Мавқеи забони тоҷикӣ дар масири таърих

Мавкеи забони точики дар масири таърих


Дар кишвари мо – Тоҷикистон Рӯзи забон ва Қонуни забон бо Қарори Ҳукумат ва Қарори Маҷлиси Намояндагон ва Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шудааст. Эҳтимол мардум ва роҳбарияти кишвар хавфе барои мавҷудият ва рушди забони худ дидаанд, ки чунин қонуне ворид сохта, чунин рӯзгоре муқаррар намудаанд. Забони тоҷикӣ решаю пайванд бо забони порсии бостон, порсии миёна (паҳлавӣ), порсии дарӣ – форсӣ умри наздик ба якуним ҳазор сол дорад. Аз ин рӯ, муҳаққиқон таърихи инкишофи забони форсиро ба се давра ҷудо кардаанд.

Давраи аввал – забони форсии бостон аз оғози нигориш то садаҳои чорум ва сеюми пеш аз мелод мавҷуд буд, ки матни сабтшудаи “Авесто” ва навиштаҳои Дориюш дар Бесутун дар солҳои 521-520 пеш аз мелод ба хатти мехӣ нахустин шоҳиди мактубии ин забон мебошанд. Форсии бостон гунае аз забони ба хатти мехӣ дар сангнавиштаҳои шоҳони Ҳахоманишӣ (садаҳои 6-4 п.м.) аст, ки аз забонҳои ҷануби ғарбии Эрон маҳсуб меёбад. Дар сарзамини ҳукумати Ҳахоманишиҳо забони идорӣ ва давлатӣ забони оромӣ будааст. Ин забонро, ки осоре аз он дар катибаҳо бар ҷой мондаанд, «забони подшоҳ» ва хатти мехиро «хатти салтанатӣ» мегӯянд, зеро ин забон корбурди рӯзмарра надоштааст.

Осори бозмонда аз замони шоҳони Ҳахоманишӣ ғолибан якзабона (забони форсии бостон), баъзан дузабона (забони форсии бостон ва эломӣ ё бобулӣ), бештар сезабона (форсии бостон-эломӣ-бобулӣ) ва ба нудрат чаҳорзабона (бо иловаи забони мисрии бостон ба хатти иероглифӣ) мебошанд. Ин осори нигоришёфта марбут ба Порс (тахти Ҷамшед, нақши Рустам, Посоргод), Элом (Кохи Шуш) ва Мод (Бесутун, кохи Ҳигматона) ҳастанд. Муҳимтарин ва муфассалтарин аз манобеи форсии бостон сангнавиштаҳои мехии замони шоҳони Ҳахоманишӣ аз давраи Дориюши аввал ба баъд аст. Осори форсии бостон дар лавҳҳои заррин, симин, сангӣ ва гилӣ, дар танаи кӯҳҳо, деворҳои сангӣ, сутунҳо ва пояҳои он, зинаҳо сарпанҷараҳои кохҳо, муҳрҳо ва дигар зарфҳо боқӣ мондаанд. Мутаассифона, пайкараи комиле, ки тамоми навиштаи форсии бостонро дар бар бигирад, мавҷуд нест. Охирин намунаи осори форсии бостон ба давраи шоҳони Ҳахоманишӣ ба миёнаҳои қарни чаҳоруми пеш аз мелод рост меояд ва то аввалин намунаи осори форсии миёнаи нимаи дувуми қарни аввали пеш аз мелод аз ин сохтори қадима чизе боқӣ намондааст.

