи худро нависед