Давраи тасаллути юнониён бар Эрон ва дар тӯли ҳукумати Сулукиён то замони рӯйи кор омадани Ашкониён, забони форсӣ чӣ дигаргунӣ ва таҳаввулотеро аз сар гузаронид, ба гӯшаи норӯшани таърих мондааст. Аз ин рӯ, дигаргунӣ ва таҳаввули забон дар ин марҳала, қариб дар ду асри фосилаи замонӣ, дар гӯшаи торикӣ мондааст ва ин ду асрро муҳаққиқон «ҳалқаи гумшуда» ва «даврони торик номидаанд». Мусаллам аст, ки намунаҳои охирин осори забони форсии бостон сохтори флективӣ (таркибӣ) ва аввалин осори форсии миёна ба сохтори аналитикӣ (таҳлилӣ) мансуб буд.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Давраи дувум – форсии миёна пас аз фурӯпошии шоҳаншоҳии Ҳахоманишӣ шурӯъ шуда, бо марҳилаи куҳантарин шавоҳиди форсии нав анҷом меёбад. Аз асри сеюми пеш аз мелод то садаҳои ҳаштум ва нуҳуми мелодӣ форсии миёна ҳамчун забони зинда дар истифода буда, забони расмии сулолаи Сосониён ва забони динии зардуштиён маҳсуб меёфт. Аммо ба сифати забони матрук дар истифодаи мазҳабӣ то асрҳои IХ-Х-и мелодӣ аз ҷониби зардуштиёни Эрон корбурд дошта, ҳатто то садаи ХIII-и мелодӣ монавиёни воҳаи Турфони Чин низ онро ба кор мебурдаанд. Ба қавли муаллифони китоби «Забони паҳлавӣ»: «Порсиёни Ҳинд низ бо мероси адабии форсии миёнаи худ то ҳадде ошноӣ доштаанд, то ин ки дар садаи ХVIII мелодӣ донишмандони аврупоӣ ба баррасӣ ва шинохти илмии ин забон ноил шуданд». Ин нуктаро Маликушшуаро Баҳор ҷонибдорӣ намуда, мегӯяд: «…То қарни шашум ва ҳафтум (ХII-ХIIIм.) ҳанӯз зардуштиён дар Эрон ба корҳои диниву илмӣ ва адабӣ машғул буданд. Ва дар ҳамон авқот ҳам аз Ҳиндустону Гуҷарот толибони илми маздоясноӣ барои ба даст овардани нусхаҳои кутуб ва фаро гирифтани суннат ва ривоёти маздоясноӣ ба Эрон меомаданд.

Хулоса, аз муғул ба баъд адабиёти маздоясно дар Эрон тавре нобуд шуд, ки мебоистӣ барои фаро гирифтани одоб ва таҳсили илм ба Ҳиндустон рафта, аз бародарони муҳоҷири худ касби маълумот намоянд». Забони форсии миёна дар осори гуногуни адабӣ ва илмиву пажӯҳишӣ зери унвони «паҳлавӣ», «паҳлавии сосонӣ», «порсиг», «фаҳлавӣ», «адаби паҳлавонӣ», «форсии миёна» ёд шудааст ва бе шакку тардид пешинаи забони порсии дарӣ мебошад. Муаррихони исломӣ ҳафт навъи хатти форсии миёнаро зикр кардаанд: рамдафира, гаштадафира, нимгаштадафира, фарвардадафира, диндафира, васфдафира. Осори форсии миёна, паҳлавии зардуштӣ ва масеҳӣ ҳаҷми бузургтарини матнҳои он замонро ташкил додаанд.

Муҳаққиқон осори бозмондаи форсии миёнаро ба чаҳор даста тақсим кардаанд: форсии миёнаи катибаӣ, форсии миёнаи зардуштӣ, форсии миёнаи масеҳӣ ва форсии миёнаи монавӣ ё турфонӣ. Осори мазкур ба чаҳор навъи хат навишта шудаанд: хатти катибаӣ, хатти китобӣ (муттасил ё шикаста), хатти забурӣ ва хатти монавӣ. Аз осори форсии миёна то ба имрӯз фулузнавиштаҳо, пӯстнавиштаҳо, муҳрҳои сосонӣ, сиккаҳои сосонӣ, китобҳо ба ёдгор мондаанд. Ин ҷо ёддошти чанде аз китобҳои муфассал ва маъруфи ин давраро зарур донистем: “Фарҳанги Оīm-ewāk”, “Фарҳанги Pahlawīg”, «Динкарт», «Бундаҳишн», «Додистони диниг», «Ардавирофнома» (Ардовирозномаг), «Шиканд гумоник визор», «Зотспарам», «Шоист нишоист», «Шатристонҳои Эрон», «Модигони чатранг ё чатрангномаг», «Модигони гуҷастаг аболиш», «Андаржи Отур Потимор Спандон» ва ғ.

Осори бозмондаи форсии миёна мутаалиқ ба замони сулолаи Сосониён Ардашер (224-241), Шопури I (241-272), Нарсе (293-303), Шопури II (309-379), Шопури III (383-388) аст. Нуктаи муҳим ва назаррас дар таърихи таҳаввули забони форсӣ дигаргуниҳои падидомада дар дастгоҳи сарфиву наҳвӣ мебошад. Забони форсии бостон аз рӯйи осори маҳфуз дорои яке аз печидатарин дасгоҳҳо буда, гуногунии сохтори сарфиву наҳвӣ онро комилан ба сурати забони таркибӣ (флективӣ) ва хеле душвор овардааст. Ҳоло он ки забони форсии нав яке аз содатарин ва таҳлилитарин (аналитикӣ) забони хонаводаи забонҳои ҳиндуаврупоӣ мебошад. Гузаштани дастгоҳи флективии забони форсии бостон ба дастгоҳи аналитикии забони форсии миёна аз таҳаввулоти ҷиддии сохтории забони форсӣ дар ин давра дарак медиҳад.

Давраи сеюм – забони форсии нав пас аз футуҳоти мусулмонон дар Эрон ва тағйироту таҳаввулоте, ки дар он падид омад, баъди як марҳилаи интишори забони арабӣ ва мавҷудияти забонҳо ва лаҳҷаҳои маҳаллии Эрон забони форсии миёна андак-андак ҷойи худро ба забони порсии дарӣ гузошт.

Аммо ин дигаргунии бузурги забонӣ ба зудӣ ва яку якбора ба амал наомад. То муддате забони паҳлавӣ дар гӯиши баъзе минтақаҳо ва дар навишти мубадони зардуштӣ арзи ҳастӣ мекард. Баъд аз сарнагун шудани хонадони Сосониён эрониён бар ояндаи нек ба шимоли шарқи Эрон умед баста буданд, зеро аз асри VII сар карда дар он ҷо оташи ошӯбҳо аланга мегирифт ва хулафои араб ба мушкилӣ ин сарзаминро ба зери султаи худ нигоҳ медоштанд. Баъди сукути давлати Сосонӣ вазъи сиёсии Эрон ба куллӣ тағйир ёфт. Муҳимтарин чизе, ки бар асари ин рӯйдод зоҳир гардид ва бо вазъи забон иртибот меёбад, ин буд, ки девониён ва аҳли илму адаб ба омӯхтани арабӣ ва баҳрагирӣ аз он пардохтанд. Дигар, ғайбати муваққатии забони форсӣ илму адаб ва сиёсат буд. Ғайбати муваққатии забони форсӣ гарчи аз саҳнаи илм ва адаб ин забонро аз сайри такомули худ боздошт, вале ин амр ҳаргиз боиси ғайбати ин забон аз саҳнаи бузургтар ва нерумандтар, яъне аз саҳнаи зиндагии мардуми Эрон нагардид. Эрониён дар замони ҳукумати Аббосӣ аз лиҳози сиёсӣ ҷузъи қаламрави хилофати исломӣ буданд ва ҳукумати мустақиле надоштанд. Аммо пас аз сад сол, яъне аз замони ҳукумати Тоҳириён бар Хуросон ва бахусус аз замони Саффориён, ҳукумати мустақил ташкил доданд. Бархе аз мусташриқини ғарбӣ ду асри аввали Эрони исломиро, яъне аз нимаи аввали ҳиҷрӣ (аз соли 672м.), ки Эрон фатҳ шуд, то ҳудуди нимаи асри сеюми ҳиҷрӣ (соли 872м.), яъне замоне, ки ҳукумати мустақил дар Эрон ташкил гардид, ба эътибори ин ки дар ин ду аср Эрон ҷузъи қаламрави хилофат буд, “давраи сукут ва сукун” ё “ду қарни сукут номидаанд”.

Аммо бархе аз донишмандон аз он ки ин ду асрро ғайбат ва даврони сукут номидаанд, изҳори таассуф намуда, далелҳоеро дар бораи шукуфоии илм ва ифтихор аз шахсиятҳои эронинажоди ин давра пеш меоранд. “Дар аввали даврони исломӣ забони форсӣ яке аз забонҳои расмии ҳукумати хулафо буд ва тадриҷан дар канори забони арабӣ чун рукни муҳимми ҷомеаи исломӣ қарор гирифт”. Ин назари Забеҳулло Сафо далолат бар он медиҳад, ки дар як фосилаи муайян аксари муҳаққиқон дузабона буданд. Девони хироҷ, ки рукни асосии давлати хулафо буд, дар муддати наздик ба як аср бо забони форсӣ расмият дошт. Аз замоне, ки забони арабӣ забони дини эрониён гардида буд, ғолибан уламои Эрон ҳам дузабона шуданд. Яке забони форсӣ забони гуфтор, зиндагӣ ва навиштори онон дар миёни худашон буд ва дигаре забони арабӣ, ки нахуст забони динӣ ва то чанд аср забони илмӣ ва девонии эшон гардидааст. Ибни Халдун дар фасле аз “Муқаддима” дар бораи он ки бештари донишмандон дар олами ислом эрониёнанд, назари ҷолибе изҳор мекунад. Ба қавли ӯ: “агар касоне ҳам ёфт шаванд, ки аз ҳайси нажоди араб бошанд, боз аз лиҳози забон ва маҳалли тарбият ва устодон эрониянд”. Падид омадан ва расмият ёфтани забони порсии дарӣ ба унвони забони адабӣ, сиёсӣ ва илмӣ ба давраи давлатдории Тоҳириён, Саффориён, Сомониён ва Буӣ рост омад. Дар ҳамин давра буд, ки андешаи истиқлол дар Хуросон моя гирифта, ба тадриҷ дар ҳама Эрон густариш ёфт ва натиҷаҳои он растохези забони форсӣ ва ба вуҷуд омадани ҳамосаи бузурги миллии Эрон, яъне “Шоҳнома” ба дасти Фирдавсӣ гардидааст, дар ҳоле ки Ибни Сино ва Берунӣ шоҳкориҳои фикрии худро ба забони арабӣ тадвин мекунанд. Ду забони ноҳамреша – форсӣ ва арабӣ дар даврони исломӣ бо ҳам пайваста ва аз лиҳози фикрӣ ва фарҳангӣ омехта шуданд.

Дар асри ХӀV Темури ланг ба Хоразм ҳуҷум оварда, қатли ом кард ва боқии мардумонро ба тарафи Бухоро ронд. Дар натиҷаи ин хурӯҷу куштору ғоратҳо нуфуси мардуми муқими Хоразм кам шуда, забони онҳо бо маданияту забони омадагон муқовимат кардан натавонист. Бо ин ҳол ҳам дар он ҷо то охири асри ХӀХ ва оғози асри ХХ бо забони форсии тоҷикӣ сухан мегуфтанд ва шеъру адабиёт ба вуҷуд меоварданд. Аммо ҷараёни маҳдудият ёфтани забони форсӣ хеле барвақт шуруъ шуда ва бо ҳаводиси бузургу мудҳиши таърихӣ вобаста аст. Забони форсии тоҷикии имрӯза ба ҳайси намояндагӣ аз забони тоҷикони саросари Осиёи Марказӣ намояндагӣ мекунад. Вай намуна аз гӯиши тоҷикии тоҷикони Қирғизистон, Қазоқистон, Туркманистон ва махсусан Ӯзбекистон аст. Ин забон бо забонҳои суғдӣ (имрӯза яғнобӣ), язгуломӣ ва соири забонҳои помириро ҳамроҳ ва дар паҳлу дорад. Дар таҳқиқи рушди имрӯзаи забони форсии тоҷикӣ намояндагони ҳамаи тоҷикони кишварҳои мазкур дирӯзу имрӯз ширкат доштанд ва доранд. Забони китобии имрӯзаи форсии тоҷикиро Садриддин Айнӣ, Деҳотию Зеҳнию Рахъим Ҳошим ва даҳҳо намояндагон аз Самарқанду Бухоро, Улуғзода аз Намангон ва ҳатто Лоҳутию Ализода ва Баҳром Сирус барин касон аз Эрон ва дигарон бунёд гузоштаанд. Хушбахтона имрӯз забони тоҷикӣ мавқеи забони давлатӣ ва расмиву дафтардориро дорад, аммо забони расмии адабии тоҷикӣ ба кадом гӯйиш ё гӯйишҳо такя дорад, посухи дақиқ гуфтан душвор аст. Дар замони нав, бо вусъати ахбори омма, афзудани саводнокии мардум, инкишофи мактабу маориф забони адабӣ рӯй ба демократӣ шудан ниҳод ва сурати гуфтории он ба гуфтори омма қаробат ва наздикӣ ҷуст. Дар чунин вазъият гӯйиши омма, ки сохти гуфтории забон ба он такя мекунад, бо ривоҷи маориф дар ҷомеа ба сатҳи болотар расида, ба забони адабӣ наздик ва бо он ҳамоҳанг мешавад. Баъзе ихтилофҳое, ки дар забони мо дар сохти вожагонӣ ва сарфию наҳвӣ миёни забони гуфтор ва забони адабӣ мавҷуд аст, эҳсоси номутаносибӣ медиҳад ва сабаби норизоӣ дар қишрҳои илмӣ ва фарҳангии ҷомеа мегардад. Баъзеҳо аз истифодаи вожаҳою таркибҳои бо таъсири дигар забон сохта шуда ё аз ҳамин гуна воҳидҳои камистеъмоли лаҳҷаҳо қабули мустақими тарҷумаи вожаю таркибҳои нав иҳтироз мекунанд. Дигарҳо ба истеъмол баргардонидани калимаю таркибҳои китобии муддате аз истифода бозмондаро амали нолозим, кӯҳнапарастӣ медонанд.

Ёдовар мешавем, ки забони ҳазорсолаи мо забони илмӣ ва фарҳангӣ аст ва забони гуфтору навиштори имрӯза бояд ба фарогири ҳамон қабатҳои ҳазорсолаи фарҳангӣ ғановат ёфта, ҳусну зебоӣ ва умқи маънӣ бигирад. Содагии омиёнаи забон ишора ба гусастагӣ аз суннатҳои илмӣ ва фарҳангии забонӣ медиҳад ва барои гӯшу ҳуш гуворо нест. Барои такомули забони адабӣ мутобиқи сатҳи имрӯзаи инкишофи ҷомеа истифодаи он дар ҳамаи соҳаҳои муомилоти иҷтимоӣ, сиёсӣ, маъмурию хоҷагӣ, ҳарбӣ, илмию фарҳангӣ ва дар гӯиши ом аз боло ба поён, дар ҳамаи қишрҳои иҷтимоӣ лозим аст. Камбудиҳои забонии дар аҳди шӯравӣ пеш омада аз истифодаи маҳдуд дар бисёр соҳаҳо ва ҳатто қатъ карда шудан иборат буд.

Дар замони истиқлол давлат ба ҳидояти Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамин маҳдудиятро бардошт. Дар ин марҳила барои пешрафту такомули забон як ҷаҳиши умумии илмӣ ва фарҳангӣ лозим буд ва кишвар рӯй ба ҳамин гуна инкишоф ниҳод. Ба назари мо, соле як бор ҳамоиши илмӣ ҷиҳати таҳлилу баррасии вазъи забон, қабулу радди вожаю таркибҳои наву суннатӣ, бахусус ошкор намудани камбудиҳо дар забони васоити ахбор, забони расмию маъмурӣ ва дигар соҳоти забонӣ баргузор намудан лозим аст. Ба чунин ҳамоиш донишмандон ва форсизабонон аз кишарҳои дуру наздик даъват шаванд, зеро олимони хориҷӣ ба вазъи забонии кишвари мо аз мавқеи таърихӣ ва имрӯза таваҷҷуҳ бештар доранд. Ҳамчунин донишмандони риштаҳои забоншиносии мо, ки миқдорашон хушбахтона кам нест, ба пажӯҳиши таърихи забон ва қавоиди назарию дастурии он маҳдуд нашаванд ва ба амалияи забон ислоҳи камбуду норасоиҳо ва хатоҳои замонӣ бештар эътибор диҳанд, зеро ин як бори масъулияти виҷдонии мову онҳост.

Шарипова Фарангис,
иҷрокунандаи вазифаи профессори кафедраи таърихи забон ва типологияи ДМТ

ҚаблӣШеър дар васфи БАХОР
БаъдӣИншо дар бораи Навруз